Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ соли 2024-ум дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 16 км роҳ бо харҷи 6 миллиону 749 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода ба “Фараж” хабар дод, ки таваҷҷуҳи соҳибкорон ба таъмири роҳҳо зиёд буда, дар доираи ҷашни 35-солагии солагии Истиқлоли давлатии кишвар,  онҳо соли гузашта дар 8 ҷамоати ноҳия 16 км роҳҳои харобгаштаи маҳаллиро пурра аз таъмири ҷорӣ бароварданд.

Ӯ гуфт, ҳамчунин аз ҳисоби онҳо даҳҳо км роҳ сангфаршу пулҳо навсозӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, аз буҷети ноҳия барои таъмирии роҳҳои маҳаллӣ дар ин сол ним миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо ин маблағ як қисмати роҳҳои вайрона  таъмир шуданд.

– Аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар низ соли гузашта 556 ҳазор сомонӣ  ба идораи онҳо равона карда шудааст, – илова кард ӯ ва гуфт, ки дар мувозинаи идораи онҳо 34, км роҳҳои байналмилалӣ, 16 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 178,4 км роҳҳои маҳаллӣ, 200 км роҳҳо ва кучаҳое мебошад, ки дар тавозуни муассиса нестанд ва 100 пул бо дарозии 1458 метр ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь