Монографияи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло бо номи “Пешвои миллат ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” чоп шуд. Он аз лиҳозу мазмуну муҳтаво бениҳоят фарогир ва хеле муҳиму саривақтӣ буда, муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, то пажӯҳиши мазкур дар сатҳи хубу сифати баланд ба анҷом расад.
Дунёи муосир марҳилаеро айни замон пушти сар менамояд, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳу таъхирнопазир барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, бамаротиб боло меравад.
Агар аз ин дидгоҳ ба тасмими ҷомеа нисбат ба эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки он аз эҳтироми мардуми мо ба ин шахсияти бузург бо назардошти хизматҳои арзишманд дар таъмини ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, эҷоди фазои сулҳу амният, муаррифии чеҳраи тамаддунофари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди гуногунҷанбаи мамлакатамон ва ғайра сарчашма мегирад.
Агар мақсади таъсиси ниҳоди Пешвои миллат расмияти ҳуқуқӣ бахшидан ба воқеият бошад, пас воқеияти 33 соли охири мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва ба таври хулоса – Пешвои воқеии миллат кайҳо эътироф шудаанд ва иқдоми мазкур ҳамин ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи сафҳаи қонун дарҷ намудааст.
Шоҳид будем, ки солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд. Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар ва гуреза шудани зиёда аз як миллион сокини кишвар гардид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.
Ба андешаи Далер Абдулло, барои ба маънои том Пешвои миллат эътироф гардидан сифатҳои дигари шахсӣ низ афзалият доранд, ки онҳоро ҳеҷ санад қодир нест, ки танзим намояд. Яке аз онҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ баръало буд. Суханони «Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам»-ро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот карданд, ки қавлу амали ин Абармард як аст.
Мақсади таҳқиқоти мазкур муайян ва асоснок намудани заминаҳои сиёсии ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Асосҳои назариявии таҳқиқотро осори илмӣ ва таҳқиқоти олимони барҷастаи гузашта ва имрӯза, сиёсатмадорони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ташкил медиҳанд, ки заминаи устувори таҳқиқи масъалаи истиқлоли давлатӣ ва нақши шахсият дар таҳкиму ҳифзи онҳоро гузоштаанд. Ҳамчунин, дар раванди таҳқиқи мавзуъ асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, доираи васеи сарчашмаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва маводи омории мақомоти гуногуни давлатӣ истифода шудаанд.
Ҳангоми пажӯҳиш бештар аз методҳои илмҳои сиёсӣ, махсусан таҳлилӣ, таърихӣ, тарҳрезии сиёсӣ, системанокӣ, муқоисавӣ ва ояндабинӣ, истифода гардид.
Тавассути истифодаи методи таҳлилӣ раванди ташаккул ва таҳкими истиқлоли давлатӣ, инчунин, ташаккули ниҳоди сарварӣ, аз ҷумла ниҳоди Пешвои миллат, ҳаматарафа баррасӣ гардида, хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд.
Методи таърихӣ дар таҳқиқот имкон додааст, то масири соҳиб шудан ба соҳибистиқлолӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифта, хусусиятҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар раванди давлатсозии навин асоснок карда шавад.
Дар асоси истифодаи методи системанокӣ раванди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва ташаккули ниҳоди сарварии сиёсии муосир дар Тоҷикистон зина ба зина мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт.
Ба шарофати методи муқоисавӣ заминаҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат асоснок карда шуда, таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифт.
Методи ояндабинӣ дар муайян намудани дурнамои рушди ниҳоди сарварӣ ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатию ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ мусоидат намудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои дар таҳқиқоти мазкур гузошташуда зарурати истифодаи муносибати байнифанниро муайян намуданд, ки бо кумаки он таҳқиқи нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатии тоҷикон дар маҷмӯъ бо истифодаи усулҳое имконпазир гардид, ки дар сиёсатшиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, хусусан ҳуқуқи конститутсионӣ ва давлатӣ, ба кор бурда мешаванд.
Навгониҳои илмии таҳқиқотро метавон ба таври зайл ифода намуд:
– мазмун, моҳият ва хусусиятҳои илмию назариявии масъалаи истиқлоли давлатӣ таҳлилу муайян гардида, мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он асоснок карда шуданд;
– заминаҳои таърихию сиёсӣ ва консептуалии нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд;
– моҳияти заминаҳои таърихию сиёсӣ ва василаҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва асоснок карда шуданд;
– саҳми Иҷлосияи тақдирсозе, ки дар Қасри Арбоб доир гардид, дар ташаккули ниҳоди нави сарварӣ муайян карда шуда, мақом ва нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани низои шаҳрвандӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон асоснок шуд;
– раванди ташаккул ва нақши ниҳоди Президентӣ дар пойдор гардидани истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол муайян гардид;
– хусусияти ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави сиёсию ҳуқуқӣ омӯхта шуда, омилҳои тақвияти эътимоди ҷомеа ба он ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таҳлил ва асоснок карда шуданд.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки муайян намудани нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таҳлили ҷанбаҳои сиёсии масъала дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ, аз байн рафтани низоми давлатдориҳои гуногун аҳамияти рӯзафзун касб намудааст.
Дар маҷмуъ, монографияи мазкур шаҳодати касбият, гувоҳи садоқат ва баёнгари ҷасорат буда, бо назардошти моҳият ба тамоми қишрҳои ҷомеа пешниҳод мегардад.