Ба Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ

Ба раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода

Ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Салимзода

Муҳтарам роҳбарони воломақоми кишвар!

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехоҳанд 10 сотих заминеро, ки 29 сол қабл ба мо бародарон – Насруллоҷон ва Хайруллоҷон Пулотовҳо ба ҳар яке 0,05 га вобаста шуда буд, бо роҳи ғайриқонунӣ дар ихтиёрдории Шарипов Бахтиёр Салимович, сокини шаҳри Хуҷанд гузаронанд.

Замини номбурда соли 1995 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сокинони манотиқи кишвар ба мо, сокинони ҷамоати Ғозиён ҳам ҷудо карда шудааст. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ин заминҳоро “президентӣ” меноманд, бо ин далел, ки Президенти кишвар ҷудо намудани чунин заминҳоро саривақтӣ ва василаи беҳтар гардонидани вазъи зиндагии сокинон арзёбӣ кардаанд.

Аз соли 1995 то инҷониб мо аҳли хонавода ба ин як порча замин картошкаву сабзӣ ва дигар сабзавотҳо кишта ва парвариш намуда, аз ҳамин роҳи ҳалол ризқу рӯзиамонро пайдо намуда, зиндагӣ карда истодаем. Пардохти ҳаққи андози заминро ҳамасола ба иҷро расонида омадаем.

Аммо вақтҳои охир як гурӯҳ сокинон ба ин замини мо чашм ало намуда, бо ҳар баҳона мехоҳанд онро аз худ кунанд. Оид ба ин ҳолат мо замоне дарак ёфтем, ки ду нафар кормандони идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ба ченкунии замини мо машғул шуданд. Маълум гардид, ки дар паси ин амалкарди беадолатона ва ғайриқонунии ин гурӯҳ киҳо қарор доштаанд.

Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳияти иҷрои қонунгузории заминро сарфи назар карда, даст ба шитобкорӣ зада ва бо роҳи ғайриқонунӣ чунин замини кишоварзии дар ихтиёри мо қарордоштаро бо қабул намудани Қарори №566 аз санаи 10.10.2020 ба номи Шарипов Бахтиёр Салимович гузаронидааст.

Собиқ раиси ноҳия дар шарҳи ин қарори худ мақсади ба Шарипов Б.С. гузаронидани заминро барои сохтмони майдончаи варзишӣ, сехи қаннодӣ ва манзили истиқоматӣ шарҳ додааст, ки берун аз доираи адолат асту хилофи ҳама гуна қонунгузории кишвар мебошад.

Масъулони онвақтаи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба манфиати Шарипов Б.С. шуда, даст ба қабули ин қарори ғайриқонунӣ зада, на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои мову ҳамсояҳои моро поймол кардааст, балки баръало собит мешавад, ки ин мансабдори баландмақоми ноҳия чандин ҳолати иҷроиши қонунгузории заминро аслан нодида гирифтааст. Аз он ҷумла:

  1. Замини номбурда аз 10 сотих иборат буда, ба категорияи заминҳои кишоварзӣ мансуб асту сохтмони ҳама гуна иншоот, аз ҷумла сехи қаннодӣ, майдончаи варзишӣ ва манзили истиқоматӣ мумкин нест.
  2. Дар он мавзеъ роҳи мошингузор вуҷуд надорад ва иншоотҳои ёрирасони деҳа, аз ҷумла хатҳои оби нӯшокӣ ва оби полезӣ ва инчунин манзилҳои истиқоматии сокинон дар канори он замин мавҷуданд, ки дар вақти шурӯи сохтмон вайрон кардани ҳамаи онҳо ба вуҷуд меояд.
  3. Собиқ раиси ноҳия ба Шарипов Б.С. барои ҷудо намудани 1368,0 метри мураббаъ замин қарор содир намудааст, дар ҳоле, ки дар он мавзеъ чунин масоҳат замин вуҷуд надорад.
  4. Бино ба қароре, ки собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои вобаста гардонидани қитъаи замин ба Шарипов Б.С., санаи 30.10.2020 таҳти №566 содир кардааст, ин замини пешбинишаванда ҳанӯз бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори раиси н. Хуҷанд (ҳозира Б. Ғафуров) ва аз 17.11.1995 №354 ба масоҳати ҷамъ 10 сотих ба бародарон Пулотов Насруллоҷон ва Пулотов Хайруллоҷон, сокинони деҳаи Ғозиён вобаста карда шудааст.
  5. Замини номбурда дар асоси Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0184465 ва №0184464 аз санаи 20.11.2008 сол ба MO бародарон: Пулотов Насруллоҷон ва Пулотов Хайруллоҷон барои истифодаи бемӯҳлат вобаста карда шудааст.
  6. Зимни таҳқиқи хариташиносӣ (ҶПС) маълум шудааст, ки замини номбурда қисми тарҳ (контур)-и №499 қарор дошта, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии воқеии он дар маҳал мувофиқ мебошад, яъне ин қитъа заминҳои кишоварзӣ аст.
  7. Чӣ гуна мешавад замини дар истифодаи як шахс қарордошта ва он ҳам замини кишоварзӣ (президентӣ)-ро бе розигиву огоҳии шахс ба каси дигар дод?

Чандин ҳолати дигаре ҳаст, ки амали шитобкориву ғайриқонунии масъулони собиқи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро собит мекунад.

Роҳбарони олимақоми муҳтарам!

Дар ин кори беадолатона баъзе аз коркунони идораи Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (БММҒ) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам кӯшиши пуштибонию “саҳмгузорӣ” карданро доранд. Мо ҳоло салоҳ медонем, ки ному насаби онҳоро махфӣ нигоҳ дорем, дар амри зарурат онҳоро зикр хоҳем кард.

Ин дар ҳолест, ки мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозим ба истифодаи замини номбурдаро дорем ва он дурусту қонунӣ ба мо тааллуқ дорад.

Ахиран зимни таҳқиқи қитъашиносии (ҶПС) маълум шудааст, ки замини номбурда қисми тарҳи (контур)-и №499 қарор дошта, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии воқеии он дар маҳал мувофиқ мебошад, яъне ин қитъа заминҳои кишоварзиро собит мекунад.

Муҳтарам роҳбарони мақомотҳои олии кишвар!

Мо ба шаҳрванд Шарипов Бахтиёр Салимович кор надорем ва мехоҳем ӯву ёваронаш ҳам садди кору зиндагии ободу осоиштаи мо нашаванд. Мо заминеро, ки бар асоси фармони Президент дода шудааст, сабз кардаему аз ӯҳдаи дурусту мақсаднок истифода бурданаш мебароем.

Мо ин муроҷиатномаи худро ба унвонии шумо ироа мекунем ва умедворем, ки шумо ба доди мо мерасед.

Мо мехоҳем бо дастури шумо як комиссияи салоҳиятнок аз ҷониби масъулони мақомоти вилояти Суғд оид ба ҳалли ин мушкили пешомада таъсис ва ҳолатҳои мавҷуда объективона, беғараз мавриди баррасӣ қарор дода, қарори боадолатона бароварда шавад.

Мо ба волоияти қонун ва адолати судӣ дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бовар дорем ва дар ин ҷода аз шумо имдод мехоҳем.

Бо эҳтиром

Пулотов АБДУЛЛОҶОН,

Пулотов НАСРУЛЛОҶОН,

Пулотов ХАЙРУЛЛОҶОН,

сокинони ҷамоати деҳоти

Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь