Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман Ашуров Қурбон оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошам. Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба арзу доди ман бирасед. Хоҷагии деҳқонии ман бо номи “Шаҳром” бо Қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №429 аз 21-уми декабри соли 1998 дар майдони 13,30 гектар замини обӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии иҷоравии ба номи “Фирдавсӣ”-и ноҳияи Ёвон ташкил карда шуда буд. Хоҷагии деҳқонии мо аз нӯҳ нафар саҳмдорон – Ашуров Қурбон, Ашуров Зафар, Шарипов Шодӣ Саидович, Шарипов Фирӯз Шодиевич, Ашуров Хайрулло Сафаралиевич, Ашуров Баҳодур Сафаралиевич, Ашурова Сурайё Қурбоновна, Шарипова Ороста Сандовна ва Мирзоева Қурбонбӣ Бобоназаровна иборат мебошад.

Дар асоси сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин аз 10-уми октябри соли 2000-ум дараҷаи А№003176 ба ҳар як саҳмдор 1,48 ва 1,47 га саҳми замин рост меояд. Хоҷагии мо то соли 2001 фаъолият намуд ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба хулоса омаданд, ки ҳар як саҳмдор дар алоҳидагӣ бо саҳми худ хоҷагии деҳқонии алоҳида ташкил намуда, фаъолият намояд. Бо қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №421 аз 7-уми ноябри соли 2001 дар заминаи хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Шаҳром” хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) “Шаҳром” дар майдони 1,45 га, “Зафар” дар майдони 1,57 га, “Шодӣ” дар майдони 1,45 га, “Хайрулло” дар майдони 1,47 га, “Баҳодур” дар майдони 1,48 га, “Сурайё” дар майдони 1,45 га, “Ороста” дар майдони 1,58 га ва “Қурбонбӣ” дар майдони 1,40 га ташкил ва бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии мазкур саҳмҳои хоҷагии деҳқонии худро самаранок истифода мебурданд, ки дар ин бора ба нуқтаҳои қабули пахта ҳосилҳои ғундоштаашонро месупориданд, ки дар ин бора ҳуҷҷатҳои расидҳои супоридану қабули ҳосили пахта то ҳоло сол ба сол мавҷуд мебошанд.

Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон бе ягон огоҳӣ санҷиш ва андешидани чораҳои маъмурӣ аз 24-уми сентябри соли 2003 оиди қать гардонидани ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии “Шаҳром” ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар асоси пешниҳоди мазкур бо Қарори таҳти №457 аз 16-уми декабри соли 2003 ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии “Шаҳром” дар майдони 1,45 га, “Зафар” дар майдони 1,57 га, “Шодӣ” дар майдони 1,45 га, “Фирӯз” дар майдони 1,45 га, “Хайрулло” дар майдони 1.47 га, “Баҳодур” дар майдони 1,48 га, “Сурайё” дар майдони 1,45 га, “Ороста” дар майдони 1,58, га “Қурбонбӣ” дар майдони 1,40 га, ҷамъ дар майдони 13,30 гектар саҳмҳои заминро қать ва ба фонди махсуси ноҳияи Ёвон гузаронидааст. Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бошад, беасос бо қарори худ таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004-ум барои ҷудо кардани қитъаи замини иловагӣ дар майдони 13,30 гектар ба хоҷагии деҳқонии “Азизулло” розигӣ дода, раиси ноҳияи Ёвон бо қарори худ таҳти №183 аз аз 19-уми апрели соли 2004 13,30 гектар замини хоҷагии деҳқонии моро, ки бо саҳмдоронамон дар ин қитъаҳои замин фаъолият мекардем, ғайриқонунӣ бо тариқи иловагӣ барои истифодаи якумра ба хоҷагии деҳқонии “Азизулло” ҷудо карда додааст. Ин қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №183 аз 19-уми апрели соли 2004 тамоман ғайриқонунӣ буд ва моро аз саҳмҳои заминҳоямон ғайриқонунӣ маҳрум карда буд.

Ҳатто барои аз саҳмҳоямон маҳрум кардан Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон моро бо тариқи шифоҳӣ хабардор накарда буд.

Баъди хабардор шуданамон ман намояндаи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии дар боло овардашуда – “Шаҳром”, “Зафар”, “Ороста”, “Қурбонбӣ”, “Шодӣ”, “Хайрулло”, “Сурайё”, “Баҳодур” ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон оиди бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии раиси Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004 ва Раиси ноҳияи Ёвон таҳти №467 аз 16-уми декабри соли 2003, таҳти №183 аз 19-уми апрели соли 2004 бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудем. Лекин баъди баррасӣ ва дида баромадан аризаи даъвогии мо дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз тарафи судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Одиназода Ҷ.Х. рӯзи 12-уми феврали соли 2019 рад карда шуд.

Мо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Зафар”, “Баҳодур”, “Ороста” ва дигарон аз рӯйи ҳолатҳои навошкоршуда бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор кардани қарорҳои раиси ҷамоат ва раиси ноҳияи Ёвон, ки дар асоси онҳо қитъаҳои саҳмҳои заминҳои хоҷагии деҳқонии мо ба хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Азизулло” ҳамчун заминҳои иловагӣ ғайриқонунӣ дода шудааст, аризаи даъвогӣ пешниҳод намудем. Баъди моҳиятан дида баромадани аризаи даъвогии мо рӯзи 27-уми августи соли 2019 аз тарафи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Н. ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 12-уми феврали соли 2019 бекор карда шуда, парвандаи мазкур барои аз сари нав дида баромадан дар маҷлиси судӣ пешниҳод карда шуд.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон 23-юми сентябри соли 2019 аризаи даъвогии пешниҳоднамудаи моро, ки дар асоси ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ шуда, ба фоидаи мо ҳал гардида буд, дар маҷлиси ишкорои судӣ дида баромад ва қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон таҳти №467 аз 16-уми декабри соли 2003 ва 183 аз 19-уми апрели соли 2004 ва қарори раиси ҷамоати деҳоти Чоргул таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004-ро беэътибор дониста, Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвонро ӯҳдадор намуданд, ки 13,30 гектар саҳмҳои заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии мо ба саҳмдорони замин баргардонида шавад.

Суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2020 ҳалномаи суди вилояти Хатлонро аз 23-юми сентябри соли 2019 бетағйир ва шикояти кассатсионии пешниҳоднамудаи хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Азизулло”-ро беқаноат мононд. Мебоист, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон саҳмҳои заминҳои хоҷагии деҳқонии мо: “Шаҳром”, “Зафар”, “Баҳодур”, “Ороста”, “Қурбонбӣ” ва дигаронро ҷудо карда медод. Лекин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон дар ин кор кашолкорӣ намуда, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлонро ба иҷро нарасониданд ва баръакс хоҷагии деҳқонии “Азизулло” аз ин ҳолатҳо истифода карда, бо ҳар гуна ҳолатҳои дурӯғу бофтаи худашон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон гӯё ки онхо ҳолатҳои навошкоргардида ёфта бошанд, аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд. Лекин Суди вилояти Хатлон таҳти раисикунандаи Маҷлиси судӣ Давлатзода Т. аризаи даъвогии пешниҳоднамудаи хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Азизулло”-ро дар маҷлиси кушодаи судии Суди вилояти Хатлон баррасӣ намуда, бинобар сабаби нодуруст будан ва ғайриқонунӣ пешниҳод шудани ин аризаи даъвогӣ онро дар Маҷлиси судӣ рад намуданд.

Муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ! Аз сабаби он ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон ҳалномаи Суди вилояти Хатлонро бо сабабҳои ба мо номаълум саривақт ба амал набароварданд ва ба кашолкорӣ роҳ доданд, хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Азизулло” ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳалномаҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи судӣ ба коллегияи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратӣ пешниҳод намуданд. Коллегияи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратиро баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 16-уми ноябри соли 2021 ғайриқонунӣ таъиноти Суди иқтисодии вилояти Хатлонро аз 11-уми августи соли 2020 оиди рад намудани аризаҳои хоҷагии деҳқонии “Азизулло”-и ноҳияи Ёвон аз рӯйи ҳолатҳои навошкоршуда ва аз нав баррасишудаи ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 27-уми август ва 23-юми сентябри соли 2019 оид ба давои мо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Шаҳром”, “Зафар”, “Ороста”, “Баҳодур”, “Хайрулло”, “Қурбонбӣ”, “Сурайё” нисбати Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти “Чоргул” оид ба беэътибор донистани қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон таҳти №467 аз 16-уми декабри соли 2003, таҳти №183 аз 19-уми апрели соли 2004 ва қарори ҷамоати деҳоти “Чоргул” таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004 ва оид ба ӯҳдадор кардан барои баргардонидани қитъаи замин бекор карда шуд, парванда барои аз нав баррасӣ кардан ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон ирсол карда шавад.

Муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар маҷлиси Суди вилояти Хатлон аз 14-уми феврали соли 2022 аризаҳои хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Азизулло”-и ноҳияи Ёвон дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори конунӣ пайдокардаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз рӯйи ҳолатҳои аз нав ошкоркардашуда аз болои ҳалномаҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 27-уми августи соли 2019 ва аз 23-юми сентябри соли 2019 бо даъвои хоҷагии деҳқонии “Шаҳром”, “Ороста”, “Зафар”, “Баҳодур”, “Фирӯз”, “Шодӣ” “Қурбоной”, “Хайрулло” бо ҷавобгарии Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти № 467 аз 16-уми декабри соли 2003 ва таҳти №183 аз 19-уми апрели соли 2019, қарори ҷамоати деҳоти Чоргул таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004 баррасӣ карда, ғайриқонунӣ аризаҳои хоҷагии деҳқонии “Азизулло”-ро дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдо карда аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз болои ҳалномаҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 27-уми августи соли 2019 ва аз 23-юми сентябри соли 2019 даъвои хоҷагии деҳқонии “Шаҳром”, “Ороста”, “Зафар”, “Баҳодур”, “Фирӯз”, “Шодӣ” “Қурбонбӣ”, “Хайрулло” бо ҷавобгарии Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №467 аз 16-уми декабри соли 2003 ва таҳти №183 аз 19-уми апрели соли 2019, қарори ҷамоати деҳоти Чоргул таҳти №21 аз 10-уми феврали соли 2004 қонеъ карда, ҳамаи ҳалномаҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи Суди вилояти Хатлонро аз рӯйи аризаҳои даъвогии мо бекор кард.

Муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ! Мо дигар ҷойи муроҷиат кардан надорем. Ягона умедамон ба Шумо аст ва умед дорем, ки дар ин кор ба ман ва ҳамаи саҳмдоронамон кӯмаки худро мерасонед, то қитъаи заминҳои хоҷагии деҳқониамонро баргардонида гирем.

 Ашуров ҚУРБОН,

сокини ноҳияи Ёвон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь