Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон роҳбари як гуруҳи калони муташаккили нашъаҷаллобро ҷустуҷӯ дорад, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад. Қаблан 20 узви гуруҳи мазкур дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, сардори гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоб Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоев, сокини 41-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, айни ҳол дар хориҷи кишвар аст.

– Аз ин гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ, ки Саидшарипов ба он роҳбарӣ мекард, 24 нафар дастгир ва 1 тонна маводи гуногуни нашъадор мусодира шуда буд. Аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон нисбат ба роҳбари гуруҳи мазкур 10 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор боз шудааст. Саидшарипов соли 2019 барои содир кардани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дар ҳаҷми махсусан калон, бо моддаҳои 200 (муомилоти воситаҳои нашъадор), 202 (тасарруфи перекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои сахттаъсири психотропӣ), 262 (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) ва моддаи 289 (қочоқ)-и КҶ ҶТ то соли 2023 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Мутаассифона, дар ҷумҳурии Литва барои ӯ мақоми паноҳандагии сиёсӣ дода, номашро аз рӯйхати «Интерпол» ҳазф карданд. Ин дар ҳолест, ки ҷиноятҳои содиркардаи Саидшарипов на сиёсӣ, мазҳабӣ ва ҳарбӣ, балки кирдорҳои содиркардаи ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор вобаста аст, – гуфт вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро.

Ҳамчунин, гуфт шуд, барои дастгир ва истирдоди Саидшарипов Ш. Н. чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь