Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба муносибати шаби қадр дар моҳи Рамазон 463 шаҳрванди маҳкумшудаи кишварашро афв кард.
Фармони дахлдорро президенти Туркманистон дар ҷаласаи ҳукумат бахшида ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2023 ба имзо расонд. Ин санад афвшудагонро аз адои минбаъдаи ҷазои асосии маҳрумият аз озодӣ озод мекунад.
Шаби қадр (шаби 27-уми моҳи Рамазон) яке аз гиромитарин шабҳои исломист ва имсол дар шаби 17 ба 18-уми апрел таҷлил шуд. Тибқи қонунҳои ислом, дар ин шаб Худованди мутаъол аввалин сураҳои Қуръонро ба ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодааст.
Блоки рекламавӣ