Аз ҷониби кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 231 иншооти зери назорати онҳо барои ҷой доштани камбудиҳояшон то бартараф кардани онҳо манъ карда шуд.

Сардори маркази мазкур Бояков Нурулло ба “Фараж” хабар дод, ки ин шумора дар соли 2023-ум 259 ададро ташкил медод.

– Дар ин давра нисбати 3914 нафар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи наздики 973 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 44 тоннаву 727 килограм/литр маҳсулоти пастифат, муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи 357 ҳазору 948 сомонӣ аз муомилот гирифта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь