Барои давлат миллати солим даркор аст ва барои миллати солим табибони баландихтисос заруранд.

***

Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи Донишкада

Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” (МТҒ ДТИТ) бо ризояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27.06.2020, таҳти №25/2-4 таъсис дода шудааст. Донишкада ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дастгирӣ намуда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад. Донишкада бо маблағгузории Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 3 сол сохта, ба истифода дода шудааст. Самти стратегии донишкада баланд бардоштани сатҳу сифати мутахассисони дорои донишҳои амиқи фундаменталӣ ва малакаҳои амалӣ дар соҳаи тиббӣ-назариявӣ ва клиникӣ мебошад. МТҒ “Донишкада тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аввалин муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти олии тиббӣ мебошад, ки дорои бинои муосири таълимӣ бо Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ ва озмоишгоҳҳо мебошад.

Бо мақсади шиносоӣ бо шароити таҳсили донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” хабарнигори МТЖТ бо ректори Донишкадаи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Ибодзода Зарина Ҳабибулло ҳамсуҳбат шуд.

Номбурда дар оғози суҳбат шаҳрвандони кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як рукни соҳибистиқлоливу ватандории Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад ва ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил мегардад, бо самимият муборакбод гуфта, барои кишвар осмони софу беғубор, суботу амнияти сартосарӣ ва ба мардуми шарафманди мамлакат хушрӯзгорию саломатии бардавом таманно намуд.

Зарина Ибодзода иброз дошт, ки МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” фаъолияташро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва тандурустӣ ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли равон дар раванди таълим, тарбия ва илм корҳои назаррасро амалӣ намудааст.

Ихтисосҳои Донишкада

-Дар Донишкадаи мо айни ҳол аз рӯи 5 ихтисос -“Психологияи тиббӣ”, “Кори табобатӣ”, “Кори иҷтимоӣ” (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ), “Стоматологӣ” ва “Фармасевтӣ” мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ омода карда мешаванд, ки айни ҳол 3333 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд. Дар Донишкада аз рӯи ду ихтисоси нав, ки дар ин самт мутахассисон дар соҳаи тиб намерасанд, яъне Кори иҷтимоӣ (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ) ва Психологияи тиббӣ мутахассис омода карда мешавад. Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар назди Донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урология, стоматология ва терапевтӣ фаъолият намуда истодааст. Дар ин давра дар назди Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкада Осорхонаи анатомӣ ва Маркази малакаҳои амалӣ таъсис дода шуд, ки донишҷӯёни мо малакаҳои аз машғулиятҳои назариявию амалӣ азбаркардашонро амалан иҷро менамоянд ва ин раванд барои фаъолияти ояндаи касбиашон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, Донишкадаи мо бо 47 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе барои баргузории дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст,- иброз дошт Ректори Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон Ибодзода Зарина Ҳабибулло.

Кафедраҳои Донишкада

Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори Донишкада 29  кафедра фаъолият менамояд, ки 5 кафедраи он дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ таъсис дода шудааст. Аз теъдоди умуми кафедраҳои Донишкада 20-тояш тахассусӣ мебошад. Дар умум дар Донишкада 122 профессору омӯзгор фаъолият дошта, 45 (36,9%) кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта, ки 12 (4 нафар профессор, 1 узви вобастаи АМИТ) доктори илм ва 33 нафар номзади илм мебошанд. Омӯзгорони ҷавони Донишкада 40 нафар буда,  4 (10%) тан дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Дар Донишкада 63 зан фаъолият мекунад, ки 19 нафарашон роҳбар буда, 15 тан дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд.

Патентҳо барои навоварию ихтироот

–Дар 9 моҳи соли 2024 кормандони Донишкада дорои 5 патенти навоварӣ, аз ҷумла Нахуспатенти №TJ 1479 барои ихтирооти маводи “Салвифрон” барои табобати бемориҳои гурда, барои ихтирооти маводи Крем-балзам дорои таъсири зидди илтиҳобӣ дошта, инчунин, Нахустпатенти № TJ 1496 “Тарзи баҳогузории ҳавфи мавҷудияти пешдиабет (ПД) ва диабети қанди навъи 2 (ДҚ 2) дар занони синну соли фертилӣ дар аҳолии тоҷик”, Нахустпатенти № TJ 1518 “Тарзи муайян кардани хатари мавҷудияти диабети қанд навъи 2 (ДҚ) дар занҳои синну соли репродуктивӣ” ва “Крем-балзам дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ зидидисӯхтанӣ ва зиддимикробӣ” №TJ 1504 гардиданд. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони кафедраи фармасевтии Донишкада 7 намуди иловаҳои фаъоли биологӣ коркард карда шуда, қисмати токлиникии онҳо таҳлил карда шудаанд ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан дигар паҳлуҳои маводҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд,-бо ифтихор иброз дошт ректори донишкада Ибодзода З. Ҳ.

Озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки омӯзгори Донишкада Холов С. Б. дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз номинатсияи ихтироъкорӣ дар байни муассисаҳои таълимии зинаи миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал ва дар озмуни мазкур дар давраи шаҳрӣ сазовори ҷойи дуюм ва дар сатҳи ҷумҳуриявии озмуни мазкур соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо Диплом ва маблағи пулӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

-Ҳамзамон, дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ устоди Донишкада Ҷамшедов Ҷ. Н. сазовори ҷойи аввал гардид. Донишҷӯён бошанд аз рӯи номинатсияи “Химия” сазовори ду ҷойи сеюм, “Физика” як ҷойи сеюм ва “Биология” як ҷойи сеюм гардиданд.  Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ” донишҷӯёни Донишкада соҳиби як ҷойи якум ва ду ҷойи дуюм гардиданд. Дар даври шаҳрии ин озмун ҷой дуюмро ишғол намуда, бо диплом ва маблағи пули сарфароз гардонида шуданд,-гуфт Ректори Донишкада.

Олимпиадаи “Авитсена 2024”

Дар олимпиадаи “Авитсена 2024”, ки дар он донишҷӯён аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ (4 муассисаи ҷумҳурӣ ва 23 муассисаи хориҷӣ) ширкат намуданд, донишҷӯёни Донишкада аз фанни гистология сазовори ҷойи якум ва дуюм, аз фанни физиологияи нормалӣ сазовори ҷойи дуюм, аз фанни анатомияи одам сазовори ҷойи дуюм ва аз фанни ҷарроҳии умумӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Варзиш

Дар самти варзиш донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар “Дави миллӣ” ва мусобиқаи дучархаронӣ, ки дар он омӯзгорон ва донишҷуён фаъолона иштирок доштанд, донишҷӯдухтари Донишкада ҷои 3-юмро сазовор гардид. Ба ғолиб аз тарафи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷоиза супорида шуд. Рӯзи 14-16-уми марти  соли 2024 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба варзиши сабук байни ҷавонони синну солҳои 2005-2006 ташкил намуд. Дар Чемпионати мазкур Оқилҷонова Зарина барои    ишғол намудани ҷойи якум дар масофаи 400 метр соҳиби диплом ва медал, барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар масофаи 1500 метр ва барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар масофаи 800 метр сазовори диплом ва медали чемпионат гардид. Инчунин, донишҷӯ Нигораи Хизиралӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни ҷавонон бахшида ба ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” дар масофаи 4+400 бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуд. Дар ин Чемпионат 3 донишҷӯдухтари Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоӣ Тоҷикистон иштирок намуда, ғолиб гардидаанд.

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои хориҷӣ

Маълумот дода шуд, ки рӯзи 3 феврали соли 2024 омӯзгорони Донишкада номзади илмҳои биологӣ Ҷамшедов Ҷ. Н. ва Холов С. Б. дар давлати Кувайт, дар бузургтарин намоишгоҳи махсуси ихтироот ва навоварӣ дар Шарқи Наздик, иштирок намуда, намудҳои гиёҳҳои шифобахши дар Тоҷикистон рӯяндаро ба намоиш гузоштанд ва миёни 67 давлати дунё сазовори ҷой сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Дар Донишкада дар ин давра 1 маротиба конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки коршиносони бурунмарзӣ баргузор гардида, дар он 57 маърӯзаҳо аз ҷониби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мавриди муҳокима қарор дода шудааст, ки ин ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

-Айни ҳол дар Раёсати илм 35 нафар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Аз ҷумла дар самти доктори фалсафа (PhD) 9 нафар, доктор аз рӯйи ихтисос-3 ва 23 аспирант ва унвонҷӯ. Дар кафедраи ҷарроҳии умумӣ, кафедраи сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ, омори тиббӣ бо курси таърихи тиб, кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологии Донишкада 10 унвонҷӯй корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Корҳои илмии ду омӯзгори мо аз пешдифоъ гузашта, то охири соли равон бояд рисолаи илмӣ ҳимоя намоянд,-қайд намуд Ибодзода З.

Мақолаҳо дар маҷаллаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ

Тибқи иттилоъ, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи профессорон ва омӯзгорони МТҒ ДТИТ дар маҷаллаи Scopus (“Скопус”) ду мақола ва дар маҷаллаҳои қайди КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 мақола нашр гардида, 2 мақолаи илмӣ дар КОА-и Ҷумҳуриҳои Полша ва Украина ва 168 мақолаву фишурда дар конференсияҳои дохилӣ ва мизҳои мудаввари донишкадавӣ нашр карда шудаанд. Ҳамчунин, аз тарафи профессорон ва омӯзгорони Донишкада 8 дастури таълимӣ-методӣ ва 80 маҷмуаи таълимӣ-методии фанҳои таълимӣ омода ва нашр карда шуданд.

Ширкат дар конференсия ва олимпиадаҳои байналмилалӣ

– Омӯзгорон ва донишҷуёни Донишкада дар намоишҳо, конференсияҳо ва олимпиадаҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад, пайваста иштирок менамоянд. Аз ҷумла, доктори илми тиб, профессор Ибодов Ҳ. дар Донишгоҳи давлатии тиббии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конфренсияи “Рӯзи нав дар тиб”, дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар якумин Форуми байналмилалии “Рӯзҳои ҷарроҳии кӯдакон дар Озарбойҷон”, дар 4-умин Конгресси байналмилалӣ “Ҷарроҳии кӯдакон” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар Донишгоҳи тиббии Син Цзи Яни Ҷумҳурии Чин дар форуми байналмилали “Ҷарроҳон ва урологҳо” ҳамчун модератор ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуд. Аз 24-уми январ то 2 феврали соли равон мудири кафедраи Микробиология, вирусология ва иммунологияи Донишкада, профессор Сатторов С. С. ҷиҳати иштирок дар конференсияи байналмилалӣ ба давлати ИМА, Донишгоҳи Ратгерси Штати Ню-Ҷерсӣ сафари хизматӣ намуда, ҳамзамон, 10 рӯз ба донишҷӯёни ин донишгоҳ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз фанни микробиология ва вирусология гузаронид. Инчунин, профессор Сатторов С. С. дар Симпозиуми 5-уми байналмилалии вирусологҳои Канада (ш.Саскатун) ширкат ва ҳамраисӣ намуда, бо маърӯзаи илмӣ баромад кард. Мудири кафедраи физиологияи Донишкада доктори илми тиб, профессор Шукуров Ф. А. низ дар доираи ҳамкориҳои тарафайн дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Бухоро ба номи А.Синои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маърӯзаи илмӣ дар Конференсияи донишгоҳи мазкур баромад карда, ҳамчунин, барои донишҷуён дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронид. Барои ҳамкории пурсамари Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо Донишгоҳи тиббии шаҳри Бухоро ва хизматҳои профессор Шукуров Ф. А. ба ӯ унвони профессори фахрии ин Донишгоҳи бонуфуз дода шуд. Устод Шукуров Ф. А. унвони профессори фахрии Донишгоҳи тиббии шаҳри Қарагандаи Ҷумҳурии Қазоқистонро низ сазовор гардид. Дар ин давра профессор Шукуров Ф. А. аз Маркази патент ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 Патент дастрас намуд. Ҳамзамон, донишҷӯёни Донишкада дар Конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён ва олимони ҷавон, ки дар Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (рӯзи 16-17 майи соли равон) дар мавзӯи “Бадастоварии тиббӣ, ниҳодӣ-амалӣ ва фарматсевтӣ” доир гардид, ширкат варзида, сазовори як ҷойи якум ва ду дуюм гардиданд. Рӯзи 5 июни соли 2024 олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни “Микробиология ва вирусология” (тариқи онлайн) баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯи Донишкадаи мо сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо диплом сарфароз гардонида шуд, – бо ифтихор аз дастовардҳои Донишкадаву донишҷӯёнашон дар соли равон ёдовар шуд ректори ДТИТ Ибодзода Зарина Ҳабибулло.

ДТИТ дар феҳристи донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ

Соли 2023 Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ба феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ (World Directory of Medical Schools -info@wdoms.org ) шомил гардидааст, ки дар раванди фаъолият аз таҷрибаи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ дар самти таҳияи нақша ва барномаҳои таҳсилот, таҳияи маҷмӯи таълимӣ-методӣ, модулҳои таълимӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба фаъолияти Донишкада имконияти истифода бурданро дорад. Ин албатта ба омода намудани мутахассисони минбаъда дар соҳаи тиб мусоидат хоҳад кард.

Аккредитатсияи байналмилалӣ

Рӯзҳои 13-14 марти соли 2024 Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз тарафи Агентии новобастаи аккредитатсия ва рейтингии Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи барномаи таҳсилоти ихтисоси 1-790101-«Кори табобатӣ» гузашта, барои се сол (2024-2027) Шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмилалиро таҳти №84 аз 31.05.2024 ба даст овардааст.

Ҳамкориҳои хориҷӣ

МТҒ ДТИТ бо 16 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дар самти корҳои илмӣ, тободули таҷрибаи ҳайати профессорон ва омӯзгорону донишҷӯён ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Теъдоди донишҷӯён

Теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ Тоҷикистон сол то сол зиёд гардида, аз 218 донишҷӯи дар оғози соли таҳсил қабулгардида, дар се соли баъдӣ  шумораи донишҷӯён ба 2638 нафар баробар  гардидааст. Аз теъдоди умумии донишҷуён 644 (24,4%) духтар ва 1994 (75,6%) писар мебошанд.

Донишҷӯёни хориҷӣ

Шумораи донишҷуёни хориҷӣ дар Донишкада 71 нафар буда, 42 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 8 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, 15 нафар аз Ҷумҳурии Нигерия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Малайзия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Бангладеш мебошанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 24 нафар зиёд мебошанд.

– Дар раванди таълим технологияҳои компютерӣ васеъ истифода бурда мешавад. Истифодаи технологияҳои мултимедиявӣ, сатҳи баланди лексияҳои аёнӣ, инчунин, эҷоди барномаҳои аёнӣ барои назорат аз болои дониш ва худомӯзии донишҷӯён ба азхудкунии раванди таълим мусоидат мекунанд. Дар Донишкада барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии донишҷӯён ва рушди мутаносиби табиби оянда тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад гурӯҳҳои эҷодӣ, сексияҳои варзишӣ, дастаҳои донишҷӯён таъсис дода шудаанд, ки ҳама намудҳои зуҳури истеъдодро инъикос мекунанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сатҳу сифати таълимро дар Донишкада боз ҳам хубтару беҳтар хоҳем кард, то дар ин даргоҳ мутахассисони соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ омода гардида, дар оянда ба миллати тоҷик хизмати содиқона намоянд ва номбардору парчамбардори Тоҷикистони азиз дар тиби ҷаҳон гарданд,- гуфт дар хотимаи суҳбат ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ибодзода Зарина Ҳабибулло.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь