Дар семоҳаи якуми соли 2023 барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ  андешида, дар ин давра ба вилоят  71,0 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 60,8  млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил дода, ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли гузашта 2,4 баробар, ё ин, ки  43,2  млн. доллар, зиёд мебошад.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки  ба  вилоят аз 29 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Россия 41,7 %, Чин 33,1 % ва Эрон 19,1 % рост меояд.

-Дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 863,0 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад,-гуфт манбаъ.

Иттилоъ дода шуд,ки бонкҳои вилоят дар се моҳи соли ҷорӣ 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо намуданд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 248,2 млн сомонӣ зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь