Туркманистон барои бунёди як шаҳри нав ба номи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти феълӣ, ҳудуди панҷ миллиард доллар харҷ мекунад.

Маркази нави маъмурии вилояти Аҳал мақоми шаҳрро гирифт ва акнун он “Аркадоғ” – “Қаҳрамон-муҳофиз” номида мешавад. Ин унвони расмии Бердимуҳаммадов аст, ки пас аз тарки курсии президентӣ нигоҳ доштааст, хабар медиҳад BBC.

Шаҳри нав 30 километр дуртар аз пойтахт — Ашқобод сохта мешавад. Бердимуҳаммадов ба мансабдорон дастур дод, ки онро ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид кунанд, аммо нагуфт, ки ба чӣ далел. Дар натиҷа аҳолии шаҳр бояд қариб 73 ҳазор нафар шавад.

“Марҳилаи аввали сохтмони шаҳри Аркадоғ 3,3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мо тахмин мекунем, ки марҳилаи дуюм тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад”, – гуфт масъули ин пружа ва раиси кумитаи давлатии сохтмон Дерягелдӣ Оразов.

Ба гуфтаи ин масъул, арзиши дақиқи он пас аз эълони тендер маълум хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь