Дуруд Абдувоҳид!
Инак, бӯйи баҳор мерасад.
Ин субҳ равзанаро боз кардаму чаҳ-чаҳи булбул ба гӯшам расид. Бӯйи баҳор меояд…
Дар сарам ҳазор хаёл дар атрофи калимаи “тақдир” андешидам. Намедонам, бист сол муқаддам дар ин рӯз аз чӣ меандешидам, вале ҳоло кӯшиш дорам то роҳи дар бист сол паймудаамро бо ҳама ҷузъиёт ба ёд орам. Вале, наметавонам. Зиёд лаҳзаҳо ба коми фаромӯшӣ рафтаанд, ман бист сол пеш дар синни бисту ҳафт будам, ин тирамаҳ ба синни панҷоҳу ду қадам мезанам.
Гӯиё дирӯзакак буд, ки дар сар ҳавои ташкил додани аввалин маркази тадқиқоти журналистӣ дар ҳудуди Осиёи Миёнаро доштам. Мехостам аввалин бошам, таъриф шунавам, аз чизе андеша ҳам намекардам, аз мушкил намеҳаросидам. Инак аз он давра бисту панҷ сол мегузарад…
Ҳоло чӣ? Ҳоло дигар он қуввати ҷавонӣ нест, он давидану шикастану аз нав сохтану боз шикастан нест. Маркази тадқиқоти журналистӣ ҳам “пир” шуд, дигар жанри тадқиқоти журналистӣ ҳам ба ном вуҷуд дорад. Гоҳе аз он меандешам, ки бист соли умрамро беҳуда гузаронидаам, ба бисёр нақшаҳои дигарам хати батлон кашидаам, бисёр чеҳраҳоро нав мешиносам, аз бисёр камбуду хатоҳоям нав бохабар мешавам.
Аммо медонед Абдувоҳид? Ин саҳву хато, ин бурду бохт, ин шикастану сӯхтанҳо пораи зиндагии ман ҳастанд. Ман наметавонам онро бурида партоям. Бурраму аз нав дарбеҳ кунам, дӯстони рӯзгоре доштаамро аз он берун кунам, сӯзаму созам. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ ки:
Эй хати тақдири ман, охир чӣ сон кӯрат кунам?…
Ин гуна меандешаму бисёр мехоҳам назари шуморо фаҳмам, ки оё мо ҳуқуқ дорем, ки зиндагиамонро, рӯзгори сипарӣ кардаамонро ба коми фаромӯшӣ супорем?
Оё ҳуқуқ дорем, ки онро тарошидаю сиёҳашро ҷудо кунему партоем?
Чӣ андеша доред? Ба тақдиру тақдирҷунбон бовар доред?…
Бо арзи сипос Хуршед
Ҳуқуқ
Дурудҳо ба Хуршеди гиромӣ!
Номае бо номи “Тақдир”-атонро гирифтаму хондам. Хондаму ин қадар таъҷиливу ба дард навиштанатонро дарк намудам.
Ба баҳори нав расидан худ як соли дигари умрро пушти сар кардан аст. Дар ҷавонӣ ҳис намекунед, ки кай баҳор омаду кудом вақт тирамоҳ фаро расид. Инак, чанд баҳор мешавад, ки ман ҳамин ҳолати Шуморо дорам. Аз гузашта фикр мекунам. Пеши худам лаҳзаҳои зиёди умри гузаштаро ба тарозуи ақл бармекашам. Бештари умри гузашта хотираҳои хубу хушу хуррамиву хурсандӣ будааст. Ними дигараш мотаму сӯгу ғами ёрону дӯстону наздикон будааст. Пораҳоеро, мехоҳам аз лавҳи хотир маҳв созам. Ё ба гуфтаи Шумои арҷманд: “ Ин саҳву хато, ин бурду бохт, ин шикастану сӯхтанҳо пораи зиндагии ман ҳастанд,” ки намешавад бурриду ба зуволадон андохт!
Андеша мекунам, ки дар кӯдакӣ, дар наврасӣ, дар ҷавонӣ, дар баъд аз ҷавонӣ ва инак дар сари пирӣ ҳиҷ кори шоистаи таҳсин накардаам. Хайр аст, агар ду – се китоб чоп кардааму ду – се шеъраки нимхому нимпухта гуфтаам ва худамро Шоир ҳисобида бошам. Аммо чунин набудаасту нест. Ман аминам, ки ман ҳаминам, ки Шумо медонеду худам ҳам дар назди виҷдонам ва Худо сархаму малӯл набудаам. Ва то ҷое, ки ман медонам Шумои гиромӣ низ кӯшишҳо ба харҷ додаед, ки як кори хубе барои ин ҷамъият ва ин мардум карда бошед. Кушодани МТЖТ, “Фараж”, “Ману Ту”, “Гол”, “Самак”…
Ҳар сол шогирдони зиёдеро бе миннат дарси рӯзноманигорӣ омӯхтан, бо матолиби зиёд дар баробари камбудиҳои рӯзгор баромад кардан, нафарони зиёдеро ба кор таъмин кардану маош додан ва дилсӯхтану дилсохтанҳои дигар инҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки умрро ба беҳуда нагузаронидаед!
Гуфтаед: “Оё ҳуқуқ дорем, ки онро тарошидаю сиёҳашро ҷудо кунему партоем?”
Ҳуқуқшинос нестам. Аммо ҳуқуқҳои худро донистани ҳар фард зарур будааст. Агар ҳуққуқи маънавиро дар назар доред, албатта ки мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба гузаштаи худ хати бутлон занем.
Боқӣ, дар паноҳи яздон бошед.
Бо эҳтиром Абдувоҳид