Дар арафаи Рӯзи ғалаба  аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба иштирокчиёнӣ ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи раиси вилояти Хатлон 5 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд.

Аз  Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хабар доданд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 10 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд.

Аз онҳо ду нафарӣ дар шаҳри Бохтару ноҳияи Ҷайҳун ва як нафарӣ дар ноҳияҳои Вахш, Балхӣ, Хуросон, Ҷомӣ, Фархор ва Ховалинг мебошанд.

Барои иштирокчиёнӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи 40 000 сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 5000 сомонӣ  ба муносибати Рӯзи Ғалаба туҳфа карда шуд. Туҳфаи Пешвои миллатро раиси вилоят ва дигар масъулон расониданд.

Ҳоло дар кишвар  24 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд. Аз онҳо 10 нафарашон дар вилояти Хатлон зиндагӣ доранд, ки онҳо ҳамеша дар ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь