Аз ҷониби кормандони Тоҷикистандарти вилояти Хатлон давоми чор моҳи соли ҷорӣ 1684 воситаи ченак (тарозу) аз саниш гузаронида шуда, 218 тарозу бо сабаби вайрону корношоям будан аз муомилот гирифта шуд.

Аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин давра 1004 воситаи чанаки радиоэлектромагнитӣ, 2520 воситаи ченаки гармию техникӣ ва 1684 тарозуҳо аз саниҷш гузаронида шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони ниҳоди мазкур 183 фурӯшандаи бозору фурушгоҳҳо ва нуқтаҳои савдо 52 ҳазору 848  сомонӣ ҷарима  карда шудаанд.

Инчунин, дар ин дарва 1185  намуди маҳслуот аз санҷиш гузаронида шуда, дар 177 ҳолат сифати пасти он ошкор гардида, аз муомилот гирифта шуд.

Ҳамзамон дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони маркази мазкур 66 маротиба дар корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь