(Бахшида ба зодрӯзи олими нотакрори соҳаи тиби тоҷик Исҳоқӣ Ю. Б.)
Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович 21-уми июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947-1948, Исхоқӣ Ю.Б. дар курси тайёрии донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (факултаи таърих) таҳсил мекунад. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда ва соли 1954 бомуваффақият онро хатм менмояд.
Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович фаъолияти кориашро соли 1954 ба ҳайси ординатори беморхонаи клиникӣ Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон оғоз мекунад. Соли 1958 рисолаи номзадиашро, дар мавзӯъи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барон қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кардааст. Солҳои 1958-1960 ассистенти кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1960 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Совети Вазирони СССР унвони дотсент дода шудааст. Баъдан Исҳоқӣ Ю.Б. солҳои 1960-1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ №4, дотсенти кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.
Табиби ҳозиқ Ю.Б. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ба ҳоҷиён сарварӣ кардааст. Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964-1968 докторант, ходими калони илмӣ дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гӯшу гулӯ ва бинӣ фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯъи «Кистаи роҳҳои болои нафас» – рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт.
Исҳоқӣ Ю.Б. солҳои 1968-1969 дар вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969-1973 вазифаи ноиби ректори оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бомуваффақият фаъолият амудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд. Соли 1973 Исҳоқӣ Ю.Б. ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин шуд ва то охири умраш дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият дошт.
Дар соҳаи илми тибби кишвар Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ яке аз шахсиятҳои бемисл ба ҳисоб меравад, ки дар пешрафт ва густариши соҳаи илми тиб нақши барҷаста ва мондагор дорад. Дар тӯли умри бобаракати хеш ӯ зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём мерасанд.
Ҳамзамон, таҳти роҳбарии илмии ӯ 13 нафар тадқиқотчиён, аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандани калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Исҳоқӣ дар тӯли қариб 40 сол ба донишҷӯёни Донишкадаи (ва сонитар аз соли 1993 донишгоҳ) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соҳаҳои мухталифи илми оториноларингология дарс додааст, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароториявӣ-амалӣ гузаронидааст. Бояд қайд кард, ки баробари ин дастовардҳои барҷастаи илмӣ симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмондиҳии эшон ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии СССР Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистод. Ба ҳамагон маълум аст, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барин ашхос ифтихори халқ, ифтихори мо, ифтихори мардуми ҷаҳон буда, насли имрӯзаро бо корҳои бузург ҳидоят мекунад. Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб буда, дар инкишофи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст. Масалан, китоби «Детская оториноларингология» (Душанбе, Маориф, 1977, 398 с.), якҷоя бо Л.И. Калштейн – собиқ мудири кафедраи оториноларингологияи ДДТТ – офаридаи Ю.Б. Исҳоқӣ барои табибон ва донишҷӯёни мактабҳои олии тиббии собиқ ИДМ ҳамчун дастури рӯимизӣ солҳо инҷониб хизмат карда истодааст. Китоби «Руководство по оториноларингологии» (М.: Медицина, 1994 ва нашри дуюми он соли 1997), ки Ю.Б. Исхоқӣ бо ҳаммуалифии профессорони номдори СССР Солдатов И.Б., Дайняк Л.Б., Митин Ю.Б. ва дигарон навишта буд, барои духтурони соҳа аҳамияти энсиклопедӣ дорад.
Исхоқӣ дар байни табибон бо одамияти баланди худ, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли Ю.Б. Исҳокӣ дар байни ҷомеа обрӯ ва мавқеъ дошта бошад. Тадқиқоти илмии Исҳоқӣ ниҳоят фарох буда, ба масоили гуногуни соҳаи тиб бахшида шудааст: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу ҳалқу бинӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра. Дар омӯзишу пажӯҳиши Ю.Б. Исҳоқӣ хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкӯҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР кишвар, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Юсуф Исҳоқӣ ҷарроҳиҳои мураккабтаринро низ худаш мегузаронид.
Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович дар ҳақиқат як зиёии воқеӣ буд. Зиёие, ки барои ӯ манфиати миллат, давлат ва илм болотар аз тамоми манфиатҳо буд. Ӯ барои пешрафти илму давлаташ меҳнат мекарду ҳамеша дар фикри анҷоми рисолати аслии олим буданро дошт. Хулоса Юсуф Башрхонович Исҳоқӣ як олими воқеӣ буд, ки ифтихории миллии халқи тоҷик мебошад. Ин шахсият на фақат олими машҳури кишвар, балки ҳамчун донишманди намоёни ҷаҳонии риштаи оториноларингология шинохта гардидааст. Асарҳои Ю.Б. Исҳоқӣ дар тибби Тоҷикистон, дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва ҷаҳон аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад.
Имрӯз агар умр вафо мекард, Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович ба сини мубораки 90 қадам мегузошт. Аммо сад афсӯс, ки рӯзи 6-уми майи соли 1996 Юсуф Исҳоқӣ ҳамроҳи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов аз ҷониби қотилони ҷоҳили ташкилоти террористии наҳазти исломӣ ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро сахт андӯҳгин намуд. Аз марги ин табибони ҳозиқ солҳои зиёд гузашту ҳанӯз миллати тоҷик онҳоро ба хуби ёд мекунанд.
Исҳоқӣ Юсуф Баширхоновичро имрӯз ҳама бо номи нек ва бо дили пур аз меҳр ёд мекунанд. Ӯ рафту ному ёдаш дар дилҳо ҷовидон монд.
Маҳмудназаров М.И., мудири кафедраи оториноларингологияи
ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни
Сино, н.и.т., дотсент.