Соли гузашта аз ҷониби прокуророни вилояти Хатлон оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ба 502 қарору амри ғайриқонқнии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбати соли 2023-юм 72 адад зиёд мебошад.
Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазҷон, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аз шумораи умумии 502 қорору амри эътирозшуда, 404 адади он ё 80 дарсад вобаста ба замин, 195 қарор ё 48 фоиз ба қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 152 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 5781 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта, ба роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 929 амр ва 513 пешниҳод ирсол карда шудааст. Ба санадҳои ғайриқонунӣ 889 эътироз оварда шуда, 375 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 591 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 2032 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, 489 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд,-илова кард ӯ.
Гуфта шуд, ки бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,7 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 212,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.