Заҳмат, ки кашид, дар ҳунар воло шуд,

Хунёгари бемисолу беҳамто шуд.

Наздиктарини мо бимонад, ҳарчанд

Худ «дур машав!» суруда, дур аз мо шуд...

(Файзи Ашӯр)

Давлатманди Хол ҳунарманди тавоно ва фалаксарои маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт. Номбурда аз бемории саратони ҷигар ранҷ мекашид. Давлатмандро дар оромгоҳи “Лучоб”-и Душанбе ба хок супориданд. Маросими видоъ бо ҳунарманди нотакрор  рӯзи 19-уми феврал баргузор шуд, ки дар он аҳли фарҳангу сиёсату ҳунар ширкат доштанд. Ӯ 74 сол дошт ва ба андешаи ҳунармандон маҳз ӯ буд, ки “Фалак”-ро зинда кард ва тавонист то 15-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Пориси Фаронса аз ҷониби ЮНЕСКО мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ эълон гардад.

Президенти Тоҷикистон дар як ҳамдардӣ ба хонавода ва наздикони ҳунарманд таъкид карда, ки “саҳми Давлатманд Холов дар рушди овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри “фалак” бисёр арзишманду бебаҳо аст”.

Давлатманди Хол ба қавли бародараш Саид Хол, як соли ахир аз беморӣ ранҷ мекашид ва барои муолиҷа ба Эрону Ҳиндустон ҳам рафта буд. Вай чанде пеш ҷарроҳии талхадонро пушти сар кардаю барои маълум кардани бемориаш ба Маскав ҳам рафта буд. Дар Маскав ташхис нишон дод, ки ҳунарманд гирифтори саратони ҷигар аст. Муддати чаҳор рӯзи дигар дар бемористони “Қарияи боло” хобид.

Даргузашти овозхонро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аҳли фарҳанг фоҷиаи бузург барои ҳунару мусиқӣ донистанд ва дар марсияномаҳои ҳам видиёӣ ва ҳам хаттӣ тасаллои хешро арза доштанд. Шоири хушноми тоҷик Давлат Сафар сӯзномаи хешро чунин баён кардааст:

Бо савту наво дар ҳама ҷо ҳарфи малак гуфт,
Таҳ кард лаби хону ба кас поси намак гуфт.
По кӯфта, бардошт ба мо даст ба оҳанг,
Устоди фалак, ҷони фалак тарки фалак гуфт!

Ҳафтаномаи мардумии “СССР” шумораи навбатии хешро пурра ба Давлатманди Хол бахшидаю хотираю андӯҳномаҳои аҳли ҳунарро нашр намуд.

Давлатманд воқеан марди озодаи фарҳангӣ буд. Ҳар як лаҳзаи умри хешро барои тарғибу ташвиқи “Фалак” сарф менамуду вақти зиёди хешро, умри хешро дар ин роҳ сарф карда буд.

Давлатманд марди ҳунар буд. Ҳар ҷойе мерафт, аз ҳунар мегуфту аз мусиқӣ. Дилдодаи пешаи хеш буд. То ҳол ҷомеаи мо дарк накардааст, ки бо марги ин хунёгари нотакрор чӣ ҷойгоҳеро холӣ гузоштааст ва чӣ дурдонаеро аз каф додааст.

Бо рафтани Давлатманд як дарахти бузург аз насле, ки пасояндагон ҳамеша аз онҳо ифтихор доштанд, барояшон каф мекӯфтанд, барои хеш идеал медонистанд, чаппагардон шуд.

Дигар мо дар саҳнаҳои бузург Зафар Нозиму Давлатманд Холу Одина Ҳошим, Абдулло Назрию Ҷӯрабек Назрию Қурбоналӣ Раҳмон, Боймуҳаммад Ниёзову Ӯрунбек Ҳамдамов, Ҷамшед Исмоилу Тағоймуроди Хушбахт, Олим Бобоеву Мирсалим Ашӯров ва даҳҳои дигарро намебинему намешунавему каф намекӯбем…

Равони рафтагон шод бод! Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз канда шудани риштаи умри боз як ҳунарманди пуровозаи тоҷик Давлатманди Хол сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь