Рашид Раҳимов, дастпарвари футболи тоҷик, сармураббии дастаи “Рубин”-и Русия таъйин шуд. Раҳимов дар ин вазифа Юрий Уткулбаевро иваз кард. Муҳлати қарордод то анҷоми мавсим гуфта мешавад, вале эҳтимоли дароз кардани он вуҷуд дорад. Дар ин бора сомонаи даста, 12-уми апрел, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати роҳ ёфтани ин тим ба Премер лигаи Русия, роҳбарияти клуб метавонад, шартномаро бо сармураббӣ тамдид намояд. То анҷоми мавсими Чемпионат дар Лигаи дуюми Русия 10 даври дигар боқӣ мондааст. Баъди гузашти 26 давр, дастаи “Рубин” бо касби 47 хол дар зинаи дуюм қарор дорад.

Охирин дастае, ки Раҳимов ҳамчун сармураббӣ фаъолият намудааст, дастаи “УФА” мебошад. Ӯ солҳои 2020-2021 сармураббии ин тим буд ва моҳи апрели ҳамон сол дастаро тарк кард.

Рашид Раҳимов соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1982-1991 футболбози дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе буд. Ҳамчунин, дар дастаҳои “Спартак”-и Москва, “Реал Валядолид”-и Испания, “Локомотив”-и Москва ва се дастаи Австрия низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Фаъолияти мураббигии Рашид Раҳимов аз дастаи “Адмира Ваккер”-и Австрия (2002-2004) оғоз шуда, баъдан дар дастаҳои “Амкар” (2006-2007) “Локомотив” (2007-2009), “Амкар” (2009-2011), “Терек” (2013-2017), “Ахмат” (2018-2019) ва “УФА” (2020-2021)–и Русия идома кард.

Давлат Абдуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь