ФАСЛИ ЯКУМ:
МУАРРИФӢ
Устод Шамсиддин Насриддин (Хуршеди Ҷовид), собиқадори матбуот ва яке аз журналистони хушноми тоҷик 70-сола шуданд. Бо эшон вохӯрда, доир ба рӯзгору фаъолияти эҷодиашон суҳбат кардем. Пеш аз мусоҳиба бовар доштам, ки устодро мешиносам, аммо пас аз суҳбат фаҳмидам, ки хато кардаам, зеро шинохтам аз эшон тамоман дигар шуд…
Вақте ки суҳбатро аз диктофон навиштам, дар фикри сарсухани матлаб шудам. Чанд вариант пайдо гашт, вале фикр мекунам, аз ин муаррифии устод Қироншоҳ Шарифзода беҳтар навишта наметавонам:
– Акои Шамсиддинро ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ, вақте ки дар газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” таҷрибаомӯз будам, мешиносам. Ҳамон солҳо дар газетаи мазкур ҷавонони хушзавқу хушкор гирд омада буданд, ки яке аз онҳо акои Шамсиддин буданд. Эшонро ман ҳамчун шахси сахт хоксор, шикастанафс, ҳақгӯ, ҳақрав ва ҳақҷӯ дарёфтаам.
Замони донишҷӯии мо тақсимоти давлатӣ буд ва ҳар корхона ба донишгоҳ мактуб мефиристод, то ки мутахассиси ҷавонеро ба кор гирад. Ҳамин гуна мактуб аз газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба номи ман омада буд. Баъди хатм се моҳ ба хизмати аскарӣ ҷалб шудам ва мувофиқи қонун як моҳ бояд истироҳат карда, баъд тибқи фармоиш ба кор мерафтам. Дар он муддат, ман гоҳ-гоҳ ба рӯзнома сар мехалонидам. Як рӯз акои Шамсиддин маро дида, бо лаҳни ҷиддӣ гуфтанд, ки тезтар ба кор баро, зеро гап-гап аст, ки ба ҷоят каси дигарро мегиранд. Ҳамин тавр, рӯзи дигар омадаму ҳамроҳ ба “Текстилкомбинат” рафтем, ки он замон азимтарин корхонаи ҷумҳурӣ буд. Аз он ҷо силсилаи матлабҳо омода кардем ва гумон доштам, ки бо имзоям як-ду матлаби хурд нашр мешавад, вале вақте рӯзнома чоп шуд, дидам, ки силсиламатлабҳои мо дар ду саҳифа чоп шудааст ва дар поёни он имзои ҳардуямон меистад. Ҳамон саҳифаҳо сабаб шуданд, ки ман ба “Комсомоли Тоҷикистон” пайвастам ва солҳои зиёд фаъолият кардам.
ФАСЛИ ДУЮМ:
АГАР ТАБИБ МЕШУДЕД…
– Шумо соли 1972 мактаби миёнаро хатм кардед ва ҳамон сол ба мактаби олӣ дохил шудед. Медонем, ки дар замони довталабии шумо бисёриҳо соли аввал ба донишгоҳ дохил шуда наметавонистанд, чӣ гуна шумо муваффақ шудед?
– Ростӣ, ман табиб шудан мехостам, вале бо ҳидояти падарам роҳ сӯи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) гирифтам. Падарам, ки умри хеш сарфи журналистика карда, чоряк асри охир директори ТоҷикТА буданд, маро ҳам ба муҳити эҷодӣ ҷалб кардан мехостанд.
– Агар табиб мешудед, чӣ мешуд?
– Ҳатман табиби хуб мешудам, зеро ин касб варианти дигар надорад. Лекин сухани қиблагоҳ меҳри навиштану эҷод карданро, ки дар дили ман ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ҷой гирифта буд, рӯ овард. Барои мисол, аввалин навиштаам дар газетаи “Пионери Тоҷикистон” дар 11-солагиам чоп шудааст.
ФАСЛИ СЕЮМ:
«КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН»
– Замони шӯравӣ рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» хеле маъруф буд ва он ҷо ҳар касро ба кор намегирифтанд. Бигӯед, ки чӣ гуна шуморо ба кор қабул карданд, дар ҳоле, ки хатмкардаи факултети филология будед?
– Ин ҷо ҳам саҳми падарам аст. Пеш аз ҳама, падарам ҳамчун журналист бароям намуна буданд ва бисёр мехостам, ки роҳи он касро давом диҳам. Дар ин баробар, сармуҳаррири вақти нашрия устод Бахтиёр Муртазоев низ дар бобати ба журналистика пайвастани ман нақши бориз доранд. Он кас ҷуръат карда, ба рӯзномаи машҳури замон як хатмкардаи факултети филологияро ба кор гирифтанд. Яъне тақдирҷунбони банда шуданд. Агарчи расман дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил накарда бошам ҳам, чун дар муҳити журналистӣ калон шуда будам, бароям кори эҷодӣ бегона набуд ва зуд “худӣ” гаштам.
– Оё бовари Бахтиёр Муртазоевро бароварда карда тавонистед?
– Аз байн қариб ним аср гузашта бошад ҳам, то ҳол мо бисёр қарин ҳастему акои Бахтиёр бароям чун устоди ниҳоят арҷманд мемонанд. Зимнан, аз устод Кароматулло Мирзоев низ, ки он кас мудири шуъбаи ҳаёти комсомолӣ буданду ман хабарнигор, бисёр чиз омӯхтам. Як хислати хубашон он буд, ки ҳеҷ гоҳ хатоҳои кормандонашонро дар ҳузури ҳамкорон намегуфтанд, балки дар танҳоӣ мефаҳмонданд.
– Ба фикри Шумо чаро «Комсомоли Тоҷикистон» машҳур буд: мардум рӯзномахон буданд, матолиби ҷолиб нашр мекард, ҳайати эҷодии боқувват дошт ё сабаби дигар?
– Ҳама сабабҳое, ки номбар кардед, дурустанд. Дар назари Шумо имрӯз афсона намояд ҳам, бовар кунед, хурду калон хеле зиёд рӯзнома мехонданд. Рӯзи аксарият бо рӯзномахонӣ оғоз мешуд. Талабгор ба рӯзнома зиёд буд. Дар газета ҳайати басо боқувват гирд омада буд, мардум ба журналистон бовар доштанд. Ҳамчунин, мо мавзуъҳоеро инъикос мекардем, ки дар дигар газетаҳо набуданд.
– Маъруфияти газетаро шумо чӣ гуна эҳсос мекардед?
– Як лавҳаро бароятон мегӯям. Мо моҳе ду маротиба пул мегирифтем: 5-ум маош ва 20-ум пешпардохт. Ва моҳе ду маротиба бо як гуруҳ ҳамкорон то дергоҳи шаб дилхушӣ мекардем. Шабе то дер назди ҳайкали Айнӣ сурудхонӣ доштем, ки ногаҳон милисаҳо омаданд. Ҳамин ки аз газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» буданамонро фаҳмиданд, ба ҷои ба шуъба бурдан моро бо мошини хизматиашон то хонаҳоямон расонданд. Маъруфият ва мақоми газета дар чунин сатҳ буд.
ФАСЛИ ЧОРУМ:
«ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»
– Соли 1982 Шуморо ба газетаи «Тоҷикистони советӣ» даъват карданд. Чаро рафтед, оё аз рӯзномаи овозадори ҷавонон рафтан осон буд?
– Он солҳо «Комсомоли Тоҷикистон» барои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» манбаи кадр маҳсуб меёфт. Яъне, бачаҳо дар ин газета омода шуда, пасон, ба газетаи партиявӣ даъват мегардиданд. Вақте ки маро даъват карданд, албатта, розӣ шудам, зеро он сатҳи тамоман дигар аст.
– Устод, то ҷое воқифем, дар таъсиси Хазинаи забони тоҷикӣ шумо нақши калидӣ доред, лекин инро аксарият намедонанд. Метавонед дар ҳамин маврид пурратар бигӯед?
– Чӣ хеле медонед, охири солҳои 80-ум аз ҷониби рушанфикрон масъалаи ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан ба миён гузошта шуд. Он вақт ман мудири шуъбаи саноати «Тоҷикистони советӣ» будам. Албатта, дар мадди аввал мушкили моддӣ меистод. Ман хеле андешидам ва идеяи муроҷиат ба худи халқамон пайдо шуд, ки бо кумаки мардум хазинаи забонро ташкил кунем ва маблағи ҷамъшуда барои густариши он харҷ гардад. Муроҷиатро навиштам ва ба хулосае омадам, ки агар онро аз номи худам чоп кунам, таъсири кам дорад. Он вақт шодравон Зафар Нозим дар саросари ҷумҳурӣ хеле машҳур буданд ва бо розигии он кас муроҷиатро бо имзояшон чоп кардем.
Гуё бомба таркид, бомбаи маънавӣ! Ташаббус ба як ҳаракати пуриқтидори умумихалқӣ табдил ёфт. Дастгирии хазина ҳайратовар буд. Ба таври дигар гуям, худи халқ ба дифои забонаш бархест. Ҳар руз ба идора халта-халта мактуб меомад. Ба кори Хазинаи забони тоҷикӣ журналисти маъруф Буринннисо Бердиеваро ҷалб намудам ва дере нагузашта суратҳисоби бонкӣ кушодем. Дар чанд моҳи башумор пули ҳангуфт ҷамъ шуд. Зимнан, дар пешбурди кори Хазинаи забони тоҷикӣ, ки дертар Бунёди забони тоҷикӣ ном гирифт, бародарону хоҳарони арҷманд аз Самарқанду Бухоро низ ёрӣ мерасониданд. Хуллас, бояд ин маблағ барои ташкили созмони мустақил бо сохтори густурда ва фаъолияти он истифода мешуд. Бо ҳамин мақсад маҷлиси муассисон баргузор гашт ва расман Бунёди забони тоҷикӣ арзи ҳастӣ кард. Нахустин чунин ташкилот дар тамоми Иттиҳоди шуравӣ! Устод Лоиқ Шералӣ раиси бунёд интихоб шуданд. Ҳамин тавр, кори созмон оғоз ёфт ва шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ фаъол шуданд, ки аксари онҳо ҳоло низ амали пурсамар доранд. Худи ҳамон соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони тоҷикӣ” қабул шуд, ки бешак, нақши Бунёди забони тоҷикӣ ҳам дар он шоиста аст.
– Чаро Шумо дар бунёд ҷониши раис нашудед ё ҳадди ақал муҳарририи газетаи онро бар уҳда нагирифтед?
– Ин саволро ҳамон вақтҳо ба ман бо ҳайрат бисёр медоданд. Ҳамин қадар мегуфтаму ҳозир ҳам мегӯям, ки мақсади ман вақти ташкили ин кор ягон вазифа гирифтан набуд. Ин қарзи ман чун як фарзанди қаторӣ, вале баору номуси миллат буд. Беҳтараш аз хизмати бузурги газетаи “Тоҷикистони советӣ” гӯем, ки дар он давраи яккатозии ҳизби коммунист бо ҷасорат чунин муроҷиатномаро чоп кард ва ин кори ҳаётан муҳимро то анҷоми мантиқияш дар саҳифаҳои худ инъикос намуд.
ФАСЛИ ПАНҶУМ:
ТОҶИРИ БЕҲУНАР
– Дар солҳои нооромӣ муддате ба тиҷорат ҳам машғул шудед. Аз журналистика дур шудан мушкил набуд?
– Фикр мекунам, барои инсон ҳеҷ вақт дурӣ аз кори дӯстдоштааш осон нест, вале он замони душвор барои пеш бурдани зиндагӣ қариб се сол ба тиҷорат машғул шудам.
– Чӣ мехаридед, чӣ мефурӯхтед?
– Аз Эрон коло оварда мефурӯхтам.
– Чаро боз ба кори журналистӣ баргаштед?
– Ношукрӣ нашавад, аммо бо ин амал ҳеҷ як сӯмро ду сӯм карда натавонистам, зеро дар хунам тоҷирӣ набуд.
ФАСЛИ ШАШУМ:
АЗ “АЗИЯ ПЛЮС” ТО “ДАВО”
– Муддате дар рӯзномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон – “Сухан” ҳам фаъолият доштед. Он ҷо кор чӣ хел буд ва аслан рӯзномаи мазкур чӣ гуна матлабҳо нашр мекард?
– Ман бо маслиҳати устод Отахон Латифӣ ба “Сухан” рафтам, ки Насибҷон Амонӣ муҳаррираш буданд. Газета умри кӯтоҳ дошта бошад ҳам, хеле мавқеи баланд ёфт, зеро матолиби ҷолиб нашр мекард.
– Чанд сол дар «Азия-Плюс» ҳам кор кардед?
– Бале, «Азия-Плюс» дар фаъолияти журналистии ман гардиши куллӣ ба амал овард. Пеш аз ҳама, ин ҷо ман пурра бо забони русӣ менавиштам. Ҳамчунин, шакли муосири навиштану пешниҳоди маводҳоро омӯхтам. Он вақт «Азия-Плюс» дар ин самт низ хеле пешсаф буд. Дар ҳафтавор дар аввал дар мавзуи иқтисодию иҷтимоӣ менавиштам, вале ду сол пас пурра ба соҳаи варзиш гузаштам. Зимнан, соли 2008 чун шореҳи “Азия Плюс” ба Бозиҳои олимпии Пекин рафта будам.
– Шумо аз ҷумлаи камтарин журналистони тоҷик ҳастед, ки дар матбуоти Россия кор кардаед. Чӣ гуна ва дар кадом газета?
– Ман дар вилояти Свердловск дар нашрияи куҳаншаҳри Верхотурйе «Новая жизнь» се сол мудири шуъба будам. Асосан дар бораи мушкилоти мардум менавиштам. Мардум хуш мепазируфтанду ҳукуматдорони маҳаллӣ нарм карда гуем, на он қадар. Аз зиёд воқеоти аҷиб якеро бароятон мегӯям. Пешопеши интихоботи маҳаллии вакилони халқ гуруҳе аз сокинон редаксия омада, гуфтанд, ки номзадии маро пешбарӣ карданианд. Бо изҳори сипос рад кардам, ки бе вакилӣ ҳам чун пешина ба онҳо ёрӣ мерасонидам.
Ҳамчунин чанд муддат дар шаҳри Канс дар рузномаи “Сегодняшня газета” кор кардам ва тоҷики офтобӣ шоҳиди 61 дараҷа сардӣ шудам. Сипас дар шаҳри Москва дар ширкати бародари бисёр фозилам Нуралӣ Нуралиев “Восток ЛТД” ду сол тарҷумон кор кардам. Мо бо шуъбаҳои корҳои дохилӣ, суду прокуратура сару кор доштем ва миёни онҳо ва тоҷикони боздоштшуда тарҷумонӣ мекардем. Ин буд, ки ба машҳуртарин маҳбасҳои шаҳри Москва, аз ҷумла “Матросская тишина”, “Лефортово” даро-баро доштам.
– Шумо ба газетаи “Ҷумҳурият” боз баргаштед, чаро?
– Пас аз ба Ватан баргаштан собиқ сармуҳаррирам Нур Табаров, ки роҳбари маҷаллаи “Помир” буданд, назди худ хонданд. Соле пас бо даъвати сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ба газетаи “Ҷумҳурият” баргаштам ва то соли 2021 он ҷо будам.
– Ҳоло дар маҷаллаи хусусии “Даво” кор мекунед. Чӣ гуна аст?
– Бисёр гуворост ҳамкорӣ бо бонуи зебою хушқалам Бибихонум Дарвешзода, ки сарвару ташкилотчии хубе ҳам будаанд.
ФАСЛИ ҲАФТУМ:
ҶОИЗАВУ УНВОН
– Шумо аз эҷодкорони камшуморе ҳастед, ки матолиби сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, варзишӣ ва ғайраҳо навиштаеду менависед. Чӣ гуна як кас метавонад дар чанд самт муваффақ бошад?
– Чуноне мегуянд, муваффақият ин 1 фоиз истеъдод ва 99 фоиз меҳнат аст.
– Роҳи эҷодии Шумо ҳамвор набуд, чӣ чиз дар ин касб нигоҳатон дошт?
– Хайрият, ки ҳамвор набуд ин роҳ, вагарна шавқовар намебуд. Ман ҳеҷ гоҳ дудила нашудаам, фикри тарки корро ҳам накардаам.
– Оё аз корномаи журналистиатон розиед?
– Сад дар сад. Қиблагоҳам мегуфтанд, ки ман дар мансабҳои калон будам, аммо шабҳо ором мехобидам, зеро як тини ноҳақ нахӯрдаам, хона наовардаам. Ман фарзанди падар ҳастам.
– “Гугл” ва дигар системаҳои ҷусторӣ шуморо намешиносанд, чаро?
– Ростӣ, ба ин чизҳо сарфаҳм намеравам.
– Бо вуҷуди хизматҳои зиёд ва собиқаи қариб 50-сола ҳамагӣ аълочии матбуот ҳастеду халос, чаро ҷоизаву унвонҳо надоред?
– Шояд бовар накунед, ҳеҷ вақт дар фикри ҷоизаву унвон набудам.
– Барои эҷодкор инҳо муҳим нестанд?
– Шояд муҳим бошанд, лекин асосӣ не. Муҳим аз навиштаат суде бардоштани хонанда.
ФАСЛИ ҲАШТУМ:
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
– Бори номи журналистиро бардоштан осон аст?
– Не.
– Нони журналистӣ чӣ гуна мазза дорад?
– Маззаи нони очагӣ мекунад. Лекин барои хӯрданаш дандони оҳанӣ даркор.
– Иваз шудани самт, мавзӯъ, хосият ва услуби эҷодкор аз чӣ вобаста?
– Аз истеъдодаш.
– Шуҳрат, нон, ном, обрӯ, мардум… Тули ин даҳсолаҳо аз пушти кадоме аз инҳо давидед?
– Аз паси чизе надавидам.
– Меъёри касбӣ болост ё ахлоқӣ?
– Ахлоқӣ.
– Ақл афзалтар аст ё фаросат?
– Ё ҳар ду.
– Кадом вақт Шумо аз худ розӣ мешавед?
– Ҳеҷ гоҳ!
– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?
– Хиёнат.
– Мурдан даҳшат аст?
– Қарз аст.
– Калонсолон аз ҷавонон ва ҷавонон аз калонсолон чӣ қарздоранд?
– Қарзи калонсол назди ҷавон ҳамин аст, ки агар тавонад, роҳе нишон диҳад. Ҷавон бошад, эҳтиром бояд кунад.
– Мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?
– Барои аз худ номи нек гузоштан.
– Инсонро чӣ хушбахт мекунад?
– Ҳамсари хубу фарзандони солеҳ доштан. Саҳар бо хотири болида кор рафтану бегоҳ бо табъи хуш хона баргаштан.
– Шумо хушбахтед?
– Шукри Парвардигор, ки онро арзониям додааст.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ