Аз тарафи Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли гузашта дар 301 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилояти Хатлон тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст, ки аз он 54 адад аз рӯи мактуб, гузориш ва қарорҳои шуъбаҳои тафтишоту таҳқиқи Раёсат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Иброҳимзода Карим

– Дар натиҷаши тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба мабалағи 21,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз ҳисоби зарарҳои молиявии ошкоргардида зиёда аз 15,1 млн сомонӣ барқарор карда шуд, -гуфт Сардори раёсати мазкур Иброҳимзода Карим, дар нишасти хабарии нишодаш.

Иттилоъ дода шуд, ки аз натиҷаи тафтиши комплексии маҷмӯи ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷет ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Фархор, Балҷувон, Данғара, Вахш, Ховалинг, Темурмалик, Кӯшониён ва шаҳри Бохтар пешниҳодҳо ирсол карда шуданд.

– Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, дар натиҷаи муҳокима ва барасиии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, нисбати 115 нафар муҷозотҳ интизомӣ татбиқ карда шудаст, – илова кард Иброҳимзода Карим.

Сардори Раёсат иттилоъ дод, ки дар соли 2021-ум 537 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудаанд, ки аз он 258 аддашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд, ки маблағи зарар аз рӯи онҳо 79,6 млн сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 73,2 мнл сомонӣ рӯёнида шудааст.

Гуфта шуд, ки соли 2021 аз тарафи кормандони раёсати мазкур 19 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи 22-и ҚҶТ “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва ҚҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ” мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь