Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва дастгирии соҳибкори хайрхоҳ Неъмонзода Меҳрафрӯз, беш аз 80 нафар шахсони имконияташон маҳдуд бо дастархони идона ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо қадр гардиданд.

Чорабинӣ дар фазои самимии идона баргузор шуда, ҳадафи асосии он бахшидани рӯҳияи идона ва эҳсоси ғамхорӣ ба шахсони ниёзманд буд. Дар ҷараёни чорабинӣ, иштирокдорон на танҳо тӯҳфаҳои солинавӣ, балки таваҷҷуҳи самимӣ ва эҳтироми хосаро эҳсос карданд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, таъкид намуд, ки дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат аст. Ӯ қайд кард, ки ин иқдоми нек идомаи ғояҳои инсондӯстона ва меҳру шафқати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша мардумро ба муттаҳидӣ ва ҳамраъйӣ даъват мекунанд.

Раиси шаҳр инчунин ба соҳибкори инфиродӣ Неъмонзода Меҳрафрӯз барои ин иқдоми инсонпарваронааш изҳори миннатдорӣ намуда, саҳмашро дар рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои инсондӯстӣ баланд арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь