Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон айни замон сохтмони шаш муассисаи таълимӣ бо 1560 ҷойи нишаст бо маром идома дошта, онҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Итсиқлоли давалтии кишвар мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев гуфт, ки муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 14, 19 ва 40  бо 870 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлол муассисаҳои таълимии рақамҳои 19,  47 ва 80 иборат аз 22 синфхона бо 540 ҷойи нишаст дар назар дошта шудаанд. Дар умум, то рӯзи ин санаи таърихӣ дар ноҳия 6 иншооти соҳаи маориф иборат аз 52 синфхона бо 1 ҳазору 560 ҷойи нишаст ба истифода дода мешаванд.

– Бунёди мактабҳои 11 ва 16 идома дорад, ки онҳо низ то охири соли 2021 ба истифода дода мешаванд, – афзуд мудир.

Дар умум, дар ноҳияи Вахш тӯли 30 соли истиқлоли давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмҳҳои даромад беш аз 30 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь