Дар назар аст, ки соли 2022 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 19 адад иншооти таъиноташон гуногун бунёд гардидаву садҳо нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шаванд.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар дод, ки давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирдчӯб, ду корхонаи коргарди меваю сабзавот, корхонаи макаронбарорӣ, корхонаи коркарди қубурҳои азбестӣ, гармхонаи доимамалкуннада, сехи истеҳсоли ранг ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин, гуфта шуд ки бинои Сарраёсати омори вилояти Хатлон, ҳамом ва марказҳои хизматрасонӣ, бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи колеҷи хусусӣ, сохтмони бинои истиқоматии чорошёна, сохтмони толори тобистона, гулгашт ва пайкараи “Дуои модар”, азнавсозии “Теппаи Кӯрғон” ва ба ин монанд чанд иншооти дигар сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.
Саломзода Сиҷоуддин, шаҳрдори Бохтар, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли кишвар дар шаҳр 307 адад бинову иншоот ва корхонаҳо бо харҷи 175,2 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Қайд гардид, ки 127,8 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон, 44,4 млн сомонӣ сармояи хориҷӣ, 2,1 миллион сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва 0,8 млн сомонӣ дигар маблағҳо мебошанд.
Ҳамчунин, шаҳрдори Бохтар афзуд, ки соли 2021 дар доираи сафарҳои кории роҳбари давлат дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 21 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.