Дӯсти ҷонӣ, ҳамроз, шоираи маҳбуб ва рӯзноманигори шинохта Латофат Кенҷаева китоби тозанашри худро бо номи “Обшори Ёд” бо теъдоди 1000 нусха барои мухлисони Муқаддаси зиндаёд, ки агар зинда мебуд, 85- сола мешуд ба табъ расонид. Бо шоираи маҳбуб атрофи ин китоби тозаэҷод сӯҳбати гарму хотирмон анҷом додем ва фишурдаи онро пешкаши Шумо мегардонем.
-Китоби якуматон “Шарораи Хотираҳо ” ном дорад. Китоби дуввум “Обшори Ёд” оид ба зиндагии Шумо ва Муқаддас дар кӯчаи Свириденко, зиндагии Муқаддас дар маркази пойтахт, оварда шудааст. Дар ин китоби тозанашр чӣ андешаи тозае ҳаст?
-Муқаддас Набиева сарояндаи маҳбуби мо 7-уми январи соли 1950 ба дунё омадааст. Ба ин бобат ман аз ибтидо хостам, ки як китобе дар ҷашни ӯ таҳия кунам. Он китоби пешинаи ман, ки “Шарораи Хотираҳо” ном дошт, онро аз сари нав таҳрир кардам ва он хотираҳои дигаре, ки дар инҷо қайд нашуда буданд, онҳоро илова кардам. Сипас, дар ҳамин ҳошияи 75-соли умри Муқаддаси нозанин, ман қарор додам, ки як китоби дигаре бинависам, таҳия кунам, он рӯз фаро расид ва ин китобро ман “Обшори Ёд” ном гузоштам. Чаро “Обшори Ёд? “. Он китоби аввале, ки “Шарораи Хотираҳо ” буд, дар он ҷо аз хотираҳо, аз шарори хотираҳо буданд ва дар китоби “Обшори Ёд ” бошад, он обшори тозаи ёд, ки аз дил мерезад, оварда шудааст. Барои Муқаддас ин обшори ёдҳои ман тозагиҳое дошт. Муқаддас аз он ҳофизоне ҳаст, ки мисли Аҳмад Зоҳир, Гугуш, имрӯз ӯро ҳеҷ кас фаромӯш накардааст. Барои ҳамин лозим буд, ки ман барояш хотира нависам. Ҳофизи маҳбуб буданаш, дӯстдоштаи халқ буданаш яъне ки сурудҳои ҷаззобу нотакрор доштанаш, умри Муқаддасро дароз карданд. Одамоне, ки мешиносанд, шояд дар бораи Муқаддас хотира навиштанро давом диҳанд. Ҳамкорон, хешу ақрабо, ҳамсояҳои Муқаддас метавонанд хотира нависанд.
-Ба теъдоди 1000 нусха чоп шудани китоби “Обшори Ёд” магар кам нест?
-Бале ин теъдод барои мухлисон кам аст. “Шарораи Хотираҳо” 25 ҳазор нусха чоп шуда буд.
-Дар оғози китоб шумо меҳру муҳаббати Муқаддасро ёд кардаед. Оё шудааст, ки Муқаддасро дар хоб дида бошед?
-Муқаддасро ман дар хоб кам дидаам. Аз бародарам Худо раҳмат кунад, шунида будам, ки дар хоб агар ҳамон шахсеро, ки дӯст медорӣ, ҳурмат мекунӣ ё барои ту азиз аст набинӣ бидон ки ӯ аз ту розӣ аст.
-Шумо бо ҳамдигар тез унс гирифта, дӯсти самимӣ шудед. Дар китобатон оварда шудааст, ки ба ҳамдигар кӯмак мекардед. Пас аз хондани китоб бештари одамон орзу мекунанд, ки ҳамин хел ҳамроз дошта бошанд.
– Бо Муқаддас на танҳо ҳамроз балки ҳамкор будем. Дар як бино кор мекардем, дар як хона мезистем. Ӯ на танҳо ҳофизаи бисёр маъруфу маҳбуб, балки як дӯсти содиқу вафодор буд. Аз одамоне, ки дурӯғ мегӯянд, фиребгар ҳастанду риё доранд, ҳамеша канора меҷуст. Ӯ ростгӯ буд, аз дигарон ҳам ростгӯйиро талаб мекард. Ҳангоме, ки писараки ӯ (Баҳодур) Худо раҳмат кунад, майда буд, барои хабаргирии модараш ба хона меомад. Аввал, Муқаддас бо ӯ аз хусуси хонданаш сӯҳбат мекард. Пасон, писарашро мепурсид, ки очаи маро ғам намедиҳӣ? Муқаддас огоҳ буд, ки модараш чи хел фарзандашро тарбия мекунад. Огоҳ буд, ки писараш шӯху беқарор аст, аммо ҳеҷ гоҳ гапи дурӯғ намезанад. Писараш гоҳ-гоҳе бибияшро ғам медод, гапашро гӯш накарда, гоҳе дар кӯча бозӣ мекарду дер ба хона меомад. Муқаддас ҳамеша мехост, ки писараш гапи ростро гӯяд.
-Дар китоби “Обшори Ёд” дар бораи хислатҳои ҳамида, шӯхтабъ, хоксорӣ ва ҳимматбаландии Муқаддас нигоштаед. Аз ҳама бештар кадом рафтораш ба Шумо писанд буд?
-Муқаддас хислати меҳрубонӣ дошт. Меҳрубонии ӯ ба ҳама буд, чунки худаш дили бораҳм дошт. Меҳрубонии ӯро дар китоби “Обшори Ёд” бисёр навиштаам. Касе дар дилаш раҳм дорад, вай одами бад буда наметавонад. Ҳамин меҳрубониҳои Муқаддас болои санъати волои ӯ буд, ки мардум дӯсташ медоштанд. Дар вақти дар саҳна ҳунарнамои кардан, табассум дар лабонаш, дар чашмон нигоҳҳои пур шарору меҳрбораш, ҳамеша ӯро барои мардум ҷовидон азиз дошт. Хислатҳои зиёде дошт, ки барои дигарон намунаи ибрат буд. Хислати ҳамсоядорӣ, ҳурмату иззат, садоқат ва қавлу амал дошт. Одате дошт, ки барои дигарон аҷиб тобад. Вақте, ки модараш ба меҳмонӣ ба хонаи Муқаддас меомад, баробари даромадан, Муқаддас мисли гул шукуфон шуда, ҳамоно ба пойи модар меафтод. “Очаи ҷун” гӯён ба рӯйи доманаш сар монда, сипас ба оғӯш мегирифту мебӯсид. Модару хоҳаронашро дӯст ва эҳтиром мекард. Муқаддас меҳрубон буд. Ба ман ҳамин хислаташ писанд буд.
-Шумо шунавандаи аввали сурудҳои Муқаддас будед. Ҳангоми шунидани овози ӯ, чӣ ҳиссиёте шуморо фаро мегирифт?
-Муқаддас ҳофизе буд, ки масофаи сурудҳояш андоза надошт. Сурудҳояшро ҳам дар Бадахшону ҳам дар Хатлону Суғд гӯш мекарданд. Он замонҳо ҳофизони оркестри овозадори “Гулшан”, кумитаи радио тӯйгардӣ намекарданд. Одамон мехостанд, ки Муқаддасро якбор аз наздик бинанд. Он вақтҳо Муқаддас чун ситора медурахшид. Ман ки дар паҳлӯяш будам, ҳамеша тараннуми сурудҳояшро шоҳид будам. Ба ман муяссар мегашт, ки шунавандаи аввалини сурудҳояш бошам.
-Дар зиндагӣ рақибони Муқаддас киҳо буданд?
-Ба Муқаддас ҳасад мебурданд, лекин рақиби пурқувват надошт.
-Муқаддас чӣ одатҳо доштанд?
-Ба ақидаи мардум сароянда. Ҳофиз дар зиндагӣ он қадар хонадор нест чунки ҳамеша пайи эҷод аст. Вақте, ки ман бо Муқаддас якҷоя будем, аз амалҳову корҳои Муқаддас огоҳ будам. Вай на танҳо ситораи санъат балки дар кору рӯзғордорӣ хеле ҷиддӣ буд. Албатта, гоҳе вақташ намерасид. Бо сабаби серкорӣ гоҳе дар хона ва гоҳе дар берун хӯрок мехӯрдем. Наҳорӣ омода кардан, шавла, ширбиринҷ, хӯрокҳои сабук пухтан барои вай осон буд. Дар хона Муқаддас ҳамеша ҳаракат мекард, ки мевагиҳои тару тоза дошта бошад. Вай ҳамеша барои шираи овозаш ноку себ истеъмол мекард.
-Дар рӯзҳои хурсандии Муқаддас (барномаҳои консертӣ, зодрӯз) якҷоя будед. Як лаҳзаеро ба хотир меовардед.
-Муқаддас шогирдаш Умар Зиёевро хеле ҳурмат мекард. Ҳаводори сурудҳояш буд. Дар як барномаи консертӣ Муқаддас бо изтироб ба саҳна баромадани Умар Зиёевро тамошо мекард ва дар зеҳнаш мегуфт, ки чӣ гуна баромад мекарда бошад. Дар саҳна Умар Зиёев суруд мехонд. Ин қадами нахустини Умар ба даргоҳи санъат буд. Қадами нахустин чӣ мушкил аст. Умар сурудашро ба охир расонду кафкубии тамошобинон баланд шуд. Аз ҳама сахттар Муқаддас қарсак мезад. -Офарин, офарин Умарчик!- чашмонаш дар ғояти сурур барқ мезад. Ана ҳаминхел!
-Дӯстию рафоқат бо Муқаддасро бо як ҷумла чӣ баҳо медиҳед?
-Дустии ману Муқаддас хасакӣ набуд. Ба он ҳадде буд, ки аз хешу табор бештар, аз хоҳар бештар, аз наздиктарин шахс бештар. Ҳар гапу коре мешуд, ҳатман ба ман мегуфт. Фақат дӯсти беҳтарин метавонад дарди дили туро шунавад, ёрӣ диҳад.
– Охирон дидоратон бо Муқаддас чи гуна буд?
-Он рӯз Муқаддас нав аз Маскав омада буд. Ӯро дар пеши бинои радио дида будам. Муқаддас ҳамроҳи гурӯҳашон ба куҷое мерафтанд. Ба зинапояи автобус пой мемонд, ки ман ӯро фарёд задам. Ӯ аз дари автобус ба ман нигариста даст афшонду гуфт: ҳоли худам хонат миём!
Як суруди ӯ ҳаст: тарки ёри кардиву, ман ҳамчунон ёрам туро. Ӯ тарки ёри карду, ман то ҳанӯз ёри ӯ ҳастам.
-Сабаби марги Муқаддас рози пинҳон мондааст ё не?
-Ҳар марг риштаи тақдир аст, таҳрир карданаш наметавон, аз он берун баромада намешавад. Он ҳодисае, ки ҳамон вақт рух дода буд, бисёриҳо тадқиқот бурданд. Гапу овозаҳои зиёде буд. Он чи бо вай рух дод, рози байни Худованду ӯст.
-Айни замон бо хонаводаи Муқаддас рафтуо доред?
-Не.Охирон маротиба ба муносибати 40-солагии ҷашнаш рафта будам.
-Ташаккур барои сӯҳбати хотирмон!
-Саломат бошед.
Маҳина ОРЗУЕВА