Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи анъанаҳои қаблии сурудҳои эстрадӣ, рушди сурудҳои муосир ва барои эҳтироми ёди ҳунарпешаи шоистаи кишвар, устоди зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддин озмуни “Як ханда кун эй гул“-ро моҳи марти соли ҷорӣ эълон намуд.
Бо шунидани ин эълоннома, моро ба ёди суруду оҳангҳои марғубу дилнишини овозхони номӣ Тоҷиддин Муҳиддин бурд. Аз ин рӯ, мо хостем аз ҳаёт ва эҷодиёти устоди зиндаёд бо духтарашон сӯҳбат анҷом диҳем.
-Салом апаи Парвонабону! Мегуфтед айни замон озмун таҳти унвони “Як ханда кун эй гул” чӣ гуна пеш рафта истодааст?
– Ҳоло озмун дар сатҳи оғозшавӣ аст. Суруди “Як ханда кун эй гул” дар дунё машҳур шудааст. Барои аз сари нав зинда намудани сурудҳои мондагори падарам вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода ин озмунро роҳандозӣ карданд. Дар ин озмун нафароне, ки завқи баланди сурудхонӣ доранд, дилхоҳ суруди падарамро зам-зама намуда, ба саҳифаи телеграми озмуни “Як ханда кун эй гул” равон карда истодаанд. Аллакай зиёда аз 30 нафар мухлисон аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ба саҳифаи телеграм – озмуни “Як ханда кун эй гул” сабти телефонии худро равон кардаанд. Озмун 1-уми июн ҷамъбаст мегардад, то он замон шояд аз дигар мамлакатҳо ҳам иштирок кунанд.
-Дар репертуари падаратон сурудҳои ҷовидонӣ зиёданд. Бештар кадом сурудашон ба шумо писанд аст?
-Падари ман чи асарҳои мусиқие, ки офаридаанд, чи оҳангу сурудҳое, ки эҷод кардаанд, ба ман писанд аст. На танҳо сурудхонии он кас, балки суханронии он кас ба ман маъқул буд.
-Дар як мусоҳиба шумо гуфтед, ки суруди “Як ханда кун эй гул” ба шумо бахшида шудааст...
-Бале, 15 сол пеш аз ин ба аҳли хонавода, дӯстону рафиқон мегуфтам, ки суруди “Як ханда кун эй гул”-ро падарам барои ман сароидаанд.
Шабе падарам аз як маъракае меоянд ва ман аз дарди дандон дар утоқи кориашон гиря карда истода будам. Ҳамон шаб маро ба назди духтур бурда, дандонамро мекананд.Вақте падарам гиряи маро мебинанд, дилашон реш мешавад. Ба ҳамин хотир аз китоби дар рӯйи миз буда, матни шеъреро интихоб мекунанд, ки дар он ҷумлаи “Як ханда кун эй гул “, ибораи “Ғунча даҳон”-ро мебинад.Ҳамон шаб ба ҳамин шеър оҳанг эҷод мекунанд. Аслан, дар матни шеър калимаи “Пистадаҳон” навишта шудааст.Вале падарам калимаи “Пистадаҳон”-ро ба калимаи “Ғунчадаҳон ” иваз мекунанд. Соли 1994 ин сурудро дар телевизион сабт мекунанд.Матни шеър ба шоири маъруф Олимхон Исматӣ тааллуқ дорад. Пас аз чандин солҳо писарашон бо мо дар тамос шуда буданд.Падарам мегуфтанд, ки рӯзе бо ҳамин суруд фахр карда мегӯӣ, ки ин сурудро падарам барои ман эҷод кардаанд.
-Падари шумо бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доштанд?
-Падарам бо бастакорон Қудратулло Яҳёев ва Дамир Дустмуҳаммадов ҳамкории зич доштанд. Сабку услуби хониши падарамро дарк мекарданд.Онҳо оҳангҳое эҷод мекарданд, ки падарам дар сатҳи олӣ месароиданд.
-Пеш аз дар ансамбли овозадори “Гулшан” кору фаъолият кардан, аввалан падаратон дар Филармонияи давлатии ба номи “Акашариф Ҷӯраев” аллакай овозхони маъруф буданд.Чи хел шуд, ки Орифшоҳ Орифов падаратонро ба ҳамин ансамбл даъват намуданд?
-Вақте, ки Орифшоҳ Орифов сурудхонии падарамро тамошо мекунанд, падарамро ба кор даъват мекунанд. Орифшоҳ Орифов ба падарам мегӯянд,ки “ҷои ту фалаксароӣ нест, ҷойи ту эстрада хондан аст”.
-Падаратон маънии зиндагиро дар чӣ медиданд?
-Падарам модарашонро хело дӯст медоштанд. Фарзандӯстдор, духтардӯстдор буданд. Дар соҳаи мусиқӣ талош доштанд. Мусиқиро дӯст медоштанд. Нисфи умрашон дар барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ сипарӣ шуда буд.
-Шумо эркаи падар будед. Ба Шумо чӣ насиҳатҳо мекарданд?
-Падарам инсони нозуктабиат буданд.Ҳар хел хӯрокро намехӯрданд. Ба тозагии либос, хона, пойафзол аҳамият медоданд. Ман ҳам як рафтори падарам дорам, ки ба пойафзолҳоям диққат мекунам. Падарам нисбати модар, бародаронашон, хоҳаронашон, духтаронашон меҳру муҳаббати беандоза доштанд. Нисбати ҳар яки мо меҳру муҳаббат доштанд, ки аз якдигар фарқ мекарданд.Дар ин умри кӯтоҳ ин қадар меҳру муҳаббат доштанд, ки то ҳоло дар ягон мард надидаам.
Ман хурд будам, ки падарам аз дунё гузаштанд. Фикр мекунам, ки ҳар як падар орзу дорад, фарзандонро ба воя расонад, чашмашон сер бошад, тарбияи хуб дошта бошанд, соҳиби маълумот кунанд, хонадор шаванд. Дар айёми пирӣ вақти худро бо наберагони ширинрӯй гузаронанд. Афсус,ки умри кӯтоҳ доштанд, дар боло лозим будааст,ки ҳамачиро ба субот расонаду, равад.
-Дӯстони наздики падаратон киҳо буданд?
-Падари ман дӯстони зиёд доштанд. Амаки Ҳабибулло, ки дӯсти падарам буданд, то ҳоло бо он кас рафтуомад дорем. Амаки Ҳабибулло мухлиси ашадии падарам ҳастанд ва ҳар сол рӯзи мавлуди падарамро дар хонаашон ҷашн мегирад. Рӯзи даргузашти падарамро низ ёдбуд мекунанд.Бо мусиқачиён акаи Баҳриддин, акаи Музаффар дӯсти самимӣ буданд.Бо табиб (акаи Юсуф), амаки Нурулло рафтуомад доштанд.То ҳозир дӯстонашон ёд мекунанд. Ин гувоҳи он аст,ки падарам инсони хуб буданд,ки дӯстони сершумор доштанд.
–Ҳолате буд, ки шумо бо аҳли хонавода дар барномаи консертии падаратон иштирок карда бошед?
-Бале, охирон маротиба с.1991 падарам дар Кохи “Борбад” бо овози зинда барномаи консертӣ барпо карда буданд ва мо аҳли хонавода иштирок карда будем.
Тӯли 28 соле, ки падар бо мо нестанд, бо хешу табор дар филармонияи халқии шаҳри Ҳисор, рӯзи зодрӯз ва даргузашташонро ҷашн ва ёдбуд мекунем.
-Дар саҳифаи иҷтимоии “инстаграм” акси падару модаратонро гузоштед. Кадом сол ин акс гирифта шудааст?
-Ин акс аз соли 1969 аст. Модарам низ аз аҳли санъат буданд, дар ансамбли “Лола” дутор менавохтанд. Вақте падарам барои кору фаъолият ба филармония меоянд, модари соҳибҷамоламро дида, ошиқ мешаванд. Падарам дар синни 17 солагӣ туй барпо мекунанд.
-Суруди “Анор анор”-ро падаратон бо ҳайати гурӯҳи ансамбли “Гулшан” сароидаанд. Ҳозир мебинем, бархе аз сарояндаҳо аз ҷумла сарояндаи маҳбуб Шабнами Сурайё сурудро бозхонӣ намудааст.Чӣ назар доред?
-Шабнами Сурайё ин сурудро хуб сароидаанд, чунки овози маҳин доранд. Ҳолате ҳаст, ки мехоҳем сурудҳои падарро бозхонӣ кунем, ба оҳангҳояшон навгонӣ ҷори созем, вале хуб намебарояд. Ҳамон 30 – 40 сол қабл оҳангҳо то ҳозир ширин, замонавӣ ҳастанд. Фикр мекунам,ки 100 соли оянда тағйир надода хонем кӯҳна намешавад.
– Чӣ хотироти хуб доштанд аз сафарҳояшон?
-Дар ёд дорам, вақте падарам ба давлатҳои Полша, Чехославакия ва ба Эрон мерафтанд, тӯҳфаҳои зебо меоварданд.Дар хотир дорам аз Полша туфлиҳои пошнадор ва бозичаҳои аҷоиб оварда буданд. Ҳине, ки ба Эрон сафар карда буданд,ман мактаббача будам. Аз онҷо пироҳанҳои шинаму зебо оварда буданд.
-Дар хавлии падаратон осорхона бунёд карда истодаед, таъмир чӣ тавр рафта истодааст?
-Рости гап, аз моҳи октябр то инҷониб сохтмон идома дорад. Қариб, ки 1 моҳи дигар идома хоҳад ёфт. Пас аз бунёди осорхона, бо иҷозати Вазорати фарҳанг як шаби эҷодӣ барпо хоҳем кард. Ёру рафиқонро даъват мекунем.
-Ташаккур, ки хоҳиши моро рад накарда, сӯҳбати хотирмон намудед.
-Саломат бошед!
Маҳина Орзуева, “Фараж”