Намедонам, дар куҷое хонда будам, ки бисёр ҷангҳои азим дар Шарқ барои занон ё бо ташаббуси онон оғоз шудааст. Ба ин монанд, имрӯз ҷанг алайҳи тоҷиконро дар марзи тоҷику қирғиз Роза Усарова ном зан ба ӯҳда гирифтааст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора ноором аст. Ва чун ҳамеша, ин бор ҳам муноқиша барои об оғоз шуду то ба имрӯз аллакай як нафар кушта ва даххо шаҳрванди ноҳияи Исфара маҷрӯҳ гардида, дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Ин маротиба хам ба гурӯҳи қирғизони ҷангҷӯ Роза Усарова, вакили мардумӣ аз маҳаллаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон роҳбарӣ мекунаду иғвоангезӣ менамояд.
Агар ба саҳифаҳои асари бузурги «Самаки айёр», ки дурдонаи адабиёти насрии мо ҳисоб мешавад, назар дӯзем, мебинем, ки баҳонаи ҷанг ҳамеша занон будаанду… ва маълум мешавад, ҳастанд. Агар ба қавли таърихнигорони замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам бовар кунем, як баҳонаи мардумро ба таҳрик оварда, таҳқир кардани вакили вақти парлумон Адолат Раҳмонова будааст.
Вале биёем сари моҷаро бо қирғизҳо. Ба қавли таърихнигорон, онҳо бо тоҷикон хешигарӣ доранд, яъне модари қирғиз тоҷик будааст. Аниқтараш, ҳамсари Манас, – Санирабига (баъди зан шудан қирғизҳо ӯро «Ханикей» ном гузоштанд, ки маъноаш «зани хон» аст. Х.А) духтари хони Бухоро буд. Манас, ки бо ду зани беникоҳ мезист, дар ҳавои «зани никоҳӣ» меафтад. Хони Бухоро гуё зидди ин пайвандӣ набуд. Аммо бухоридухтар ҳангоми мулоқоти аввал намегузорад то беникоҳ Манас дасташро бӯсад. Танҳо баъди Бухороро ба коми оташи хуну оташ кашидан, хони қирғиз духтарро бо зӯрӣ ба занӣ мегирад. Барои наҷот додани Бухоро, Санирабига розӣ мешавад, зани ин кӯчманчӣ шавад. Ин қиссаро табиист қирғизҳо навиштаанд ва ман шахсан он қадар боваре надорам, вале муҳимтарин нукта чизи дигаре аст:
Духтари тоҷик бо меҳру муҳаббат зани қирғиз нашудааст, баракс, ӯро бо зӯрӣ гирифтаанд. Ин нуктаро махсус қайд менамоям, то намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми гуфтушунид бо қирғизҳо аз ин хешовандӣ зиёд наболанду қадаҳгӯӣ накунанд. Ҳарчанд медонам миллати тоҷик «язнадӯстдор» асту ҷое буд, ки Оксиарт, – ҳокими Бохтар ба хотири аз даст надодани ҷоҳу мансаб духтараш Рухшонаро ба Искандари Мақдунӣ ҳадя карда, сипаҳсолори Суғд Спитамана, аламбардори миллати моро фурӯхту алайҳи вай мубориза бурд. Даҳшат ин аст, ки то ҳоло олимону таърихшиносони маҳаллишудаи тоҷик сари он ки Рухшона аз кадом минтақаи кишвар аст, саҳифаи китобу нашрияҳоро сиёҳ мекунанд. Ва ин ҳама ҷанг барои язна: Яъне, Искандар язнаи мардуми кадом маҳалли Тоҷикистон аст!
Бадбахтона, марази «язнапарастӣ» аз хислатҳои ҳаринаи тоҷик аст. Ба наздикӣ як пирамарди маъруф дар симои Русия баъди чандин борҳо зан гирифтан, духтари ҷавонеро аз Тоҷикистон ба занӣ гирифт ва Фейсбук моломол шуд аз табрики ин духтар барои ин «муваффақият». Ин вабо имрӯз дар кишвари кӯчаки мо аввал ба минтақаҳо, баъд ба ноҳияҳо омада, расидааст. Имрӯз ҳангоми пешгӯӣ дар мавриди ба мансаб расидани касе, бештар ба аз кадом ноҳия будани модару зани мансабхоҳ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Зиёд мебинам, – нафаронеро, ки солҳо, даҳсолаҳо мешинохтам, ногаҳон модару занашон пайвандӣ пайдо мекунанд ба намояндагони минтақаҳое, ки бештарашон лаҷоми қудрат дар даст доранд.
Ками кам аст, ки тоҷик аз он ки падари ҳамватанаш тоҷик бошад, ифтихор кунад. Дар ҳоле танҳо фарзанди падар метавонад номусбардор бошад. Ба мисли нависандаи маъруфи Русия Темури Зулфиқор, ки модараш рус асту падараш тоҷик, вале ҳар ҳарфу ҳиҷояш аз миллати тоҷик аст.
Аммо, баргардем сари моҷаро бо қирғизҳо: Таърихи қирғиз шудани духтари хони Бухоро шаҳодат аз он медиҳад, ки қирғизҳо зӯриро хуш доранд ва аз зӯрӣ кор мегиранд. Агар не, чаро то имрӯз ҳатто ҳамон Толибоне, ки солҳо боз «интизорашон» ҳастему аз тарси онҳо ҳар чи Русия бо мо хост, мекунаду ҳар чи хост мегирад, боре ба хоки мо надаромадаасту қирғиз ин ҷуръатро дорад?
Чаро танҳо моро «қирғизязна» саркӯб мекунад, дар ҳоле аз ӯзбеку туркману қазоқ фарсахҳо мегурезад?
Ҷавобаш дар қиссаи зангирии Манас нуҳуфта аст: Онҳо аз Манас панд гирифтаанд, ки тоҷикро танҳо бо зӯрӣ сари зону бояд шинонид.
Ҳатман ин қиссаро ёбеду хонед!
Офарин домулло Хуршеди Атовулло ч,они гапро задед. Хаким Носир Хисрав чандин аср к,абл ин язнадустдории мардуми ач,ам ва билхусус, тозиконро к,айд карда, ба банди эзор банду баст доштанашонро хеле х.ам мох,ирона дар шеъраш нак,д кардаанд.