Ӯ одами бад аст! Ӯ хеле зишт аст! Ӯ ба касе раҳм надорад! Ӯ бадтар аз бало, зишттар аз хоби аҳримании сиёҳу ранҷдиҳанда ва манфуртар аз бӯйи ахлотпораҳои партовпартоҳост! Ӯ хор аст, хори тез, ки нештар мезанад…
Дӯстам Хоҷаев, боварӣ дорам, ки ин қабил нидоҳоро на танҳо ман шунидаам, балки дигарон ҳам борҳо ба самъи гӯшҳо кашидаву хостаанд, то миқрози тез онҳоро қайчӣ занад.
Борҳо гуфтаам, ки афзалияти хубӣ аз бадӣ назди банда бештар аст. Ками кам, ба андозаи фарқияти гандум аз ҷав. Вале ҳоло бигӯ, ки кӣ бад аст, кӣ хуб? Ман ё ту? Ман, ки ҳама ҳамҳамаҳои бадсириштро ба як донаи ҷав намехарам, ё ту, ки фикр мекунӣ дасти пурангушти бадӣ дароз аст? В-агар худро ҳақ мешуморӣ, пас, ин як мушти обдор ба баногӯши туст: Агар панҷаи бадкини бадӣ ба Чину Африқо ҳам расад, миёнаш бурида бод! Ва худ хуб дарк мекунӣ, ки вақте миён бурида аст, ту чӣ кас ва умуман, чиӣ…
Ҳаҳаҳаҳ, тамасхур мекунӣ, ки ба ту хӯрдагирӣ дорам ва бар зӯрии бадӣ сар фуруд наорам?! Не, рафиқ Хоҷаев, ҳаргиз хӯрдагирӣ нест, аммо пушти ман воқеан назди малъуне хам нахоҳад шуд! Махсусан, агар ӯ бадхоҳи ибратнопазир бошад. Чун, медонам, бадхоҳони ибратнопазир, ки аз хубӣ ҳазар доранд, охируламр тани танҳо мемонанд.
Аммо, тавре қаблан ҳам ишора кардам, муносибату назари банда нисбати ҳама одамон некбинона аст. Бидуни шак, албатта аз нигоҳи аввал. Зеро, нафароне ҳастанд, ки дар як шиносоӣ, то он вақте ки онҳоро аз наздиктар нашиносӣ, зишт менамоянд.
Амри виҷдонии худ медонам, ки як намунаро ба ту гӯшрас намоям, рафиқ Хоҷаев. Ҳамсояе доштем, ки номашро намегӯям, то наздиконаш барошуфта нагарданд (чун марҳум аст акнун). Ӯ марди сиёҳҷурдаву сиёҳабрӯ ва сиёҳришу сиёҳмӯ буд. Дар зоҳир марди хеле ҷиддӣ, ҳатто бадқаҳр менамуд. Як писараш дӯсти ман буд. Ӯ нақл мекард, ки вақте падараш ҷонибаш бо қаҳр назар афканад, шимаш тар мешавад. Мо – бачаҳо, ҳама аз ӯ метарсидем. Ба назарамон деви ҳаштсар ё мори чипор менамуд. Хуб аблаҳ будаем, ки худ намедонистем… Ҳоло, чун фарзандони он марди бузургро тавсиф мекунанд, замин камӣ мекунад, то сарамонро чуқуртар ба хок пинҳон намоем. Хеле хиҷолатзадаем (ман ва дигар рафиқонам, ки ба ҳоли писарони марҳум механдидем), аз он, ки натавонистаем як марди мардона, дурандеш ва солимфикру накӯхоҳро бишносем. Зеро, баъди солҳо ақл бар сарамон зад ва дарк намудем, ки дар пасманзари симои хашмолуду дудии ӯ қалби пок ва шуълаи умед пинҳон будааст. Шуълае, ки роҳи фарзандонашро барои фардо равшану ҳамвор мекард.
Пас, дар ин сурат мо кӣ будем, ҷаноби Хоҷаев? Магар бадкину бадгумону бадгавҳар ва одами бад мо набудем? Мо будем! Руҳи поки он бузургмард моро бубахшад! Умедворам, ки дигар баҳонае барои бадгумон шуданамон бар касе ва ё чизе пеш наояд.
Аммо, боз ҳам дар гумон аст, ки ҳама чиз якмаром бошад. Баръакс, нафароне низ ҳастанд, ки чун бо ту, ман ва дигарон рӯ ба рӯ мегарданд, аз забонашон шаҳд мебораду аз даҳонашон шакар мерезад. Вале дар асл, қаъри қалбашон колбаи заҳри ҳалоҳил маҳфуз аст. Мисли он каждуми нешзан, ки ба гуфтаи машҳур, “тақозои табиаташ ҳамон аст”.
Ходими сиёсӣ, публитсист, суханвари англо-ирландӣ Эдмунд Бёрк гуфтааст: “Барои он, ки бадӣ ғалаба кунад, танҳо як чиз лозим аст – одамони хуб амал накунанд”. Ин нутқ бар замми риторикиву мавзун буданаш, дорои мантиқи барҷаста аст. Воқеан, нафаре агар дар фикри бадӣ афтад ва касе тамғаи лакнат ба забонаш назанад, чӣ суханҳое аз даҳонаш намерезад! Бояд пеши роҳи чунин нафар монеа вуҷуд дошта бошад. Яъне, одамони хуб бояд аз ин моваро худро берун накашанд, ҳарчанд агар ҷисмашон сӯзад. Вагарна, бадхоҳон метавонанд бо рафтори лафзиву ҷисмонии худ ба аҳли башар хисороти гӯшношунид расонанд. Зеро, чун тинаташон туъмаи бадист, бадӣ онҳоро мехӯрад ва маҷбур мекунад, ки бетоқатона даст ба амали бад ёзонанд.
Нест бод чунин бетоқатӣ!

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь