(ёде аз журналисти тоҷик Зайниддин Муҳиддинов)

Ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигории журналистон ба бисёр гурӯҳу созмонҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб ва иғвогару ифротӣ маъқул нест ва онҳо, бо истифода аз фишору зӯрӣ ва зулму истибдод  бар зиддашон амал мекунанд.

Дар таърихи муосири ватанамон ин нукта собит шудааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро барои бастани даҳони журналисти асил ва ҳақиқатнигор “тадбирҳо” меандешанд, то ин ки воқеият ва махсусан, симоҳои хашину муғризу иғвогарашон ошкор нагарданд.  Таҳқиру тавҳин, латукӯб ва ҳатто террори журналистони асили дунявӣ, ки аз воқеият  ва ҳақиқат дифоъ намуда, бар зидди хушкандешию таассуби мазҳабӣ мубориза мебаранд, аз махсусиятҳои фаъолияти созмонҳои ифротӣ ва хусусан ташкилоти террористии наҳзатӣ буда ва ҳаст.

Қатлу озор ва террори журналистон усули маъмулии муборизаи созмони экстремистии наҳзатист. Мисолҳои рӯшан аз қатлу фишори наҳзатиҳо алайҳи рӯзноманигорон зиёданд. Яке аз қурбониёни террори наҳзатӣ журналисти забардаст, нексиришт ва ватандӯст Зайниддин Муҳиддинов мебошад.

Журналисти боистеъдоду асили тоҷик Зайниддин Муҳиддинов 15-уми январи соли 1950 дар деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ ба касби журналистӣ дил баста буд ва эҷод мекард. Баъд аз хатми донишгоҳ  ҳаёту фаъолияти худро ба пешаи журналистӣ бахшид. Фаъолияти ӯ воқеъбинона буда, ҳамеша барои инъикоси ҳақиқат ва тантанаи адолат кӯшиш мекард. Хислатҳои неки  инсонӣ, касбияти баланд ва адолатҷӯию ҳақиқатнигориаш буд, ки Зайниддин Муҳиддиновро ба вазифаи пурмасъулияти сармуҳаррири ҳафтаномаи «Насими айём» таъйин карда буданд ва то лаҳзаи охирини умраш дар ин вазифа ба мардум хизмат мекард.

Ӯ ба сифати рӯзноманигор он матолиберо дар матбуот мунташир месохт, ки аз воқеияти рӯзгору зиндагии миллӣ  бармеомад. Вай дар робита бо масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва соири мушкилоти мардумӣ гузоришу мусоҳибаҳо ва матолибу мақолаҳои ҷолиби публитсистӣ интишор мекард.

Ин журналисти асили миллӣ бар мабнои донишу биниш ва собиқаи зарурии рӯзгор хуб дарк карда буд, ки ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле боздорандаи инкишофу тараққиёт аст ва зиёда аз ин, абзори шикасту заволи фикрию эҷодии ҷомеа маҳсуб меёбад. Мубориза бо неруҳои тахрибкор, мутаассиб ва хурофотӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист барои рӯйи даст гирифтани қудрати сиёсию низомӣ фурсатшуморӣ мекарданд, аз авлавиятҳои кори рӯзноманигорӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Зайниддин Муҳиддинов ба шумор мерафт. Ӯ то вопасин лаҳзаҳои   зиндагӣ дар миёни мардум буд, барои Ватану миллат хизмат мекард ва саранҷом дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ ҷон бохт.

Зайниддин Муҳиддинов 14-уми марти соли 1995 аз ҷониби дастаи қотилони аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз хонааш бо зӯрӣ бароварда шуда, дар соҳили дарё аз пушташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба ҳалокат расонида шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангини террористони наҳзатӣ бо супориши бевоситаи саркардаи хунхору худхоҳашон содир шудааст.

Бо қатли ин журналисти варзида ва миллатдӯст қотилони хиёнаткори  наҳзатӣ мехостанд, ки тарсу ҳаросро дар ҷомеа, хусусан дар байни зиёиён ҷой кунанд ва мардумро таҳти тасаллут қарор бидиҳанд. Хато карданд, зеро рӯҳи бебок ва созандаи миллати тоҷик оқибат  бар ҷаҳлу хурофот пирӯз гардид. Мардуми тоҷик бар ин неруи аҳриманӣ ғолиб омад. Садҳо журналисту зиёии дигари тоҷик ба майдон омаданд, корномаи Зайниддин Муҳиддиновро идома доданд ва дар муқовимат бо ифротиёни наҳзатӣ пирӯз гардиданд.

Хотираи неки Зайниддин Муҳиддинов дар қалбҳои мардуми тоҷик абадӣ боқӣ мемонад.

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ, номзади илмҳои филология

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь