Гулсара Авазова муҳарририи маҷаллаи “Офтобак”-и Вазорати фарҳангро ба дӯш дорад. Ӯ соли 2022 узви Иттифоқи нависандагон шуд ва 15 маҷмӯаи осорашро муаррифӣ кард. Ин китобҳо бо забони тоҷикиву русӣ нашр ва ба ӯзбекиву англисӣ баргардон шудаанд.
Гулсара Авазова дар суҳбат бо мухбири маҷалла аз дунёи рангини кӯдакону наврасон, аз эҷоди аввалин ҳикояҳо то нашри китобҳо, аз ширкат дар озмунҳо то музаффариятҳо, аз пешниҳод ба ИНТ то тавсия ба ҷавонон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти эҷодӣ қисса кард.
“барои кӯдак навиштан душвор аст”
-Ҳанӯз ҳикояву афсона, шеъру тарона, чистону тезгӯякҳои азёд кардаам ба ёдам меоянд. Чӣ хел соддаву фаҳмо, равону салис буданд, бо як хондан дар хотира нақш мебастанд. “Бибиҷонам меояд, дилу ҷонам меояд, аз роҳи дур меояд, базӯр-базӯр меояд,”-мегӯяд ӯ ва шеъри машҳури шоири маҳбуб Гулчеҳра Сулаймониро то ба охир қироат мекунад. Дар симояш шодмонӣ, дар садояш мамнунӣ, дар сароишаш шавқмандӣ эҳсос мешавад.
Бале, ӯ ошиқи зиндагӣ, ошиқи бачаҳо, ошиқи эҷод, ошиқи шеър, ошиқи кори худ аст. Китобҳояшро мисли фарзанд дӯст медорад, “Офтобак”-ро бо ҷонаш баробар меҳисобад. -Шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ман чӣ қадар кӯдаконро дӯст медорам. Онҳо ба ман илҳом мебахшанд, маро рӯҳбаланд мекунанд, то чизе эҷод кунам,-мегӯяд ва китобҳои нашркардаашро пешкаш мекунад, ки ҳама мунаққашу муҷалло ҳастанд.
Як-як варақ мезанам, бо муҳтавояшон ошно мешавам, ба номашон таваҷҷуҳ мекунам. “Заррабарф”, “Ҳадягулҳо”, “Мӯрчаҳо”, “Чистон?”…Ба мақсад мувофиқ, ба кӯдак фаҳмо. -Аз номи дарозу душвор худдорӣ мекунам, он хонандаи хурдсолро дилгир мекунад. Кутоҳ мегӯям, он тавре, ки А.П.Чехов гуфта буд: “Кутоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод аст”. Набояд кӯдакро ба сардаргумӣ бурд, ӯро роҳгум занонд, шавқу шӯрашро хомӯш кард.
Гулсара Авазова бастаи чандсолаи “Офтобак”-и оламорояшро рӯи мизи корӣ мегузорад. Аз он ба машом бӯи баҳор, бӯи гул меояд, ба ҷисм эҳсоси гармии фараҳбахше мерасад. Кас эҳсос мекунад, ки на саҳифаи маҷалла, балки дарвозаи дунёи дигареро боз кардааст. Қиссаҳои аҷиб, шеърҳои хоно, тасвирҳои зебо, ҳама ба завқу салиқаи кӯдак мувофиқ. Чун онҳо бо як муҳаббати хос таҳия шудаанд, барои тарбияи насли навраси як миллат.
-Ҳар субҳ қабл аз оғози кор мегӯям, ки “Офтобак” бояд нуру сафои ҳар хонадон бошад. Маҳз ин шиор имкон медиҳад, ки бештар ҳаракат кунам, то самари меҳнатамро бинам. Вақте шумораи нави маҷалларо ба даст мегирам, гӯё аз зери бори гарон озод мешавам. Масъулияти ман дар баробари масъулияти рӯзномаи рақами яки кишвар қарор дорад. Ба кӯдак фаҳмонида намешавад, ки инҷо хато шудааст, ана ин тавр бояд хонда шавад…
Ба умқи чашмонаш менигарам, дар онҳо шуълае медамад, шуълаи муҳаббат ба касб. Маҳз барои ҳамин нисбат ба худ серталаб аст, саҳлангориву бепарвоиро намеписандад. Ҳар як калимаро санҷида, бори маънияшро бар кашида, пасон рӯи авроқи сафед меорад. Матнро такрор ба такрор мехонад, суфтаву сайқал медиҳад, шевову равон мегардонад. Ин аст муҳаббати як нависанда ба қалам, ин аст масъулияти як нависанда пеши хонанда.
“Бе қалам зиста наметавонам”
Гулсара Авазова хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ зиндагии худро бе адабиёт, бе эҷод ва бе кӯдакон тасаввур карда наметавонад. -Чун волидон аҳли китоб буданд, моро талқин мекарданд, ки аз мутолиа дур нашавем. Модарам дар ниҳоди мо ҳисси зебоипарастӣ ва дӯст доштани зиндагиро мепарвариданд, -мегӯяд қаҳрамони мо ва аз модар ёдовар мешавад, ки то ҳол садояш ба гӯшаш мерасад. -Ҳеҷ гоҳ асабонӣ намешуданд, садо баланд намекарданд, сухани қабеҳ намегуфтанд. Дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ медоштанд, ҳар як суханро чидаву санҷида мегуфтанд. Маҳз тарбияи он кас буд, ки имрӯз мо ба ин ҷода расидем ва ҳам ному ҳам нон ёфтем.
Гулсара Авазова иқрор мешавад, ки қаҳрамони баъзе ҳикояву афсонаҳояш худи ӯст. – Ёфтани мавзӯъ бароям чандон душвор нест, зеро аз кӯдакии худ хотироти ширин дорам. Агар ҳар яки онҳоро ба риштаи тасвир кашам, маҷмӯи қиссаҳои хубу хонданӣ мешавад. Барои нависанда муҳим нест, ки ин зиндагии кист, балки хонанда чӣ бардошт мекунад? Агар ҳар яки мо инро шиори худ қарор диҳем, асарҳои арзишманд рӯйи кор меоянд,-мегӯяд ӯ ва ба роёна менигарад, ки саҳифаи тоза дорад ва барои эҷод кардан омода аст.
Қаҳрамони мо иброз медорад, ки гоҳо ҷараёни зиндагӣ худаш мавзӯи рӯзмара медиҳад. Аз ин рӯ ҳамеша мушоҳидакорӣ мекунад, то аз ҳаводиси рӯзгор бори маънӣ бардорад. -Куҷое бошам, ба хӯю хислат, рафтору гуфтор, муомилаю муносибат аҳамият медиҳам. Ин имкон медиҳад, ки аз як нафар ё як падида чанд хулоса барорам, чанд ҳикоя нависам. Муҳим дида тавонистан, дуруст таҳлилу баррасӣ кардан ва ба хонанда паёме расонидан. Ин аст рисолати як нафаре, ки бо қалам сару кор дорад ва ҳарфе барои гуфтан дорад,-мегӯяд ӯ ва илова мекунад, ки иҷрои ин рисолат қувваву нерӯи зиёдро талаб мекунад.
Воқеан, нафаре, ки як умр бо қаламфарсоӣ кардан зиндагӣ кардааст, дунёи дигар дорад. Ӯро наметавон аз роҳ баргардонд, ӯро намешавад манъ кардан, ӯро намешавад не гуфт. -Баъзан ба мавзӯъҳое даст мезанам, ки ҷиддӣ ҳастанд ва кӯдак тавони бардошт надорад. Онҳоро ба дигар рӯзномаю маҷаллаҳо месупорам, то ба дасти мухотабонаш рафта расад. Гоҳо мегӯянд нафаре ки барои кӯдак менависад, аллакай аз имтиҳони эҷодӣ гузаштааст. Агар ин тавр бошад, пас метавонам гӯям, ки кайҳо фурсати навиштани роман расидааст, -мегӯяд ва табассум мекунад, ки ба худаш зебанда аст ва ҳам ба номаш мувофиқ.
Қаҳрамони мо ғолиби чандин озмуну сабқатҳои эҷодии ҷумҳуриявиву байналмилалист. Сар аз озмуни “Дуои Модар”, ки бо ибтикори рӯзномаи “Ҷумҳурият” рӯи кор омода буд. -Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои ман, ин пеш аз ҳама санҷидани малакаи худ аст. Чун ҳамеша дар ҷустуҷӯву такопӯ ҳастам, барои беҳбудии ҷомеа ҳисса гузоштаниам. Чанд сол пеш бо ташаббуси созмони ҷаҳонии USAID навиштаҳоямро бознашр карданд. Ба ин васила, ҳазорҳо нафар бо афсонаву ҳикояҳоям ошно шуданд, ки фараҳовар аст. Бояд ҳамқадами замона бошем, ҳақиқати рӯзро нависем ва барои оянда мерос гузорем,-меафзояд ӯ ва ба сипосномаву ифтихорномаҳояш менигарад, ки утоқро зеб медиҳанд.
Гулсара Авазова аз он меболад, ки заҳматҳояш қадр мешаванд ва ба ӯ сипос мегӯянд. -Баъзан дар қади кӯча ва ё дар нақлиёт мегӯянд, ки фалон китобатон ба мо писанд омад. Ҳамон лаҳза худро хеле хушбахт меҳисобам, зеро эътирофи хонанда ҳадяи бебаҳост. Ҳар гоҳ китобам аз чоп барояд, фақат дуо мекунам, ки дархӯри завқи хонанда бошад.
“Бигзор ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ бошад”
-Имрӯз барои рӯзноманигорон, барои нависандагон, барои шоирон ҷоизаи адабӣ дорем. Аммо ба онҳое, барои кӯдак менависанд, на! Мо ҷоиза барои адибони бачаҳо надорем! Як ҷоизаи байналмилалӣ ба номи Ҳанс Кристиан Андерсон дар ин соҳа вуҷуд дорад. Аммо барои ба он мушарраф шудан асарҳо бояд бо чанд забон тарҷумаву нашр шаванд. Намешавад, ки ҷоизаи худамонро бо номи яке аз адибони машҳурамон таъсис диҳем?-мепурсад қаҳрамони мо ва худ боз посух медиҳад, ки кайҳо фурсати ин кор расидааст. -Агар аз ман пурсанд, бо дилпурӣ мегӯям, бигзор ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ бошад! Зеро хизматҳое, ки ин адиб барои рушди адабиёти кӯдак анҷом додааст, сутуданист.
Аз ҳамсуҳбатам мепурсам, ки агар аз шумо пурсанд, якум киро ба ҷоиза тавсия медиҳед. -Бигзор инро ҳайати тадорукот муайян кунад, аммо ин ҷоиза бояд ҳатман таъсис ёбад! Имрӯз ман бо ифтихор аз Азизи Азиз, Сафияи Носир, Латофат Кенҷаева, Гулчеҳра Муҳаммадиева ва боз чанд нафари дигар ном бурда метавонам, ки воқеан арзандаанд. Бо осори онҳо хонандаи хурдсол кайҳо ошност, дар ҷомеа низ онҳоро эътироф кардаанд, -меафзояд қаҳрамони мо ва илова мекунад, ки бо чакидаҳои қалами ҳар яки онҳо ошност
Гулсара Авазова иброз медорад, ки ҷавонони навқалам низ дар ин ҷода андак нестанд. -Албатта, бештарашон ба шеър майл доранд, аммо дар инҷо ҳеҷ ишкол вуҷуд надорад. Аз он навқаламоне, ки ба насри бачагона ҳавас доранд, метавонам чандеро ном барам. Яке аз онҳо Сайидо Шарафӣ аст, ки завқи баланд дорад ва ҳарфи нав гуфта метавонад. Нашри маҷмӯаҳои “Шодии талх” ва “Бобо, бибӣ ва набера”-аш далели ин гуфтаҳост. Агар ба қалам содиқ монад ва ҷиддӣ аз пайи эҷод шавад, нависандае хубе хоҳад шуд.
Аз ҳамсуҳбатам мепурсам, ки барои бачаҳо навиштан ягон қоидаи ҳатмӣ вуҷуд дорад? -Ягон қоидаи ҳатмӣ нест, аммо ба як нукта бояд аҳамият дод, ки донистанаш муҳим аст: Тавре нависед, ки бо як хондан фаҳмо бошад, зеҳни кӯдак тавони бардошти онро кунад. Аз навиштани ҷумлаи дароз худдорӣ кунед, аз истифодаи калимаи мураккаб даст кашед. Худатонро дар ҷойи кӯдак тасаввур кунед ва ба навиштаатон аз нигоҳи кӯдак нигаред. Он гоҳ худатон низ баҳо дода метавонед, ки аз иҷрои масъулият баромадед ва ё не.
Дарҳақиқат,номвартарин нависандагон маҳз бо осори бачагонаашон шӯҳратёр шудаанд Ин ки ҳатто иддае бо мукофотҳои баланд сарфароз гардидаанд, ҷойи шакку шубҳа нест. -Ҳамеша мутолиа мекунам, то воқиф шавам, ки кӣ дар кадом мавзӯъ чӣ навиштааст? Ин имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои дигари як мавзӯро баррасӣ кунам, онро тасвир намоям. Ба навқаламони ҷавон низ тавсия медиҳам, ки бештар аз пайи мутолиаи китоб бошанд. Ба услуби баён, тарзи тасвир, образофаринӣ ва дигар ҷиҳатҳои муҳим аҳамият диҳанд. Он гоҳ навиштаи онҳо низ ба дилҳо роҳ меёбад ва китобҳояшон аз даст ба даст мегардад -мегӯяд қаҳрамони мо ва бо ҳамин ба сӯҳбати гарми самимиамон анҷом мебахшад.
Ман бошам то дергоҳ ба маҷмӯи китобҳо ва бастаи маҷаллаи “Офтобак” чашм медӯзам. Тасвирҳои зебои онҳо чашмро мерабоянд ва хаёли касро ба кишвари афсонавӣ мебаранд
Амони МУҲАММАД