Мило Ҷуканович, президенти феълии Монтенегро (Черногория), эътироф кард, ки дар даври дуюми интихоботи президентӣ аз номзади “Europe Now”, иқтисоддон Яков Милатович шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои Маркази мониторинг ва пажӯҳишҳои Монтенегро, пас аз шумориши 100 дарсади баргаҳо Милатович аз пуштибонии 60 дарсади интихобкунандагон бархурдор шудааст ва 40 дарсад ба Ҷуканович раъй додаанд.
Иштирок дар овоздиҳӣ 70,4% интихобкунандагонро ташкил дода, 542 ҳазор шаҳрванди Монтенегро ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.
Милатович собиқ вазири иқтисоди Монтенегро аст. Ба гуфтаи худаш, ӯ дар раъйпурсии соли 2006 барои хуруҷи ин кишвар аз иттиҳоди давлатии Сербистон ва Монтенегро ба ҷонибдории истиқлоли Монтенегро раъй дода буд. Милатович ҳамчунин аз ҳифзи узвияти Монтенегро дар NATO ва пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят мекунад. Илова бар ин, вай аз роҳандозии равобит бо Сербистон ҳимоят мекунад ва аз барангехтани эҳсосоти зиддисербӣ дар ҷомеа интиқод мекунад.