“Разилқассоб, авбоштоҷир, беимон, лаънатиҳо, илоҳо дар касалии саратон истифода баранд нархи мондаатонро, хок дар даҳанатон, лаънатиҳои ҷаҳаннамӣ»…
Ҳамаи ин сермаъмултарин ибораҳое мебошанд, ки дар моҳи Рамазон нисбати тоҷирон дар расонаҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бозорҳо аз ҷониби харидорон гуфта мешавад.
Шояд касе ба мисли тоҷирони мо моҳи Рамазонро бо чашмони чор, ҳамчуноне ки дилбарон роҳи ҷавонони ба муҳоҷират ё хидмати сарбозӣ рафтаашонро мепоянд, интизор нашаванд.
Нахандед! Рост мегӯям… Ҳарчанд ҳар сеюмин фурӯшандаҳо ҳоҷӣ ҳам ҳастанд, вале интизории онҳо аз ин моҳ ба хотири тоату ибодат нест! Барои он аст, ки онҳо метавонанд дар ин як моҳи дароз чӣ маҳсулоти хӯрокворие, ки захира кардаанд, бо нархи дучанду сечанд фурӯшанду аз ҳисоби мардуми эътимод ба инсофи онҳо дар ин моҳи шариф дошта фоидаи муфт ба даст оранд.
Онҳое, ки солҳои гузашта даромади бисёр ба даст овардаанд ва эҳтиром ба манфиати хеш ва ҷайби хешро аз ҳама чиз боло мегузоранд, аллакай пешакӣ барои савдо дар моҳи Рамазон захира кардаанд, то маҳсулоташонро маҳз дар ин моҳ гаронтар ба фурӯш гузошта, фоидаи зиёде ба даст оваранд. Ба посухи ин корҳояшон мардуми харидор онҳоро ба ибораҳои дар боло овардашуда “ёдоварӣ” мекунанд, ки ин ба фурӯшандаҳо аслан таъсири манфӣ намерасонад. Барои онҳо фарқ надорад, ки мардум чӣ мегӯянд… Гӯё дар ин моҳ чашмонашон нобино, гӯшҳояшон кар мешавад, худро нодидаю ношунида мегиранд. Аксар фурӯшандаҳои бозор бо вуҷуди он ки зиёрати хонаи Худо кардаанд, бо даҳони рӯзадор “савдо – савдо аст” гӯён, мардумро фиреб медиҳанд, як сомонӣ маҳсулоти қадрдоштаро даҳчанд мефурӯшанд ва боз болои фиреби мардум дурӯғ ҳам мегӯянд…
Мисол меорем, маҳсулоти аз ҳама серистеъмолтарин дар ин моҳ гӯшт мебошад ва қассобон чи гуна ва кай роҳи пулкоркуниашонро медонанд. Нархи гӯшт пеш аз Рамазон 30-33 сомонӣ бошад, бо даромадани ин моҳ якбора қимати онро ба 45-50 сомонӣ баробар мекунанд. Ба гуфтаи қассобон, агар дар ин моҳ баробари нархи пеш аз Рамазон гӯшт фурӯшанд, гӯё зарар медидаанд. Ин гуфтаҳо ҳам дурӯғе беш нест. Рӯирост ба мардумфиребӣ гузаштаанд. Эй тоҷирони рӯзадор! Шумо фиреб медиҳед, дурӯғ мегӯед ва мардум ба суханҳоятон бовар мекунанд. Вале худатонро чи гуна бовар мекунонед, ки рост гуфта истодаед? Пагоҳ дар он дунё чӣ посух медиҳед?
Баъзе масъулин худро савобҷӯ вонамуд карда, ярмаркаҳо ташкил медиҳанд… Вале арзиши ярмаркаҳои маҳсулоти ба намоишу фурӯш бароварда баробари нархи моҳҳои дигар аст… Боз як мардумфиребии дигар!
Барои пешгирӣ кардани масъалаи нарху наво дар ин моҳи муборак, дар бисёре аз кишварҳои дигари исломӣ қимати маҳсулотро паст мебаранд ва ҳар касе қиматро боло бубарад, мавриди накуҳиш қарор хоҳад гирифт. Аммо, дар Тоҷикистони мо чун ҳамеша “хурӯс дигар хел ҷеғ мезанад”! Овози ин хурӯси лаънатӣ кай мегирифта бошад? Ман намедонам. Оё Шумо медонед?
Сабрина ҒАФУРӢ, “ФАРАЖ”