Дуруд дӯсти шоирам!

Номаи ҷавобии Шумо маро ҳам шод кард ва ҳам ба гирдоби андешаҳо кашид. Барои он шод шудам, ки ниҳоят ба номаам баъди як ҳафта посух додеду хурсанд шудам, ки аз ман наранҷидаед. Ба доми андеша афтиданам аз он ҳисоб буд, ки ин бор маро мақсади маро дарк накардаед, ё дарк кардаеду умқи андешаи маро ба хостаи хеш мувофиқ кардаед.

Дӯстам!

Ман ҳам аслан аз танҳоӣ наметарсам. Баръакс, замоне ин таронаро дар китоби “Санге ба гӯри Лайлӣ” навишта будам:

“Ман намедонам, чаро мардум вожаҳоеро чун танҳоӣ, хилват, гӯшанишинӣ ба маънои манфӣ ба кор мебаранд. Ин амали шахсоне аст, ки муроди эшон аз зиндагӣ, ҷуз аз бо мардум будану ғуссаи хешро ба сари эшон бор кардан, дигар чизе нест. Дар пайраҳаи рӯзгор ин тойифа мардум ҳамеша кӯлборашонро ба китфи ҳамсафари хеш  дода, лаққидалаққида аз паҳлӯи ин «хари борбардор» қадам мебардоранд ва аз танҳоиву хилват мисли бало метарсанд, зеро танҳо рафтану барои хеш ранҷ  кашидан, пешаи мардони раҳ будааст на пешаи ҳар тарсуву буздил.

Аммо, мардуми ситоишгари хилвату танҳоӣ бо дарки воқеии зиндагӣ, ҳамеша бори хешро ба дӯши хеш доштаанд ва ҳарчӣ дар тараннум гуфтаанд барои худ ва дили худ гуфтаанду ҳаргиз аз табақаи нотавонону оҷизон набудаанд. Мафҳуми «нотавону оҷиз»ро ба гардани эшон ҳамон хостгорони рӯзгори пурмағали тарсон аз танҳоӣ бор кардаанд”.

Яъне, аслан ман ҳарчанд мехоҳам дод занам ки “дар миёни издиҳоми халқ танҳоям Худо” вале аз ҳисса кардани ин бор, аз тақсими танҳоӣ метарсам!

Медонам, чаро мепурсед Шумо?

Барои он ки ман чунин бовар ҳосил кардаам, ки дигар ба ин қалам, ба ин мардум, ба ин ҷомеа, ба ин муҳит истеъдод лозим нест! На-на, ман намегӯям, ки ман истеъдод дорам, балки дар мисоли ҳазорон ҳазор дидааму хондааму шунидаам, ки ҳамеша беистеъдод болонишин будааст, тақдирсозу тақдирсӯз будааст! Ва медонед аз ҳама аҷибаш чист? Ана ҳамин Абӯзироъаҳое, ки Рӯдакиро кӯр карда буданд, ана ҳамин бесаводаконе ки таърих месозанду таърих месӯзанд, ана ҳаминҳое, ки “мо сар ҷунбонем, онҳо шикам меҷунбонанд”, ана ҳаминҳое ки ҷуз ҳарфи шикам андешае надоранд, имрӯз ҳам зиндагӣ месӯзанду зиндагӣ месӯзанд!

Ана маро чӣ азият медиҳад! Ҳанӯз айёме, ки фақат аз романтика мегуфтаму дарди дилро ба қолаби тарона меғунҷонидам, навишта будам:

 “Медонед чаро Истеъдод дар танҳоӣ мемирад?

Медонед чаро Истеъдод дӯст дорад танҳо ба хотири Истеъдод аз издиҳом мегурезад?

«Ман»- и хеш бигӯяд ва барои «Мани хеш бикӯшад?

Бидонед, ки Истеъдод ҳамеша душмани сарсахти издиҳом будаасту бошад. Ин издиҳоми беҳунаракону танпарастон, морбачаҳои заҳрдори беистеъдодиву номардӣ ҳаргиз ситоишгари Истеъдод набудаанду нестанд.

Ҳамеша Истеъдод аз эшон ба ҷангалу кӯҳ, биёбони ҳасраткадаҳои танҳоиву ҷунун бигрехтаасту бигрезад. Зеро, истеъдод қадри хешро медонад ва ҳаргиз дунболаи он надавидаасту надавад, ки ин ганҷи худододаро зери пойи беҳунару бефарҳанг  хор созад.

Аз мору кирмҳои қабристон бипурсед ва эшон ба Шумо аз Истеъдодҳои ниҳон дар зери хок қисса хоҳанд намуд”.

Ана ин аст ҳадафи ман! Вагарна натанҳо ман, балки ҳазорон ҳазори дигар ба марги тадриҷӣ маҳкум шудаанд!

Бовар дорам ин бор маро фаҳмидед дӯстам!

То номаи оянда, худо нигаҳдор!

 Боз ҳам Шуморо нафаҳмидам

Дуруд Хуршедшоҳи арҷманд!

Фикр мекунам боз ҳам Шуморо нафаҳмидам. Чун “Танҳоӣ” ва “Танҳоӣ 2”-атон бароям чизеро ба ҷуз танҳоӣ, рӯшан накард.

Аммо, аз истеъдодро ба танҳоӣ рабт доданатон хушам омад.

Танҳоӣ чист ва истеъдод чӣ гуна аст? – аввал бояд ба ин суол посух ҷуст.

Танҳоӣ аз нигоҳи ман як хусусиятест, ки ба ҳама ашёҳо ва парандагону чарандагону дарандагону набототу инсонҳо хос аст. Ба ин мазмун, ки аз яккачинору яккатуту яккасаройу гурги яккаю якчашмаю якдастаю якпояю балою батари дигар маълум мегардад, ки ба ҳамин мафҳуми танҳоӣ бешу кам муносибат доранд.

Аммо, истеъдод хоси инсон аст. Албатта хоси на ҳама инсон. Инсони баистеъдод аз дигар одамон маҳз ба хотири истеъдодаш фарқ мекунад. Инсони баистеъдод, (агар истеъдодаш фитрӣ бошад,) раҳмдил, боандеша, ростгӯй, ҳақиқатпараст, ҳақҷӯ, ҳақгӯ, пандшунав, ботаҳаммул, нармрафтору хушгуфтор мешавад.  Ҳамин аст, ки баробари дидани он ки аз навиштаҳояш, аз гуфтаҳояш, аз панду андарзаш, аз рафтору кирдораш дигарон панд намегиранд, меранҷад. Худашро танҳо ҳис мекунад, азоби рӯҳӣ  мекашад. Ба дод меояд, фарёд мезанад, қаҳр мекунад, ҳатто ба худкушӣ даст мезанад, то бо ин “одамакони лаби ҷӯ” дучор наояд.

Ҳамин аст, ки Шумо мегӯед: Ҳамеша Истеъдод аз эшон ба ҷангалу кӯҳ, биёбони ҳасраткадаҳои танҳоиву ҷунун бигрехтаасту бигрезад. Зеро, истеъдод қадри хешро медонад ва ҳаргиз дунболаи он надавидаасту надавад, ки ин ганҷи худододаро зери пойи беҳунару бефарҳанг  хор созад”.

Хории истеъдоддоштагон ҳанӯз аз даврони қадим шурӯъ шудааст ва то ҳол идома дорад. Ин раванд, яъне хор шудану хор будани истеъдод дар ҳама давру замон ва сохтҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасидааст. Аз ҷамъияти ибтидоӣ сар карда, чӣ дар даврони капитолистию сотсиалистию демокротӣ арзи  вуҷуд доштааст. Агар Шумо ҳам мисли ман идеолист бошед, мутмаинам, ки дар дар оянда низ, дар афкору осоратон аз истеъдоддоштагон қадр карданро ба сарандаркорон пешниҳод мекунед, чи тавре, ки дар таронаҳоятон мекардед. Аммо ин пешниҳодҳо низ ба дарди касе намехурад ва агар ҷилд-ҷилд  китоб ҳам нависем, танҳо дар рӯйи коғаз мемонаду бас.

Ин издиҳом боз ҳам саҳар мехезаду дасту рӯй мешӯяд, наҳорӣ мекунад, ба кор меравад, хӯроки нисфирӯзӣ мехурад, бегоҳ ба хонааш бармегардад, бо зану кӯдакаш менишинад ва навиштаҳои ману Шуморо мехонаду мегӯяд : аҳмақ! Ва боз ҳамин тур зиндагӣ мекунад.

Вақте, ки “танҳоӣ”-атонро хондам ба хотирам расид, ки Шумо бояд дар рӯзҳои наздик чаҳор-панҷ китоб чоп мекардед.  Аммо ба дасти ман як китоб расид, ки ҳамон ҳам бесоядаст аст.

Боқӣ саломату сарбаланд бошед, дӯстам!

Абдувоҳид

P:S  “Гули ишқ ва зодаи ашк”атон як кори савоб аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь