Шоири маъруфи тоҷик, яке аз суханварони номошнои Ӯзбекистон Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) 70-сола шуд. Ӯ муаллифи китобҳои “Санги навишта» (1991), «Шабовез» (2000), «Шабоҳанг» (2012), “Шабогард”, “Девон” (2018) ва ғайра аст, ки дар Душанбеву Тошканд нашр ва аз ҷониби алоқамандони адабиёт хуб пазироӣ шудаанд. Паймон 40 сол аст, ки дар нашрияи “Овози тоҷик” фаъолияти рӯзноманигорӣ дорад. Бо медали “Шуҳрат” ва ордени “Дӯстлик“-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени “Дӯстӣ“-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳоиАълочии таълими халқи Ӯзбекистон“, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва “Нишони Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аст.

-Нахуст, Шуморо ба муносибати ҷашни мавлудатон табрик мегӯям. Ин санаи фархундаи рӯзгори хешро бо кадом рӯҳия пешвоз мегиред?

-Ташаккур аз Шумо, ки ёди мо кардед. Мирзо Абдулқодири Бедил ин шоири соҳирсухану нодирагуфтори мо сад чандон ҳақ аст, ки мегӯяд:

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,

Фурсати умр ҳамин миқдор аст.

Яъне боварам намеояд, ки ҳафтодсолаам. Ба ҳар ҳол ин санаро бо шукр аз қисмату шукрона аз тақдир истиқбол мегирам. Шумо шояд тасаввур кунед, ки ҳафтод сол ин санаи чандон кам нест.

Дар оғоз мехоҳам дар бораи рӯзгори кӯдакиву наврасии хеш бигӯед. Чӣ омилҳо сабаб шуданд, ки ба шеър рӯ овардед?

– Ман, тавре зикр шуд, 24 -уми феврали соли 1955 дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё дар хонадони омӯзгори фанҳои таъриху ҷуғрофиё Давлат Тӯхтаев таваллуд шудаам. Оилаи мо то баҳори соли 1964 дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Максим Горкии ҳамин ноҳия зиндагӣ дошт. Пасон ба деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, мавзеи бобоӣ кӯч бастем. Камина дар ҳамин ҷо мактаби миёнаро хатм карда, соли 1973 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ дохил шудам ва онро соли 1977 бо дипломи имтиёзнок хатм кардам. Ин ҷо бояд ёдовар бишавам, ки ҳанӯз аз солҳои мактабӣ ба навиштани шеъру мақолаҳо рағбат доштам. Солҳои таҳсил дар мактаб шеърҳои кӯдаконаам дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”-и имрӯза) ва маҷаллаи “Машъал” “Истиқбол”-и кунунӣ чоп шуда буданд.

-Оё дуруст аст, ки тахаллуси шумо яъне “Паймон”-ро устод Гулрухсор гузоштааст?

-Соли 1980, баъди се соли кор дар мактаби деҳа, бо иҷозати падар ва аҳли хонавода барои кор ба Душанбе рафтам. Дар идораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нахуст бо устод Лоиқ Шералӣ, ки сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” буданд, сипас бо устод Гулрухсор, ки котиби иттифоки нависандагон буд, вохӯрдам ва бобати кор дар Тоҷикистон суҳбат кардам.

Дар давоми суҳбат бо Гулрухсор эшон ба ному насаби ман таваҷҷуҳ карданд. Ман иброз доштам, ки мардуми мо аз рӯйи одат ба фарзандони худ номи гузаштагони хешро мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар ному насаби ман ягона – Тӯхтамиш Тӯхтаев аст, вале ман дар ғазалгунаҳои хеш баъзан тахаллуси Паймонро истифода мебарам.

Устод инро маъқул дониста гуфтанд: “Бигузор барои хешону қарибон шумо Тӯхтамишхон бошед, вале барои адабиёт шумо аз имрӯз Паймон ҳастед.” Ҳамин тавр мо Паймон шудем.

– Шумо бештар дар қолаби суннатӣ шеър мегӯед, ҳол он ки солҳои охир адабиёти форсӣ ба анвоъи нави шеър тамоюл дорад. Чаро чунин аст?

Дуруст мегӯед, камина асосан дар қолаби ба ном суннатӣ шеър мегӯям. Ҳарчанд, аслан ин ҷудокунӣ ё ҷудоиандозиҳоро чандон хуш надорам. Яъне шоир бояд ба маънии комил шеър бигӯяд, шеъри бисёр асилу пухта бисарояд. Мутаассифона, бисёр шоирони мо аз даврони хеш не, балки аз замони ҳатто барои ҳафт пушти худ дуру бегона шеър мегӯянд. Камина дар ҳама навъи шеъри форсӣ, аз ҷумла шеъри наву сафед, чаҳорпораву озод ва ғайра низ шеър гуфтаам. Фикр мекунам, шеър пеш аз ҳама, ибрози эҳсос, дарду нишот, баёну ифодаи бардошҳои шоир аз ҳаёт, аз олами атроф, аз ҳастии ӯст. Рисолати ӯ аз чӣ гуна мақсад ва маслакро пайгирӣ кардани вай бармеояд. Табиист, ки шоир аксаран пайи орзуву ниятҳои нек сухан мегӯяд ва ин орзуву ниятҳо ҳаргиз дар чаҳорчӯбаи танҳо маҳдуд нестанд, онҳо хоҳишу ниёзҳо, дарду нишоти қавму миллат, мардумон, балки бани одамро ироа мекунанд.

-Рисолати шоирии хешро дар чӣ мебинед?

Шеъри мо, ҳанӯз аз замони Одамушшуаро Аббуабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин рисолат дошту дорад.

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт

ин фармудаи устод

ё:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 гуфтани Шайх Саъдӣ ва шоҳасарҳову шоҳбайтҳои бисёр – бисёр шуарои мо аз бостон то имрӯз, хаёл мекунам, далели равшани чунин рисолат доштани шеър ва дар маҷмуъ адабиёт аст.

Дар яке аз шеърҳои банда, аз ҷумла чунин мисраъҳо ҳастанд:

 …Дард аст, ки гоҳ рӯй гирад, варна

Бо хости таъна шеър кай мегуфтам?

Дар силки арӯз ҳарф чиданҳоям,

Дард аст, вагарна шеър кай мегуфтам!

-Вазъи кунунии адабиёти тоҷикии Ӯзбекистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Айни ҳол муҳити адабӣ, умуман вазъи адабиёти тоҷикро дар Ӯзбекистон нисбати чанд сол муқаддам, метавон хуб, балки хеле хуб арзёбӣ кард. Зеро алҳол дар назди Иттиҳоди нависандагони ҷумҳурӣ Шурои адабиёти тоҷик фаъол аст. Дар назди Шуъбаи нависандагони вилояти Самарқанд бахши адабиёти тоҷик ҳам амал мекунад. Дар онҳо асарҳои шоирону нависандагон баррасӣ, номзадҳои нав ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон муҳокима мешаванд.

Чунончӣ, дар аввали соли равон ҳисоботи солонаи кори шуро ва маърузаҳои алоҳида оид ба назм, наср ва тарҷума шунидаву баррасӣ шуданд. Бояд таъкид кард, ки 5-6 сол муқаддам дар ҷумҳурӣ танҳо чаҳор ё панҷ нафар аъзои иттиҳоди нависандагон буданд, ҳоло сафи онҳо аз 20 нафар бештар аст. Дар доираи ҳисоботе, ки дар боло таъкид шуд, қайд гардид, ки соли равон нақшаи ба узвият пазируфтани боз чанд нафари дигар пешбинӣ шудааст. Чопи осори адибони тоҷик низ ба маротиб афзуд.

Дар кишвар ҳавзаҳои адабии шаҳру вилоятҳои Тошканду Самарқанд, воҳаи Сурҳон, водии Фарғона ва дигар шаҳру навоҳӣ хеле фаъоланд. Ҳар сол теъдоди зиёди асарҳои шоирону нависандагони тоҷики ҷумҳурӣ, ҳамчунин, тарҷумаи насриву назмӣ тариқи нашриётҳои мамлакат ба чоп мерасанд.

Имрӯз мо, баробари рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик”-и садсола, дар Самарқанду Сурхандарё рӯзномаҳои вилоятӣ, маҷаллаи илмӣ, адабиву бадеии худро низ дорем, ки дар Самарқанд таҳти унвони “Дурдонаи Шарқ” соле чаҳор маротиба бо сифат ва ороиши хуб чоп мешавад.

Акнун вақти он расидааст, ки сифат, яъне мазмуну муҳтавои асарҳое, ки дар ин нашрияҳо ба чоп мерасанд, беҳтару ҷолибтар бишаванд. Умуман, алъон барои адибони тоҷики кишвар, баҳри пешрафту тараққии эҷодиёти эшон имкониятҳо фаровонанд.

-Равобити адибони тоҷики Ӯзбекистонро бо Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Рафтуо ва мулоқоту вохӯриҳои эҷодиву дӯстонаи адибони мо бо аҳли қалами Тоҷикистон ҳам бештар аз пештар аст. Ба наздикӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, бахусус иқдоми Сафири муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Самарқанд Анҷумани дӯстӣ таҳти шиори “То тавонӣ дӯстонро гум макун!”, ҳамчунин, кушода шудани хонаҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанги Шарқ баргузор шуд.

Дар он баробари кормандони идораҳои давлатӣ, бисёр шоиру нависандагон аз Душанбе ва Хуҷанд, аз ҷумла шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, ҷонишини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар ва ғайра ширкат варзиданд.

Шумо бо адибони Тоҷикистон ҳамкорӣ доред? Чаро кам ба Душанбе меоед?

Камина низ тӯли солҳои 2018-2020 чандин бор ба Тоҷикистони азиз, хосатан ба Душанбеи зебо сафар доштам. Мутаассифона, ду-се соли охир иллати дарди пой имкон намедиҳад, ин сафарҳо бештар шаванд.

Бо вуҷуди ин:

Ман набудам дар замоне аз замони худ ҷудо,

Андар оғӯши ҷаҳоне аз ҷаҳони худ ҷудо.

Будам андар сар хаёли Тоҷикистону набуд

Фикру ёдам аз ғами Ӯзбекситони худ ҷудо

Кардаам шукри забони хушбаёни ину он

Лаҳзае нобуда аз зикри забони худ ҷудо

 -70 синне аст, ки шахси эҷодкор ба гузаштаву имрӯзи хеш менигарад, хулоса мебарорад ва барои оянда нақша мекашад. Шумо агар зиндагии хешро ташхис кунед чӣ бардоште ҳосил мекунед ва чӣ корҳое ҳаст, ки бояд анҷом диҳед?

Рост мегӯед, ки ҳафтод сол ба инсон барои хулосабарорӣ аз умр ва саракунии хубу бади он имкони фаровон медиҳад. Агар ба рӯзгори тайкардаи хеш аз ин фарозу аз ин нуқтаи назар дида бидӯзам, мебинам, ки бохтҳо аз бурдҳо бештару ёфтаҳо аз гумкардаҳо ба нисбат камтар будаанд. Вале чӣ бояд! Илло он ки ба ҳар чи муваффақ шудаему бо мост ва агар саломатӣ ҳасту умр вафо кунад, боз муваффақ хоҳем шуд, шукр гӯем:

Ба ҳар як субҳу шоми бахши мо шукрона бояд гуфт,

Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар бисмиллаҳу омин сазад алҳамди Ҳақ, яъне

Ба ҳар як ибтидову интиҳо шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар фурсат, ки баҳри зиндагонӣ медиҳад фурсат,

Ба ҳар дам, кон бувад пайки бақо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар гоҳе ки қубҳу ҷурми моро мекунад татҳир,

Ба ҳар ҳине, ки ҳаст он ҳуснзо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар соат, ки аз он соати умр аст тӯлонӣ,

Ба ҳар вақте, ки бошад ҷонфизо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар як лаҳза, каз вай лаҳзаи хуш мешавад афзун,

Ба ҳар ҳангом, комад ғамзудо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар оне, ки гардад модари они дигар Паймон,

Ба ҳар аҳде, ки зояд аҳдҳо, шукрона бояд гуфт.

 Ташаккур, ки имкон пайдо кардед ва ба чанд суоли мо посух гуфтед.

Бисёр ташаккур, ки имкон доштам, аз тариқи Шумо бо азизони тоҷикистонӣ, бо дӯстони шеъру сухан, аҳли адабу фарҳанг, ҳадди ақал лаҳзаяке ҳамсуҳбат бошам. Кам набошед…

Мусоҳиб Одил НОЗИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь