Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, барнома ва нақшаҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори МТЖТ бо ректори муассисаи мазкур Сафарзода Даврон Ҷурахон суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст қайд кард, ки ҳадафи асосии Раёсати Академия ин фаъолияти бомаром, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, яъне истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, инчунин, эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда ба муоширати пурраи касбӣ бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони ояндаи касбӣ бо донистани забонҳои хориҷии касбӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ) бо дарназардошти хусусияти раванди муошират, хусусиятҳои шахсияти хушбаён ва эҷодкор, маҳсули эҷоди коммуникативӣ ва хусусияти муҳити эҷодии муошират доштан мебошад.
Дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти моддӣ-техникӣ ва шароити номусоиди кориву таҳсили хизматчиёни давлатӣ рафъ гардида, мақоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ, раёсат ва ҳайати профессорону устодони Академия дар соли 2024 корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Базаи кадрӣ
Ҳамзамон, мавсуф иттило дод, ки ба ҳолати 20 декабри соли 2024 дар Академия 535 нафар кормандону омӯзгорон кору фаъолият менамоянд. Аз ин шумораи зикргардида кормандони асосӣ 170 нафар зан ва 236 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Аз 170 нафар занҳо, 21 нафари онҳоро занони роҳбар, ҳамчунин, аз 406 нафар кормандони асосӣ 63 нафарро кормандони техникӣ ва ёрирасон ташкил медиҳанд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 дар Академия 368 нафар (50,0%) омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмӣ, аз ҷумла: доктори илм, профессор- 34 нафар, номзади илм, дотсент – 99 нафар, номзади илм, муаллими калон – 51 нафар, муллими калон- 54 нафар ва ассистент 130 нафар мебошанд.
Корҳои таълимӣ-методӣ ва сифати таҳсилот
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки корҳои таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таҳсилот яке аз самти фаъолияти раёсати таълим буда, вобаста ба самти корӣ, мувофиқи нақшаи кории раёсати таълим ва фармоиши ректори Академия ҷиҳати созмон додани гурӯҳи корӣ, мунтазам баргузории мониторинги давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои академии шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ), зинаи магистратура, гузаронидани мониторинги сифати таълим маҳсуб меёбад. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар баробари санҷидани дониши донишҷӯён ва магистрантон бо усули тестӣ, ҳамзамон, сатҳи донишҳои азхуднамудаи донишҷӯёну магистрантон ва фаъолияти омӯзгорон тавассути иштирок дар машғулиятҳои устодон баҳогузорӣ мегардад.
Дар соли таҳсили 2024 миёни донишҷӯёни таълими рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр, зинаи магистратура ва донишҷӯёни таълими ғоибонаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ оид ба сифати таҳсилот дар шакли анкета (пурсишнома) мониторинг гузаронида шуда, аз натиҷааш тариқи хаттӣ ба раёсати Академия маълумотнома ирсол гардидааст ва аз рӯи натиҷа, маълум гардид, ки сифати таълим хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ
Инчунин, ректор изҳор дошт, ки фаъолияти илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар ҳадафҳои созандаи раёсати Академия буда, фарогири таҳия ва таълифи адабиёти илмӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои таълимӣ, илмию методӣ, ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи илмӣ ва электронӣ, инчунин, муаррифгари дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишандӯзон маҳсуб ёфта, дар заминаи кафедраҳо, пажуҳишгоҳҳо ва марказҳо ба амал бароварда мешавад.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устодону профессорони Академия аз рӯйи нақшаи дурнамои КИТ-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва дар соли 2024 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони Академия 3002 маводи нашр ба табъ расонида шудааст, ки аз ин 18 монографияи илмӣ, 11 китоби дарсӣ, 25 адад воситаи таълимӣ, 19 адад дастури таълимӣ, маводи конференсияҳо 14 адад, 300 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОАнПҶТ ва КОА ВМИ ФР, 232 мақола дар маҷмуаҳои конференсияҳои байналмилалӣ, 205 мақола дар маҷаллаҳои дигари илмӣ, 2018 мақолаҳои илмӣ-оммавиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, 267 баромад ва мусоҳибаҳо дар телевизион ва радио интишор гардидааст.
Дар давоми соли 2024 иҷрои нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар Академия ба 191 адад мерасад, ки аз ин шумора 15 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 8 конференсияи байналмилалӣ, 129 семинари илмии назди кафедраҳо, семинарҳои факултетӣ, академиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин, 39 мизи мудаввари назди кафедра, факултет, Академия ва ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 191 чорабинии илмӣ мебошад.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Дар хусуси иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ректор сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар давоми соли 2024 аз ҳисоби донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони Академия дар як қатор озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар даври ноҳиявӣ аз рӯйи 4 номинатсияи озмун 14 нафар донишҷӯёну магистрантон ва кормандони Академия иштироки фаъол намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври шаҳрӣ аз рӯйи 3 номинатсияи озмун 14 нафар донишҷӯёну магистрантон ва кормандон иштироки фаъол намуда, сазовори 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 3 номинатсияи озмун 4 нафар донишҷӯёну магистрантон ва кормандон иштироки фаъол намуда, сазовори 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
“Илм-фурӯғи маърифат”
Дар даври ноҳиявӣ 11 нафар донишҷӯёну магистрантони Академия иштирок намуда, сазовори 1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври шаҳрӣ 2 нафар донишҷӯ иштирок намуда, як нафар- Лутфуллозода Кайҳона сазовори ҷойи сеюм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт, вале дар даври ҷумҳуриявӣ муваффақ нагардид.
“Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои Миллат
Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои Миллат», бори нахуст, дар кишвар баргузор карда шуда, аз давраи муассисавӣ ва ҷумҳуриявӣ иборат буд.
Аз 3 нафар донишҷӯён ва магистрантони Академия дар даври ҷумҳуриявии Озмун ҳар 3 нафар фаъолона иштирок намуда, 1 нафар сазовори ҷои дуюм ва 2 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҳимояи рисолаҳои илмӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар баробари ин, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Академия дар самти таҳия ва дифои рисолаҳои илмӣ назаррас буда, дар давоми соли 2024 аз ҳисоби унвонҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Академия 14 нафар рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, 2 нафар иҷозати ҳимояро гирифта, ба ҳимоя пешниҳод карда шудаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани олимон ва муҳаққиқон барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қарори шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2024, №10/9 барои ҳимояи рисолаҳои илмии докторӣ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ ва барои рисолаҳои илмии номзадӣ 10 000 сомонӣ муқаррар гардида, то имрӯз ба 1 нафар барои ҳимояи рисолаи докторӣ ва 6 нафар барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ маблағи зикргардида, падохт карда шудааст.
“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №1463 дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамчун воҳиди сохтории Академия марҳилаҳои ташаккул ва рушди давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳқиқ ва таҳлил намуда, дар ин самт корҳои илмиро ба роҳ мемонад.
Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯйи самти омӯзиши таҳқиқи марҳилаҳо, шароити сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, шаклу мазмун ва арзиши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқот мебарад.
Аз рӯйи натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар шакли асарҳои илмӣ, мақолаҳои илмӣ, васоити таълимӣ, монография, китоби дарсӣ омода ва ба нашр расонида мешавад. Ҳамчунин, дар доираи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ модулҳои таълимӣ барои курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ омода карда шуда, аз рӯйи он лексия – мусоҳибаҳо хонда мешаванд. Дар баробари ин, мақолаҳои илмӣ оммавӣ дар матбуоти даврӣ, сомонаи расмии Академия нашр шуда, тариқи радио ва телевизион баромадҳо доир карда шудаанд.
Дар китоби “Рӯзи Президент – нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон”аввалин бор дар мамлакат ба таври фарогир масъалаҳои марбут ба ин ҷашни писандидаи мардумӣ баррасӣ гардиданд. Асар дар ҳаҷми 500 саҳифа аз ҷониби кормандони Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” мураттаб ва ба чоп омода шудааст.
Дар таълифи китоб дар баробари муҳаққиқони Академия ходимони намоёни давлатӣ ва олимони шинохтаи мамлакат, инчунин ҳафт сафири мамлакатҳои аъзои СҲШ саҳм гирифтанд.
Китоб таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ ба табъ расидааст.
Робитаҳои байналмилалӣ
-Дар соли 2024 раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар самти иштироки ҳузурӣ ва маҷозии кормандон ва устодони Академия дар чорабиниҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла семинару тренингҳо, вебинарҳо, симпозиумҳо, конференсияҳои байналмилалӣ корбарӣ намудааст, ки дар маҷмӯъ шумораи зиёди чорабиниҳои гуногунҷабҳаро дар бар мегирад,- изҳор дошт номбурда.
Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки инчунин, ҳангоми амалӣ намудани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷонибаро бо назардошти масоили марбут ба рушди Академия авлавият мешуморад.
24 январи соли 2024 вохӯрии ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Исматзода С.С. бо намояндагони Фонди Оғохон;
8 феврали соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндагони Ҷамъиятӣ ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ);
24 феврали соли 2024 вохурии ректори Академия Сафарзода Д.Ҷ. бо ҳайати кормандони Академияи миллии идоракунӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
27 феврали соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо намояндаи навтаъйини КБСС дар Тоҷикистон Пиер-Эммануэл Дюкруе;
11-13 марти соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷоанна Салвил;
27-29 марти соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Комиссаров А.Г. дар ҳошияи Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ ва V Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Шахсият дар низоми идоракунӣ», шаҳри Москваи Федератсияи Россия;
13 апрели соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер;
20 майи соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо директори Маркази забонҳои хориҷии Донишгоҳи Ланҷов дар ҳошияи Форуми «Ҳамкорӣ ва рушди Чин ва Тоҷикистон» дар шаҳри Ланҷови Ҷумҳурии Мардумии Чин;
20 майи соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар Тоҷикистон хонум Малика Ҷурақулова;
21 майи соли 2024 вохӯрии ректори бо роҳбари департаменти идоракунии дахлдори дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Штефан Ханиш;
23 майи соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбари Хаби Остонагӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ Байменов А.М. дар доираи ҷаласи панелӣ «Идоракунии давлатӣ дар воқеияти нав» дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон;
27 майи соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои ИДМ Сисоев Евгений Сергеевич;
4 июни соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндагони САҲА дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм;
12 июни соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо Кевин Адкин – намояндаи Агентии рушди байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Осиёи Марказӣ;
21 июни соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбарияти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чумҳурии Мардумии Чин;
25 июни соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо роҳбари навтаъйини намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Валеревич Патрушев;
8 июли соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон Танабе Хидеки;
5 августи соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷоанна Салвил;
29 августи соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо ҳайати намояндагони Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо;
11 сентябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо муовини ректори Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва;
26 сентябри соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо сардори шуъбаи V/6 Шимолу–Шарқӣ ва Осиёи Марказии Бунёди Ҳаннс Зайдел – хонум Вероника Айхингер ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер;
8 октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндагони сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
10 октябри соли 2024 вохӯрии ректори Академия бо Котиби масъули Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) Сергей Валеревич Поспелов;
16 октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо ноиби президенти Академия миллии идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари омӯзишии «Шабакаи ҳамкориҳои академияҳои маъмурии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин» дар шаҳри Пекини ҶМЧ;
18 октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо ноиби ректори донишкадаи маъмурии Пекин дар доираи сафари омӯзишии «Шабакаи ҳамкориҳои академияҳои маъмурии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин» дар шаҳри Пекини ҶМЧ;
6 декабри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Академия бо намояндагони СБМ (МОМ) дар самти баробарии гендерӣ ва дастгирии занон.
Бояд тазаккур диҳам, ки робитаҳои байналмилалии Академия хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва мо талош мекунем дар оянда низ робитаҳои байналмилалиро боз ҳам густурдатар намоем.
№ | Номгӯи ихтисосҳо | Номгӯи рамазҳо | Бакалавр | Фосилавӣ бакалавр | Магистр | Маълумоти дуюм |
1 | Идораи давлатӣ ва иқтисодиёт | 1-260103 | 6300 | 4560 | 5060 | – |
2 | Идоракунии ҳайати кадрӣ | 1-26020212 | 5700 | 4080 | 5060 | 4080 |
3 | Идораи давлатӣ | 1-260101 | 6300 | 4560 | 5060 | 6000 |
4 | Муносибатҳои байналмилалӣ | 1-230101 | 9500 | 6840 | 5060 | – |
5 | Менеҷменти сиёсӣ | 1-2301060301 | 6300 | 4560 | 5060 | 5520 |
6 | Идораи мақомоти маҳаллӣ | 1-26010101 | 6300 | 4560 | 5060 | – |
7 | Сиёсат ва идораи давлатӣ | 1-2301060103 | 6300 | 4560 | 5060 | – |
8 | Менеҷменти молиявӣ | 1-25010410 | 6300 | 4560 | 5060 | – |
9 | Ҳуқуқи байналмилалӣ (ҳуқуқшиносӣ байналмилалӣ донистани забонҳои хориҷӣ) | 1-240101 | 6900 | 4500 | 5060 | – |
10 | Идораи давлат ва ҳуқуқ | 1-260102 | 7000 | 5500 | 5060 | 6500 |
11 | Ҳуқуқи иқтисодӣ | 1-240103 | 6900 | – | 5060 | 5520 |
12 | Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ | 1-26010301 | 6900 | – | 5060 | 5520 |
13 | Иқтисодиёти ҷаҳон | 1-250103 | 7000 | – | 5060 | – |
14 | Ҳуқуқшинос | 1-240102 | 8400 | 6400 | – | 7000 |
15 | Молия ва қарз | 1-250104 | 6750 | 4800 | – | – |
16 | Амнияти иттилоотӣ | 1-980101 | – | – | 4900 | – |
17 | Дипломатияи об | 1-230101-06 | ||||
20 | Сиёсати берунӣ ва дипломатия | – | – | – | 5500 | |
21 | Докторантура (PhD) | – | 7260 | – | – | – |
22 | Докторантура (анъанавӣ) | – | 7260 | – | – | – |
23 | Аспирантура | – | 4180 | 3850 | – | – |
24 | Унвонҷӯ | – | – | 3630 | – | – |
25 | Такмили ихтисос барои 1-моҳа | – | 880 | – | – | – |
26 | Такмли ихтисос барои 2-ҳафта | – | 550 | – | – | – |
27 | Такмли ихтисос барои 1-ҳафта | – | 270 | – | – | – |