Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишвар 13 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагони касбӣ ва кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи мамлакат онҳое мебошанд, ки барояшон ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар асоситарин рисолати ҳаёт аст.

Бахшида ба ин сана ва бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолият, муваффақияту дастовард ва саҳми  кормандони ин бахш  дар коҳиш додани хатари ҳодисаҳои табиӣ бо сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ҷамшед Камолзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон  мегардонем:

-Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи мо шаҳрвандон дар бораи вазифаву рисолат,  муваффақияту дастовард ва дар умум фаъолияти кормандони бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  кам медонанд. Дар ҳоле кормандони ин бахши муҳим дар баробари табибон низ рисолати бузург  доранд ва ҷони инсонҳоро ҳам аз марг наҷот медиҳанд. Нахустин саволам ин аст,  ки корманди ҳолатҳои фавқулодда кист? Ва ё ин пеша аз шахс чиро талаб менамояд?

-Дар аввал бояд зикр намуд, ки мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар баробари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфтааст.

Маҳз бо талошу заҳматҳои зиёд ва ширкати бевоситаи Раиси Ҳукумат – Раиси Комиссияи давлатии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ сохтори мукаммали идоракунии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд гардид, ки баҳри ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ заминаи устуворе гузошта истодааст.

Дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳал намудани дигар мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаро ташкил намуданд.

Бо ин мақсад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти мамлакат ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 ташкил карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар сафҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ҷавонон адои хизмат менамоянд ва аз онҳо дар ин пеша ҷасорат, мардонагӣ ва  далерии хешро нишон медиҳанд.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолият ва рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чӣ гуна заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст?

-Дар кишвар баҳри фаъолияти бонизом ва самарабахши соҳа  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, “Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, ки аз тарафи мутахассисони кумита омода гардидаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими заминаи моддӣ ва техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Барномаи рушди соҳаи   ҳолатҳои    фавқулодда   ва  мудофиаи  гражданӣ  барои     солҳои   2009 – 2014”   ва   “Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022” тасдиқ гардида, барои рушди минбаъдаи соҳа замина гузоштаанд.

Инчунин, ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби ҳамоҳансозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №98 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шудааст. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомотҳои худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, секторҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.

-Бинобар сабаби он, ки 97% замини Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳсор мебошад, мусаллам аст, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳар фасли сол офатҳои табиии зиёд ба вуқуъ мепайванданд. Лутфан бигуед, ки давоми соли 2022 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар чӣ қадар офати табиӣ ба вуҷуд омадаву зарари молиявию ҷонии онҳо низ дар ин давра чӣ қадар аст?

-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботии нуҳ моҳи соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ  528 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 36 заминларза, 335 ҳодисаи тармафароӣ, 24 ҳодисаи сангрезӣ, 20 ярч, 9 шамоли сахт, 8 боришоти борони зиёд, 13 баландшавии сатҳи об, 3 раъду барқ, 74 сел ва 6 хунукии сахт.

Аз ин шумораи 528 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиии ба қайд гирифташуда, дар 46 ҳолати он ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расид, ки маблағи зарари муайяншуда  75 млн 708 ҳазор 500 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар 12 ҳолати ба вуқуъ омада 51 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҳодисаву ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омада, бештар заминларза, боришоти барфи зиёд, хунукии сахт, фаромадани тарма, сангреза, ярч, боришоти борони зиёд ва омадани сел, раъду барқ ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисорот ворид намудаанд.

Дар давраи ҳисоботии нуҳмоҳаи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ  623 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 42 ҳолаташ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарар расонида, хисороти он 17 млн 119 ҳазору 900   сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамин замина, мехостем бифаҳмем, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ чӣ иқдом ва чорабиниҳо рӯйи даст гирифта шудаанд?

-Дар робита ба ин масъала ҳамасола аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия ва тасдиқ карда мешавад, ки тибқи он ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ иқдомҳои таъсирбахш андешида мешаванд. Масалан, ҳамасола барои омодагӣ ба мавсими зимистону баҳор дар минтақаҳои хавфноки табиӣ машқу тамринҳо баҳри огоҳсозии аҳолии зери хавф қарордошта, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани сойу каналҳо  гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани иттилоотонии аҳолӣ  ҳар сол бахшида ба 13 октябр-Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ як қатор чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни аҳолӣ ва табақаҳои бештар осебпазир  баргузор мегарданд.

-Дар давоми соли 2022 ва нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат ҳангоми дар об ғарқ шудан чӣ қадар одамон аз марг наҷот дода шудаанд?

-Ҳар сол дар мавзеъҳои Уштур (71 км)  ва Майхура (62 км)-и ноҳияи Варзоб дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок постгоҳи муваққатии наҷотдиҳандагон дар мавсими зимистон гузошта мешаванд. Наҷотдиҳандагони касбии кумита ҳамасола ба имдоди мусофирон ва ронандагон дар ин мавзеъҳо шитофта, кумаки худро ба ниёзмандон мерасонанд, аз ҷумла дар ин давра даҳҳо нафарро аз тарма наҷот додаанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023 162 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд, ки 170 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафар наҷот дода шуданд. Соли гузашта бошад, дар кишвар 140 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки 152 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафар наҷот дода шуда буданд.

Ҳамзамон, ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳар сол дар мавсими зимистон аз ҷониби кумита дар км 62 ва 72 шоҳроҳи Душанбе-Чанок нуқтаи муваққатӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамчуноне хабар дода будем, 28 июли соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел омад, ки ба аҳолӣ ва иқтисоди ноҳия зарар расонид. Селоби бузург ҳамроҳ бо лою лойоба ва сангу сангреза дар маркази деҳа ду сокини русто, яке Идибой Ҳалимови 75-сола ва Азизҷон Мерганзодаи 7-соларо бурд. Ин манзараи мудҳишро дида, сокини ҳамин деҳа Авлоддин Шарипов худро ба маҷрои сел андохт, то ин ду селбурдаро наҷот диҳад. Ва муваффақ шуд, ҳарду бо талошу заҳмати ин марди ҷасур аз марг наҷот дода шуданд.

Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Авлоддин Шарипов барои ҷасорату мардонагӣ ва наҷоти ҷони ду нафар Ифтихорнома ва мукофоти хотиравӣ – телевизор тақдим карда шуд.

Оғози соли 2023 дар мамлакат Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Лутфан мегуфтед, ки ҳадаф ва мақсад аз қабули барнома ва нақшаи мазкур дар чист? Ва ё дар ин ҳуҷҷатҳо кадом роҳу усул ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар кишвар зикр шудаанд?

-Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 дар асоси афзалиятҳои калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 ва бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати ширкати бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия карда шудааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барномаи мазкур  бо  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022,  №630  қабул гардидааст ва мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд.

Нақшаи амали барнома барои давраи солҳои 2023-2025 ва 2026-2028 ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, эҷоди тамсилаи мониторинг ва арзёбӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ имконияти заминаи мустаҳкам гузоштанро доранд, равона карда шудааст.

Таваҷҷуҳи афзалиятнок дар давраи миёнамуҳлат ба тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо, осебпазирӣ ва афзоиши иқтидори аҳолӣ, таҳкими воситаҳои миллӣ дар шароити ҳамгиросозии масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, гузаронидани санҷиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорисозии методология ва воситаҳои аз назари илмӣ асоснок барои ба ҳисоб гирифтани маълумоти ҷудошуда оид ба талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯйи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи он ва иттилооти дигари оморӣ, мукаммалгардонии тамсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, амалиёти ба пешгирӣ ва омодагӣ ба эътиногирӣ ба ҳолатҳои фавқулодда нигаронида, ки дар натиҷаи на танҳо офатҳои табиӣ, балки дар натиҷаи эпидемияҳо ва пандемияҳо омилҳои номусоиди иқтисодӣ ва ғайра ба амал меоянд, равона карда мешавад.

Мақсади барнома таҳкиму вусъати иқтидори миллӣ оид ба паст кардани хавфи мавҷудаи офатҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани бавуҷудоии хавфҳои нави офатҳои табиӣ мебошад.

Зарурияти қабули барномаи мазкур-ин тақвият бахшидани иқтидори мақомоти идоракунии давлатӣ дар самти паст кардани хавфи офатҳои табиӣ буда, низоми бо эътимод оид ба омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро барпо менамояд. Ҳамзамон, заминаи моддию техникии зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, яъне вазорату идораҳои дахлдор таҳким карда мешавад. Тасдиқ ва амалӣ гардидани барномаи номбурда имкон медиҳад, ки баҳри амалишавии чорабиниҳои пешбинишудаи сармояҳои иловагӣ ҷалб карда шаванд.

Тавре аз расонаҳо иттилоъ меёбем, ҳамасола кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ҳангоми саёҳат ва дучор шудан ба мушкилие дар ин ё он минтақаи мамлакат сайёҳони хориҷиро низ аз ҳолатҳои душвор ва ҳатто марг наҷот медиҳанд. Оё дар кумита оморе ҳаст, ки давоми соли 2022 ва нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби кормандони соҳа чӣ қадар сайёҳони хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар куҳсорони мамлакат аз ҳолатҳои басо душвор наҷот дода шудаанд? Ва оё то кунун дар робита ба ин хизматҳои шоёни кормандони соҳа ба кумита аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ номаҳои изҳори сипосу миннатдорӣ ворид гардидааст?

-Боиси қайд аст, ки наҷотдиҳандагони кумита мунтазам дар чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ доир ба рушди сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ ва кӯҳнавардиву варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар ҳақиқат чунин омор дар кумита вуҷуд дорад. Мисол, дар давоми соли 2023-5 баромадҳои фаврии наҷотдиҳандагони кумита ба кумаки сайёҳон ва кӯҳгардони дохилию хориҷӣ ба қайд гирифта шуд.

Баъд аз роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, наҷотдиҳандагони кумита дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ санаи 21 июли соли  2023  ҷароҳатбардошта шаҳрванди Ҷумҳурии Беларус Гракович Д.Л., (соли таваллудаш 1986), санаи 24 июли соли 2023 шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳайати 5 нафар, аз ҷумла ҷароҳатбардошта шаҳрванд Яртсев Г.Н., (соли таваллудаш 1973), санаи 25 июли соли 2023 шаҳрвандони Британияи Кабир дар ҳайати 2 нафар, аз ҷумла  бемор Майкл Алан Фоуйлер (соли таваллудаш 1956), санаи 13 августи  соли 2023 кӯҳнавардони Литва дар ҳайати  6 нафар, аз ҷумла  Томас Прапуоленис (соли таваллудаш 1973), санаи 19 августи соли 2023 шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳайати 4 нафар, аз ҷумла ҷароҳатбардошта шаҳрванд Персиков О. (соли таваллудаш 1984) аз баландкӯҳҳо тавассути чархболҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қушӯнҳои сарҳадӣ ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе оварда, бо мошини ёрии таъҷилии кумита ба беморхонаи “Истиқлол”-и пойтахт интиқол дода шуданд.

Албатта, дар мавриди наҷот додани сайёҳон ё куҳнавардон онҳо миннатдории бепоёни худро ба наҷотдиҳандагон мерасонанд. Масалан, шаҳрванди Ҷумҳурии Белорус Гракович Д.Л. барои наҷоташ ва ба имдодаш расидан, ба наҷотдиҳандагони кумита шахсан изҳори миннатдорӣ намуд.

-Дар он минтақаҳои куҳсори мамлакат, ки эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тармаву сел, сангпораҳо ва лағжидани куҳу теппаҳо хеле зиёд аст, аз ҷониби кормандони кумита чӣ гуна чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд?

-Иттилоъ медиҳем, ки дар назди кумита гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил карда шудааст ва ҳамасола аз ҷониби гурӯҳи кории мазкур муоинаи минтақаҳои хавфноки табиӣ гузаронида мешавад. Дар асоси он, руйхати аниқшудаи хоҷагиҳое, ки зери хавфи равандҳои экзогенӣ  қарор доранд, тартиб дода мешавад.

Ҳамзамон, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки корҳои зарурии пешгирикунандаро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, аз ҷумла гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани сою каналҳо аз селовардҳо, огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди хатарҳо, гузаронидани машқу тамринҳо ва марҳила ба марҳила кучонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф сурат мегирад.

-Моҳи феврали соли равон дар кишвари Туркия заминларзаи бузурге ба вуқуъ пайваст, ки боиси марги садҳо шаҳрвандон гашт. Баҳри рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи мудҳиш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат низ ба ин кишвар сафар намуда, ҳамроҳ бо ҳамтоёни турки хеш барои наҷоти одамон аз зери  харобаҳо ҷалб гардиданд. Иштирок дар бартарафсозии ин ҳодиса то кадом андоза таҷрибаи кормандони  соҳаи мамлакатро баланд бардошт?

-Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 6 феврали соли 2023 дар ҷанубу шарқии кишвари Туркия ва шимоли Сурия бар асари заминҷунбии магнитудааш 7.8 беш ва афтершокҳои он, зиёда  аз 40 ҳазор нафар ҳалок шуда, даҳҳо ҳазор бинову иншооти зиёд валангор гардиданд.

Дар асоси дастури  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 феврали соли ҷорӣ барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминҷунбӣ 50 нафар наҷотдиҳандагони кумита ба кишвари Туркия сафарбар гардиданд.

Бояд қайд кард, ки аз оғози таъсисёбии кумита иштироки наҷотдиҳандагони мо берун аз кишвар дар гузаронидани корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ, хусусан заминҷунбӣ бори нахуст сурат гирифта, боиси баланд гардидани обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Ҳамзамон, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат аз оғози амалиёт дар шаҳрҳои бештар осебдида- Кахраманмараш ва Хатай – 3 нафарро зинда ва  217 ҷасадро аз зери харобаҳо бароварда, ба мақомотҳои дахлдори Туркия супориданд.

Албатта, иштирок дар чунин амалиётҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба гузаронидани корҳои кофтуковию наҷотдиҳии хавфи баланд дошта таҷрибаи  наҷотдиҳандагони кумитаро зиёд гардонид.

-Ҳамазмон мегуфтед, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум доир ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ 5302 ахбору гузоришҳо тариқи  ВАО-и  ватаниву хориҷӣ оид ба ҳаёту фаъолияти кумита ва ҳодисаҳои фавқулоддаи дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал омада ба самъи аҳолӣ расонида шуданд. Аз ҷумла, 1274 пахшҳо таввасути шабакаҳои телевизионӣ оид ба заминҷунбӣ, тармафароӣ, сел, ярч, ғарқшавӣ, хунукиҳо, ҳавои гарм, инчунин дар бораи фаъолити кумита тариқи барномаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “Варзиш”, “Баҳористон”, “Илм ва табиат”, “ОРТ”, шабакаҳои телевизионии вилоятҳо, ширкати байнидавлатии садо ва симои “МИР” инъикос карда шуданд.

Инчунин, 1789 гузоришҳо тариқи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилии радиоҳои «Тоҷикистон», «Овози тоҷик», “Фарҳанг”, «Садои Душанбе», «Азия плюс», «Имрӯз», «Ховар», «Ватан», «Россия сегоня», «МИР» ва ғайраҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ маълумоти муфассал пахш гардиданд.

Дар рӯзномаҳои даврӣ оид ба фаъолияти кумита ва ҳодисаҳои фавқулоддаи дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал омада, 447  ахбору гузоришҳо ба самъи аҳолӣ расонида шуданд.

Ҳамзамон, аз соли 2019 инҷониб дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм ва бо дастгирии шарикони рушд дар ҳама муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чорабинӣ бо номи «Shake Out» оид ба омодагӣ ба заминҷунбиҳо гузаронида мешавад.

Соли ҷорӣ низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ Вазорати мориф ва илми кишвар ва бо дастгирии шарикони рушд дар ҳама муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чорабинии мазкурро аз 25 сентябр то 6 октябри соли 2023 баргузор намуд.

Чунин корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум доир ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд.

-Мусаллам аст, ки истифодаи технологияи ҳозиразамон низ дар  вақти сар задани офатҳои табиӣ метавонад дар наҷот додани шаҳрвандон  нақши калон бозад. Имрӯзҳо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат то кадом андоза бо технологияи ҳозиразамон дар самти ҷустуҷу ва кофтукови одамон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ таъмин ҳастанд?

-Дар робита ба ин, саҳми босазои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда беназир мебошад.

Имрӯзҳо сокинони кишвари мо медонанд, ки онҳо аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҳифз мегарданд ва дар ҳар лаҳза кормандони сохторҳои наҷотдиҳӣ омода ҳастанд, ки дасти ёрии худро ба мардуми сарбаланди кишвар расонанд.

Дар шароити имрӯза, роҳбарияти кумита ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки заминаи моддӣ-техникии он боз ҳам пурқувват гардад.

Баҳри бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, сохтору хадамотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пурра бо техникаи махсус ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар баробари ин, бо таваҷҷӯҳи роҳбарияти кумита ва шарикони рушд бино ва иншоотҳои сохторҳои таркибӣ таҷдиду таъмир гардида, иншоотҳои хизматрасонии маишӣ барои қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, биноҳои ситоди қисмҳои ҳарбӣ, ҳаммомҳо барои сарбозон, ошхона, бунгоҳҳои тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта ва ба истифода дода  шудаанд.

Дар оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Маркази миллӣ барои тайёр намудани наҷотдиҳандагони касбӣ, бунёди Маркази миллӣ барои тайёр намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ, Маркази қабули гурезагон дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ,  Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳри Роғун ва дигар иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.

Кумита дар оянда низ корҳоро баҳри ҳифзи аҳолии мамлакат, манфиатҳои давлативу таъмини бехатарии миллӣ идома дода, вазифаҳои дар наздаш истодаро пурра иҷро менамояд.

-Дар охир мехостем доир ба донишу таҷриба ва малакаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ назаратонро баён мекардед!

-Аз соли 1999 то инҷониб мунтазам кормандони кумита дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия таҳсил намуда, аз ин шумора хатмкунандагон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарикунанда адои хизмат доранд.

Ҳамзамон, аз соли 2017 курсантҳо дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия интихоб ва сафарбар мегарданд, ки онҳо бо ихтисоси “Бехатарии техносферӣ дар самти ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда” таҳсил менамоянд.

Инчунин, шурӯъ аз соли 2009 то инҷониб кумита мутахассисонро ба Донишкадаи муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус сафарбар менамояд, ки онҳо факултаи муҳандисии ин донишкадаро бо ихтисоси “Огоҳкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” хатм намуда, хизматро дар кумита давом дода истодаанд. Инчунин, барои кумита мутахассисонро Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тайёр менамояд.

Муҳтарам Ҷамшед Камолзода, барои чунин як суҳбати ихтисосӣ аз шумо сидқан сипосгузорем ва ба фаъолияти минбаъдаи кориатон барору муваффақият хоҳонем.

Суҳбаторо Хусрав Шосаидзода,

журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь