Тамоми ифтихори муаллим аз шогирдонаш нашъунамои тухми мекоридааш аст. (Д.И.Менделеев)

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин муассисаи таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, бо қарори Комиссариати маорифи халқи РСС Тоҷикистон моҳи октябри соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун курси педагогӣ таъсис дода шудааст. Аз 28 ноябри соли 1934 курси педагогӣ ба техникуми педагогӣ муттаҳид карда шуд. Тибқи Фармони вазири маорифи Тоҷикистон, Кумитаи ноҳиявии КП (б) –и шаҳри Кӯлоб аз 05.07.1935, №14 техникуми педагогӣ ба комбинати педагогӣ табдил дода шуд. Соли 1938 комбинати педагогӣ номи омӯзишгоҳи омӯзгориро гирифт. Мувофиқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.06.1959, №342 фаъолияти муассиса боздошта шуда, соли 1960 омӯзишгоҳи педагогӣ аз нав барқарор гардид. То соли 1962 омӯзишгоҳи мазкур дар сохтори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, аз ҳамин сол муассисаи таълимии номбурда мустақил эълон шудааст.

Фаъолияти таълимӣ

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии пурнуфуз дар ҷумҳурӣ буда, дар тарбияи донишҷӯёни самти педагогӣ нақши калон дорад. Дар муассиса барои таълиму тарбияи донишҷӯён ҳама шароити лозима муҳайё гардонида шудаанд. Роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастурамали худ қарор дода, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки раванди таълиму тарбия, сатҳи сифати таълим баланд гардида, омӯзгорону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.

Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳолати моҳи ноябри соли 2024 шумораи умумии ҳайати кадрии муассиса 132 нафарро ташкил мекунад. Аз ин шумора 80 нафар (60,6%) занон буда, 117 нафар (88,63%) аз шумораи умумӣ кормандони асосӣ мебошанд. Аз ин шумора 73 нафарро занҳо, 44 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 89 нафар омӯзгорон (67,42%) 77 нафарашон омӯзгорони асосӣ буда, аз он 49 нафар занон ва 28 нафар мардон ҳастанд. Аз ҷумлаи омӯзгорони асосӣ 2 (2,6%) нафар номзади илм, 21 нафар муаллими калон (27,27%), 36 нафар ассистент (46,75%) ва 18 нафар коромӯзон (23,37%) мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 12 нафарашон дуҷоякор (13,48%), мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо 6 нафар занон ва 6 нафар мардон ҳастанд. Аз ин шумора 2 нафар доктори илм, 7 нафар номзади илм, 3 нафар ассистент мебошанд.

Дар коллеҷ дар чаҳор моҳи соли таҳсили 2024-2025 як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дар коллеҷ бахшида ба Рӯзи дониш, истиқболи ҷашни пуршукуҳи 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 сентябр рӯзи Рӯдакӣ ва 30 сентябр Рӯзи Мавлоно Балхӣ чорабиниҳои мухталифро ташкил ва баргузор карданд. Роҳбарияти коллеҷ дар арафаи иду ҷашнҳо аз иқдомҳои хайрхоҳона кор мегиранд. 7-уми сентябр дар доираи иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонии ашхоси хизматнишондода ва собиқадор, роҳбарияти Коллеҷи омӯзгорӣ ба аёдати омӯзгорони собиқадоре, ки солҳои тулонӣ дар муассиса ба таълиму тарбия машғул буданд, рафтанд. Одиназода Латофат Амиршо, директори муассиса ба хонаҳои омӯзгорон Арус Абдураҳмонова, Ҷумъа Хушвахтов ва Набиева Майрамбӣ рафта, эшонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. Директори коллеҷ зимни вохурӣ бо омӯзгорони собиқадор иброз намуданд, ки меҳнати онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва давлату ҳукумат заҳматҳои онҳоро қадрдонӣ мекунад. Роҳбарияти коллеҷ дар пайравӣ ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорони собиқадор эҳтироми хосса доранд. Бегоҳи 7-уми сентябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб чорабини фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлол баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштироки фаъолона доштанд. Қабл аз оғози чорабинӣ як қатор кормандони касбу кори гунон бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Миёни онҳо омӯзгорони коллеҷ Шарифов Беҳрӯз декани Факултети филология ва таърих ва Сафаров Маҳмадисо декани Факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология барои саҳми арзанда ва дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Заминаҳои моддию техникӣ, шароити манзилию маишии донишҷӯён, китобхона

Таълимгоҳ аз лиҳози моддӣ-техникӣ ба қадри зарурӣ таъмин аст. Илова ба ин, ба ҳар кафедра 3-4 синфхона вобаста шудааст, ки онро вобаста ба моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯи он кафедра мутахассис тайёр мекунад, ҷиҳозонида аз ҷиҳати илмӣ-методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо оро додаанд.

Синфхонаҳои компютерие, ки дар назди ду факултет ташкил шудааст, дорои 33- адад компютер буда, самаранокии дарсҳои амалӣ нисбатан афзалтар аст. Биноҳои таълимии муассиса дорои 40- синфхонаи таълимӣ ва 6 – устохонаи таълимӣ истеҳсолӣ мебошад, ки аз ин шумора 26-адади он ба видеотасвирҳо муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Дар умум, дар коллеҷ 135 – адад компютерҳо ва 3 – адад ноутбук, 11- адад принтери оддӣ, 15-адад принтери 3*1 ва 4-проектор ва 4-тахтаи электронӣ омодаи хидмат мебошанд.

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои як бинои чорошёнаи хобгоҳ мебошад. Дар бинои хобгоҳи коллеҷ донишҷӯён истиқомат намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳуҷраҳои истиқоматии хобгоҳи коллеҷ дорои шароити хуби зисту зиндагонии донишҷӯён қарор дорад ва донишҷӯён бо кат ва лавозимотҳои ҷойи хоб таъмин мебошанд. Ҳолати нигоҳдории санитарӣ – гигиенӣ ба талаботҳо ҷавобгӯй мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти хонандагон дар хобгоҳ ошхонаи алоҳида барои хӯрокпазии донишҷӯён бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ омода карда шудааст. Мураббиёни хобгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар гузаронидани санаҳои муҳим бевосита фаъолона иштирок менамоянд. Аз тарафи донишҷӯён дар бинои хобгоҳ чорабиниҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.

Фонди умумии китобҳои китобхонаи Коллеҷи омӯзгорӣ дар соли хониши 2024 21123 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 2336 адад китобҳои умумитаълимӣ, 3070 адад китобҳои бадеӣ, аз ин 2000 адад бо забони русӣ ва 1058 адад бо забони тоҷикӣ. Инчунин, 8512 адад китобҳои методӣ, 3152 китбҳои сиёсӣ, 2192 адад дастурҳои таълимӣ, 380 адад модулҳо ва 1481 адад китобҳои тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳо мебошанд. Дар назди китобхонаи электронӣ толори хониш бо 40 ҷои нишаст мавҷуд аст. Мувофиқи нақшаи кормандони китобхона ва ҷонишини директори муассиса оид ба тарбия чорабиниҳо оиди идҳои миллӣ ва дигар идҳои касбӣ ташкилу баргузор карда мешаванд.

Корҳои тарбиявӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар моҳи октябр дар коллеҷи омӯзорӣ як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, Рӯзи омӯзгор, 5-октябр рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои бошукуҳ гузаронида шуданд. Дар ин чорабиниҳо омӯзгорони арзанда, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм доранд, аз ҷониби роҳбари муассиса бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи фармоиши раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2024, №276 “Дар бораи эълон намудани соли таҳсили 2024-2025 «Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”” бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аксия-намоиши асарҳои Пешвои миллат баргузор гардид.

Дар ин аксия тамоми асару китобҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таърихи гузаштаву навини Тоҷикистон ва халқи тоҷик навиштаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Дар Коллеҷи омӯзгорӣ барои мутолиаи китобҳо шароити зарурӣ фароҳаманд. Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фарогирии китобҳои зиёди бадеию публитсистӣ ва илмию бадеӣ ҳамарӯза дар хизмати хонандагон қарор дорад. Аз ҷумла, асарҳои алоҳидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутолиа дастраси ҳамагон аст.

Иштирок дар озмунҳои дохилӣ ва ҷумҳуриявӣ

– Ҷамъбасти даври якуми озмунҳои фаннӣ чунин натиҷа дод: Донишҷӯёне ки ба даври дуюм роҳ ёфта буданд. Саидакбарзода Шукрона донишҷӯи гурӯҳи 201-забон ва адабиёти тоҷик омӯзгораш Аслиямои Р., Назарова Ҷамила, донишҷӯи гурӯҳи 100 таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни физика омӯзгораш Абдулҳадова У., Ҳамрохонова Рамзия донишҷӯи гурӯҳи 100 аз фанни биология омӯзгораш Қаландарова М., Басонати Маҳмадӣ донишҷӯи гуруҳи 201 аз фанни таърих омӯзгораш Ёрмадов Ф., Рафизода Ҷамила донишҷӯи гурӯҳи 101 ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни математика омӯзгораш Абубакров Н., Носирзода Парвина донишҷӯи гурӯҳи 100 ихтисоси биология аз фанни информатика омӯзгораш Шарипов Р., Холматова Нигора, Нураҳмадзода Шаҳзода аз фанни химия омӯзгорашон Назарова Р., Сидова Зебо аз фанни забони русӣ омӯзгораш Умарова М., Нурзода Мавзуна аз фанни забони англисӣ омӯзгораш Сабзали Р. . Донишҷӯёни фаъоли мо моҳи ноябр дар олимпиадаи фаннии миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд. Махсус қайд бояд кард, ки ҷиҳати назорати сифати таълим ва дарсҳои омӯзгорон, риояи либосҳои миллӣ ва тавсиявӣ, фаъолнокӣ дар дарсҳо аз ҷониби директори муассиса ҳар моҳ назорати умумӣ гузаронида мешавад. Директори муассиса дар рафти дарсҳо ба синфхонаҳо даромада, аз раванди дарсҳо огоҳ мегарданд. Инчунин, ҷиҳати сайқали дониш, баланд намудани завқи донишҷӯён, дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва ҳамзамон барои омода кардани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳо дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб як қатор озмуну маҳфилҳо амал мекунанд. Барои мисол, ҳар моҳ миёни донишҷӯёни факултаҳо озмуни интеллектуалии «Ҳамадон» баргузор карда мешавад. Дар арафаи иду ҷашнҳо озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Иншои беҳтарин», «Хаттоти беҳтарин», «Забондони беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибон муайян ва бо диплому туҳфаҳои роҳбарияти коллеҷ ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, бо дастгирии маъмурияти коллеҷ дар якҷоягӣ бо нашрияи «Маърифат»-и муассиса озмуни беҳтаринҳо, аз рӯи номинатсияи «омӯзгори беҳтарин; факултети беҳтарин; кафедраи беҳтарин; корманди беҳтарин (аз ҳисоби кормандони техникӣ ва хоҷагӣ); донишҷӯи беҳтарин; ҳуҷраи беҳтарин (аз ҳисоби духтарони хобгоҳ); мақолаи беҳтарин; китобхони беҳтарин” эълон шуда, дар арафаи соли нав ғолибон қадрдонӣ мегарданд. – мегӯяд, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои педагогӣ дотсент, Одиназода Латофат Амиршо.

Чорабиниҳои идона ва корҳои ободониву созандагӣ

Таърихи 31-уми октябри соли 2024, дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати тарғибу ташвиқи либоси миллӣ мутобиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид. Дар фестивал муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Кӯлоб- Назарзода Бахтиёр ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи маълумот зимни баргузории фестивал бо иштироки зиёда аз 7000 нафар занон ва бонувони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то назди қалъаи шаҳр роҳпаймоии идона сурат гирифт, ки дар он занону бонувон устодону омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони коллеҷ бо рӯҳияи идона фаъолона иштирок карда, дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ саҳмгузорӣ намуданд.

Дар қисмати тантанавии фестивал, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан ва иштироки намунаи омӯзгорону донишҷӯён дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ директори Коллеҷи омӯзгорӣ Одиназода Латофат Амиршо бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сарфароз гардонида шуд.

Моҳи ноябр, ки моҳи ҷашнҳои бузург аст, роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои сатҳи вилоятию шаҳрӣ иштироки фаъолона доштанд. Барои мисол, дар муассиса чорабиниҳо бахшида ба 6-ноябр рӯзи қабулу Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16-ноябр Иҷлосияи тақдирсози миллат ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос гузаронида шуданд.

Зикр бояд кард, ки аҳли кормандони муассиса дар ободию покиза сохтани гирду атрофи муассиса ва покизакории гирду атрофи шаҳри Кӯлоб саҳми муҳим доранд. Ҳар ҳафта дар муассиса шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Инчунин дар асоси дастури раиси шаҳри Кӯлоб кормандон дар Сойи Тебалай барои тозагии дохили он сафарбар мешаванд. Ба вижа, рӯзҳои шанбе ва якшанбе баҳри кумак ба марди деҳқон ва ҷамъоварии тиллои сафед омӯзгорону кормандони хоҷагӣ дар заминҳои деҳқонии вобасташуда дар ҷамоати Зиракии ноҳияи Кӯлоб ба ҳашари пахтачинӣ мераванд.

Коллеҷ ба фасли тирамоҳ зимистон омода аст. Муассиса бо барқ пайваст буда, печҳои гармидиҳӣ харидорӣ карда шудаанд. Ҳамаи тирезаҳои синфхонаҳои таълимӣ ва ҳамчунин синфхонаҳои хобгоҳи муассиса шишабандӣ шудаанд. Маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ минбаъд низ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳама чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар омодасозии мутахассисони миёнаи касбии омӯзгории ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй кӯшиш менамоянд.

Билоли ШАМС

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь