Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим прокуратураи вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ин шуъба парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон), 316 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш идома дорад.

Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ муайян кард, ки шаҳрванд Рустамзода Суҳроб Рустам (ному насаби пешинааш Маҳмадиев Суҳроб Рустамович), санаи таваллудаш 5 декабри соли 1987, сокини ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дӯстӣ, хонаи №48, бо тахаллуси «Шайх», гарчанде 12 апрели соли 2021 нисбаташ қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 3381 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар татбиқи моддаи 6 қисми 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019, таҳти №1648 қатъ карда шудааст, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончи, Рустамзода С.Р. солҳои охир бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо баҳонаи ба маблағи муайяни пулӣ ҳал кардани масъалаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрвандон ба воситаи шиносҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, дар аввал соли 2021 аз хешовандони айбдоршаванда, ки нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуда, ӯ дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад, 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ ва моҳи марти соли 2024 – 20000 сомонӣ, дар маҷмуъ 80000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ гирифта, ба онҳо ваъда медиҳад, ки дар муҳлати кутоҳтарин хешовандашон – айбдоршавандаро бидуни барқарор кардани маблағи зарар аз тавқифгоҳи тафтишотӣ, яъне аз ҳабс озод ва парвандаи ҷиноятиашро қатъ мекунад. Вале, Рустамзода С.Р. дар ин хусус ягон амалро иҷро накарда маблағҳои зикршударо ба манфиати шахсиаш хароҷот кардааст, ки дар натиҷа ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бинобар ин, 3 майи соли 2024 аз ҷониби шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Рустамзода С.Р. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз номбурда дастгир ва нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст.

Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии номбурда дар суроғаи дар боло зикршуда далелҳои шайъӣ 20000 (бист ҳазор) сомонӣ дарёфт карда шуда, онҳо ҳамчун далелҳои шайъӣ эътироф карда шудаанд.

Аз ин лиҳоз, аз сокинони вилояти Хатлон ва тамоми ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар мавриди ҷой доштани чунин ҳолатҳо ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии Рустамзода С.Р. ба шуъбаи тафтиши парвандаҳои  махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиат кунанд. (телефонҳо барои тамос: 83222-2-52-67, 2-36-95, 2-78-33, 985066999)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь