Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ!

Дирӯз  шарҳи навиштаи Устод Ҳафиз Раҳмонро бароям ирсол кардаед. Имрӯз хондам. Шарҳи дигаре аз Устод Қироншоҳ Шарифзода низ он ҷо ҳаст. Инашро ҳам хондам.  Дар шарҳҳо сухан сари мавзӯи номаҳои мо ва вақт ёфта ба моҳигирӣ низ машғул шудан меравад.

Аз Устод Ҳафиз Раҳмон:  “То имкон ҳаст, номаҳоятонро мехонам… Орзу мекунам, ки ин жанр идома ёбад ва мавзуъҳо низ гуногун бошанд… Хуш ба ҳолатон, ки бо ин ҳама гирудори зиндагӣ боз ба моҳигирӣ низ вақт ёфт мешавад…” – ин шарҳи айнан нақлшуда аст.

Хуршедшоҳ!

Шумо барои моҳигирӣ рафтан вақт надоред, моҳигирӣ як тараф, ҳатто барои истироҳат вақт ҷудо намекунед. Агар ман имконияти харидани як автомашинаи урусисохти тамғаи “Нива”, ки барои ба кӯҳу пушта рафтан хеле мувофиқ асту нархаш сӣ ҳазор (30 000) сомонӣ аст, медоштам, албатта Шумою Устодон Ҳафиз Раҳмону Қироншоҳ Шарифзодаро ҳар вақти шикорравӣ ё моҳигирӣ рафтанам даъват мекардам. Мерафтему дар дашту дамани Ватан чодар мезадему истироҳат мекардему суҳбат мекардему ҳангома мекардем. Аммо пиёда ҳастам ва ҳар сафар то ба манзили мақсуд расидан азоб мекашам.  Ёру бародарон, шиносу ношиносҳо, тоҷирону мансабдорони медонистаи ман ҳимматашон барои сӣ ҳазор намерасад. Андеша дорам, ки Шумои азиз имконияти чунин кореро доред, аммо намедонам ба ҳиммати Шумо чашми кӣ расидааст?))

Ҷоиз медонам, ки шарҳи Устод Қироншоҳро низ биёварам:  – “Суҳбатҳои хубоғоз мутаассифона, ба суҳбатҳои “ШОҲ”-и саҳна бо Ҷумъахон (воқеан, журналисти хуб) аз маънавиёт сӯйи шикам ғелидан доранд…”  Оҳ ин шикам!  Ман бар онам, ки агар ғами шикам набошад, дар зиндагӣ  касе, ба гуфтаи халқ “оби шикамашро намеҷунбонад”. Ҳатто, ҳамонҷо  дар зершарҳҳое, ки бо Устод радду бадал шудааст, сухан “аз маънавиёт сӯйи шикам ғелидааст”.

Мехоҳам ба Устод Қироншоҳ номае нависам ва бигӯям, ки Устодҷон! Ҳамин ғами шиками худу зану фарзандону аҳли оила ҳаст, ки моро ба қаҳрамониҳо таҳрик мекунад, вагарна мешуд, ки “ризқи ҳаррӯза мерасад аз ҳақ” бигӯему кунҷи узлатро интихоб намоем.

Аслан, номанависии ману Шумо ба назари баъзе хонандаҳо, шояд як кори аҳмақонае намояд. Чун мо метавонем ин мавзӯҳоро дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ ҳаллу фасл намоем.

Мехоҳам бигӯям, ки “ хонандаҷон! Гули мақсуди мо ҷойи дигар мешукуфад!” Мавзӯъ муҳим нест. Муҳим ин аст, ки Устод Ҳафиз Раҳмон гуфтаанд: “.. ин жанр идома ёбад..”

Бо эҳтиром ва самимият

АБДУВОҲИД

БОЗ ШИКАМ!

Мо сар ҷунбонем, шумо шикам меҷунбонед…

Шикам таҷассумгари инсон шудааст

(Муҳаммадзамони Солеҳ)

Салому сад салом дӯсти шоирам!

Хурсанд шудам, ки ин маротиба баробари дастрас кардани шумораи нав мурғи илҳоматон (ё шикам? Ҳа-ҳа! Х.А) парвозӣ шуду даррав посух навиштед. Шумо номаатонро аз ситойиши “моҳидорӣ” оғоз кардаед. Фикр мекунам, ки аллакай ҳис кардаед, ки моҳидориро дӯст намедорам ва сари ин мавзӯъ ҳарф задан намехоҳам. Сабаб мепурсед? Марҳамат!

Ду сабаб дорад:

  • Интизориро дӯст намедорам! Интизории онро ки кадом моҳии бечораи бадбахт гуё аз зиндагӣ сер шуда бошад, сар ба чангаки моҳигир мекӯбад
  • Замоне кӯдак будаму шодравон падарам аз дарё моҳӣ дошта ба хона оварданд. Модари раҳматиам онро намак зада дар болои тахтае қатор чиданд ва баъди намак хӯрданаш бирён карданд. Мо бо ҳавас ба он даст дароз кардему бадбахтона нафси саркаш маҷбур кард то як пораи онро бо вуҷуди таъкиди чандбораи модарам, ки “аввал “қилтиқ”-ашро ҷудо кунед мегуфт, ба даҳон барам. Ин “қилтиқ” ба коми ман халид ва азоби зиёде кашидам. Ҳамину ҳамон, моҳию моҳигиру моҳихӯрро бад дидам.

Дар масъалаи мошин. Ёдатон ҳаст, мошини аввалинамро ман аз Шумо харида будам? Беш аз даҳ сол хидмат кард. Ниҳоят, ҳаваси машинаи нав кардаму онро ба сармусоҳиби ҳамон замон Бахтиёр вогузор кардам. Баъд вай ҳам баъди чандин сол онро ба касе фурӯхт. Ҳоло ҳам писарам ҳаваси онро мехӯраду боре ҳам гуфт, ки он машинаро пайдо карда, дубора мехарад. Ҳоло бошад ман ҳайронам, ки чаро Шумо барои дашту даман рафтан, орзуи машина мекунед? О, одаме ки дашту даман дилаш мехоҳад, сари чамбари машина меравад? Ишораи маро хуб фаҳмидед!

Дар бораи истироҳату дамгирӣ, замоне навишта будам:

Гоҳо дилам истироҳат мехоҳад.

“Мехоҳам биравам гӯшае, бо шаробу рубобу кабоб ва албатта танҳо не.

Аммо ин истироҳати ман, оромии рӯҳию ҷисмонии ман беақлию  аблаҳӣ барои волидайн, хиёнат ба ҳамсар, намунаи бад ба фарзандон, обрӯрезонии хешовандон аст.

Эшон мехоҳанд  ман дар қолаби сохтаи эшон бизиям ва ҳатто дар ин қолаб  истироҳат кунам.

Пас бигӯед, ин истироҳат аст, ё ҳабси якумра?”

Акнун мехоҳам аз Шумо пурсам, ки сари чанбари машина ба сайру дамгирӣ рафтани Шумо аз ҳамон ҳабси якумраи ман чӣ фарқ дорад?

Бо арзи эҳтиром:  Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь