… Дар Душанбе ҳар рӯз сари чамбари машина будан, қаҳрамонӣ аст. Асаби оҳанин мебояд то бо ронандаҳои ҷавону бетаҷриба ҳафту ҳашт кунӣ.

Маҷбур шудам ба беморхона равам. Аввал интихоби ман беморхонаи “Қарияи боло” буд, аммо аз равзанаи утоқи корӣ ба қатори машинаҳои болои пули рӯди Душанбе нигаристаму тасмимамро дигар кардам:

Чанде пеш ба ин беморхона рафтаю наздики ду соат таваққуфгоҳ кофта будам ва ҳам аз бонги машинаҳою мусобиқаи “кӣ пештар”, “ кӣ зуртар?”, “кӣ чаққонтар?” миёни ронандагон хаста шуда будам. Ба ин сабаб, интихоби ман сари беморхонаи “Истиқлол” қарор гирифт. Аз дигар беморхонаҳо намегӯям, чун чанд муддати ахир фақат ба ин ду муроҷиат карда будаму шояд дар дигар ҷой вазъ хубтар ё бадтар бошад.

Либоси зебою шинам, одобу муносибати инсонии  посбонони беморхонаи “Истиқлол”- ро бо посбонону муҳофизони беморхонаи “Қарияи боло” наметавон муқоиса кард. Ба ҳар саволе ба беш аз чор посбони “Истиқлол” додам, бо табассум ҷавобам доданд, то таваққуфгоҳ гуселам карданд ва ҳатто ҳини бозгашт дар назди дарвоза истодам, ки пули соати сарфкардаамро супорам, як тин нагирифтанд.

Дар “Қарияи боло” бошад, баръакси ин: Соатҳо ҷойи таваққуфгоҳ мекобӣ баъд бо зораю тавалло машинаро дар ҷое мегузорию бо дили хавотир аз он ки ҳамин ҳоло кормандони чаққони “БДА” машинаатро мебарад,  ба беморхона медароӣ. Баъди баромадан акнун ғами гоҳе се сомонию гоҳи дигар ду сомонии пули таваққуфгоҳ не, балки ғами аз ин талотум коре карда берун рафтан мегирад.

Дар дохили “Қарияи боло” ҳам рӯз надорӣ: Аз ин су бонги машина, аз он су бонги машина.  Тарсону ҳаросон то ҷойи лозима меоӣ, ки навбату арбадаю ҷанги мизоҷон пушти дари табибон ба ин хулоса меорад:

Душанбе ба як шаҳри беморон бадал шудааст ё ҳама корафтодаи беморхона ҳастанд! Акнун мефаҳмам, ки тарғибу рекламаҳои дорую беморхонаҳо дар шабакаҳои давлатӣ асос доранд! Аптекаҳои қатор – қатор дар пойтахт бесабаб нестанд!

Вале пурсиши асосӣ ин аст: Чаро беморхонаи “Истиқлол” тавонистааст то бо вуҷуди мизоҷони зиёд доштан тартибу интизом ҷорӣ кунад, аммо беморхонаи “ Қарияи боло” ҳеҷ натавонист , ки натавонист ба ин кор ноил шавад?

Овозаи барҳам додани ин беморхона метавонад сабаби ин қадар бенизомию бетартибӣ шавад? Бемори бечора чӣ гуноҳ дорад?

Шояд касе посухи ин пурсишро медонад?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь