Давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инчунин, иттилоъ дода мешавад, ки чаҳор нафари дигар аз беморӣ шифо ёфта, аз беморхона рухсатӣ шудаанд.

Бинои ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз шуруи пандемӣ то ҳанӯз ба 17 ҳазору 355 нафар расидааст. Аз ин шумора ҳудуди 99,1% ё худ 17207 нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз ин беморӣ дар маҷмуъ 124 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Пас аз чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти беморӣ хабар доданд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвар майли поёнравӣ дорад. Аз оғози мавҷи сеюм то ба ҳол ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь