Соли 2024-ум нақшаи қисми даромади буҷети вилояти Хатлон бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ 104,7 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 2,8 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбати нақша 122 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2023 ба андозаи 350 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Ҷурабеки Ҷумъа сардори Раёсати андози вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, бақияи қарзи андоз дар вилоят ба ҳолати якуми январи соли 2025-ум 165,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1,1 млн сомонӣ кам гардидааст.

Гуфта шуд, масъулони Раёсати андоз вилояти Хатлон ва нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақти нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар соли 2025 ва кам кардани бақияи қарзи андоз аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь