Дар ҳоле гурӯҳе аз набудани соҳаи сердаромад забони шиква кушода, дар маблағгузорӣ ба ин ё он соҳа истиҳола мекунанд, ки оддитарин талаботи ҳатмии инсонӣ нодида гирифта мешавад.

Чанд сол муқаддам ба истироҳатгоҳи овозадоре рафтам. Интихоби ман танҳо кунҷкобие буду бас, зеро дӯстонам он қадар зиёд аз боду ҳавои афсонавии он мегуфтанд, ки маро ҳам ҳавои он ба сар омад. Воқеан, макони биҳиштосое буд: Ҳам табиати сеҳрангез дар тамузи тобистон ва ҳам муомилаи неки табибон. Аммо, баробари бори аввал ба ҳоҷатхонаи он рафтан, хобгоҳҳои вайронаи замони ҷанги шаҳрвандӣ ёдам омад, ки ҳоҷатхонаи кушодаи саҳроиро мемонд. Бегоҳи он рӯз як рафиқи тоҷирам бо ду – се нафари дигар аз дӯстони ҳамкораш ба суроғ омад. Чун сӯҳбат гарм шуд, забони шиква аз ҳоҷатхонаҳои ин осоишгоҳ кушодам. Нафаре, ки баъдтар маълум гардид, молики ин осоишгоҳ будааст, дар ҷавоб муаммобарангез посух дод:

– Ман содда нестам, ки обод кунаму пагоҳ дар ҳуҷҷатҳои ин осоишгоҳ сад хато ёбанд ва аз дастам бигиранд.

Гуфтамаш:

– Аҷиб… на мехоҳӣ обод кунӣ на мегузорӣ то обод кунанд. Пас, бифурӯш!

Намедонам, оқибати ин соҳибмулк бо чӣ анҷом ёфту ҳоли ин осоишгоҳ чӣ шуд ва моликаш ҳоло кӣ аст, аммо, мебинам дӯстонам дигар лаб аз ситоиши ин осоишгоҳ фурӯ бастаанд.

Намехоҳам сухан ба дарозо кашам, аммо воқеан ҳоҷатхона («туалет») натанҳо як тиҷорати фаромӯшшуда аст, натанҳо ноободтарину ифлостарин  гӯша аст, балки ҳатто метавонад ба обрӯи кишвар латма занад. Барои мисол, соле муқаддам сайёҳони хориҷӣ навишта буданд, ки ҳангоми сафар ба сӯйи Бадахшон дар чанд километр ҳоҷатхонае пайдо накардаанд. Вақте дар бинои Кумитаи Радиё ва Телевизиёни вилоят ҳоҷатхонае наёфтем, (маълум гардид, ки дар ин бинои нави замонавӣ ҳама чиро сохтаанд, аммо «туалет» фаромӯш шудааст) дар сӯҳбат бо дӯсти рӯзноманигорам Файзи Мирасан дар бораи ин навиштаи сайёҳон гуфтам. Ӯ ҳикоя кард, ки замони Шӯравӣ маводи танқидие дар нашрияи вилоятии «Бадахшон» омода карда будааст ва вақте миёни сокинон пурсиш мегузаронад, нафаре мегӯяд:

– «Туалет» – ҳои Хоруғ мазза надоранд». Ин ҷумлаи аҷиб ба Файз хуш меояд ва онро сарлавҳа мегузорад. Пагоҳи дигар аз марказ як тайёра комиссия меояд барои тафтиши мавод. Дар натиҷа, ба дӯсти ман «огоҳӣ» медиҳанд.

Аммо, бубинед, ки айни замон ҳоҷатҳонаҳои на Искандаркӯл «мазза» доранд на «Ҳафткӯл», на кӯли Аловиддину на Кӯли калону на Бадахшон. Ҳол он ки гузарҳои асосии сайёҳон маҳз аз инҷост.

Магар вақти он нарасидааст, ки баҳонаи «дигар ҷойи тиҷорат нест» -ро баъзе тоҷирон сӯе гузоранду думболаи ин кор шаванд? Ҳатто дар Душанбе агар талабот “сахт” гирад, миллиардери сайёҳ низ дар почааш тар мекунад, зеро «туалет» қариб ки нест!

Ба ин монанд, ба эҳтимоли зиёд миқдори ҳаммомҳои Душанбе агар хато накунам, аз ҳаммомҳои Бухорои асри нӯздаҳ камтар ҳастанду зери мафҳуми «ҳаммом» на ҷойи тоза шудан, балки ҷойи ифлосию ҳаромиро мефаҳманд.

Хулоса, ҳоҷатҳои табии инсонӣ метавонад боиси рушди тиҷорату соҳиби кор шудани чанд нафар ва билохира пур шудани андоз гардад. Фақат кӯҳҷигаре лозим аст то натарсида дар ин роҳ пул сарф кунаду аз фиристодани он ба ҷазираҳои Вирҷиния худдорӣ кунад.

Чӣ гуфтед?

“Фараж”, январи 2017

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь