Ба Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Номаи як зан, ки баъди давъо бо модари шаваҳраш аз хона ронда шудааст, ба дасти мо расид. Аслан ин нома ба унвони Прокуратураи ноҳияи Сино аст ва ин зани дармонда хостааст, он тариқи ВАО расонаӣ шавад, то ҳам ба гӯши модаршаваҳараш ва ҳам самъи масъулин расад. Номаи даъвоӣ бе таҳрир нашр мешавад:

«Ман Шерова Маҳбуба Рустамовна, зодаи шаҳри Душанбе, тоҷикам. Соҳиби ду фарзанд ҳастам ва маълумоташ миёнаи тиббӣ дораму дар Бемористони маҳаллаи Қарияи Боло кор мекунам. 1 июли соли 2012 бо Раҳимов Бахтиёр Абдуғафорович оиладор шуда, расман ақди никоҳи худро дар САҲШ ба қайд нагирифтаем, чунки ба ман ваъда доданд, ки никоҳро баъд ба расмият медарорем. Ман ҳам ба умед шуда дар хонаи хушдоманам иқоматро ихтиёр кардам. Маълум гардид, ки хушдоманам дар як бино 2 ҳуҷраи 5-хонагӣ дорад. Ҳангоми хостгорӣ Нилуфар ҳамроҳи модараш гуфтанд, ки домод ҳуҷраи 5-хонагӣ дорад ва дар се ҷой кор мекунад ва мо баъди туй алоҳида дар 5-хонагии қабати 5-уми бино зиндагӣ мекунем.

Баъди туй дар ҳамон хона бо шавҳарам то соли 2015 ҳамагӣ 3 сол хуб зиндагӣ кардем ва соҳиби ду фарзанд шудем. Вақте ба кор баромадам, ҷангу ҷанҷолҳо зиёд шуд. Касе кӯдаки маро дар хонаи хушдоманам нигоҳубин намекард, маҷбур шудам, ӯро дар хонаи модарам монаму ба кор равам. Ҳамин тавр ҷанҷолҳои оилавӣ ба дҷойе расид, ки хушдоманам маро бо фарзанди ноболиғам аз хона ронд. Гапи шавҳари маро манзур намекарданд ва ӯро ба қатори одам ҳам намедонистанд. Ҳамаи масъалаҳоро хушдоманам бо духтараш Нилуфар ҳал мекард.

21 майи соли 2020 Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе масъалаи маскун шудани маро бо ду фарзанди ноболиғам баррасӣ намуда, даъвои маро нисбати ҷавобгарон дар бораи аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ гӯё бинобар бе асос буданаш рад карда шуд.

Маълум шуд, ки ҳарду хона ба номи хоҳари шавҳарам Раҳимова Нилуфар Абдуғафоровна сабт шудааст, вале ман намедонистам, ки шавҳари ман дар се ҷой кор карда хонаву дар надоштааст. Маро фиреб карда, келин карданд ҳама ҷиҳози хонаамро, ки ман худам онҳоро харидаам, то ҳол ба ман намедиҳанд. Маълум шуд, ки онҳо дар ин кор таҷриба доштаанд. Чанд келини дигарро низ бо фарзандонашон ронда будаанд. Мани бе хабар аз ин, зани 3-юми писарашон шудам ва дар хонаи онҳо то соли 2015 зиндагӣ кардему то соли 2018 рафту омад низ доштам. Ман мехостам бо фарзандонам ба хонаам дароям, вале хушдоманам роҳ намедод. Ҳангоми зиндагӣ кардан шавҳарам ба фарзандонаш ёрии моддӣ намерасонд. Ӯ ҳамон вақт дар Туркия кор мекард. Баъдтар тамоман моро фаромӯш кард.

Чанд бор хоҳари шавҳарам маро таҳдид карда гуфт, ки кӯчу бандамро гирам, зеро хонаро мефурӯхтаанд. Азабаски дигар ҷойи рафтану бурдани ҷизҳоямро надорам, то ҳол амволи зисти ман дар ҳамон хонаанд.

Ба ғайр аз ин ҳуҷраҳо падари шавҳарам дар кучаи Ҳофизи Шерозӣ 17/2 ба номаш як хонаи иборат аз 4 ҳуҷра дорад, ки онро ба иҷора медиҳанд.

Ҳоло ман бо 2 кӯдаки ноболиғ бе хонаю ҷой мондаам. Дар хонаи падарам, ки 2 ҳуҷра дорад, бародарам  бо фарзандонаш ва волидайнам зиндагонӣ мекунанд ва барои зиндагонии мо ҷой намерасад.

Хулоса, ба фиребу найранги Раҳимова Нилуфар бовар карда, ба ҳамин ҳол гирифтор шудам. Суд ҳам ба ин бовар карда, маро бо тифлонам дар хонаи худам маскун накард. Бинобар ин, аз Прокуратураи ноҳияи Сино эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки масъалаи маскун кардани моро, ки суд бо сабабҳои ночиз рад кардааст, дида баромада, нисбати гунаҳгорон чораҳои қонунӣ бинед».

Бо нашри ин нома умед дорем, ки садои ин зан ба гӯши масъулин мерасад ва даъвояш ба таври қонунӣ ҳал мешавад. Дар ҳар сурат, рондани як зан аз хонааш бо ду фарзанд аз рӯи адолат нест ва бовар ҳаст, ки модаршавҳару хоҳаршавҳараш низ ба ифоқа меоянду ҳамроҳ тасмими хубе мегиранд, то ояндаи кӯдакон тазмин гардад.

 Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь