Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Амиров Шарофиддин Рустамович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Пояи моддӣ – техникӣ
Мавсуф изҳор дошт, ки дар асоси қарори иҷлосияи 14-уми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 28-уми марти соли 2018 №691 ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» бинои озодшудаи Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон иборат аз 4 ошёна масоҳаташ 3148, 97 метри мураббаъ ва масоҳати заминҳои атрофи бино 6941,0 метри мураббаъ гузаронида шуд. Ҳамчунин розигии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ аз 17-уми сентябри соли 2018, №1-6/150 ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 58-ф оиди бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон, кӯчаи ба номи Кароматулло Қурбонов-182/а аз моликияти коммуналии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ба тавозуни муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳамаи кафедраҳои амалкунанда, аз он ҷумла кафедраҳои «Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Табиӣ-риёзӣ», «Марфологӣ», «Фанҳои биологӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Момодоягӣ» ва «Кори ҳамширагӣ» ба бинои нави муассисаи таълимӣ, ки дар суроғаи ноҳияи Ёвон, кӯчаи Кароматулло Қурбонов 182/а ҷойгир шудааст, кӯчонида шуданд. Бинои навтаъсиси муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, дар чор ошёнаи муассисаи таълимӣ бо тартиб маъмурият ва кафедраҳои таълимӣ ҷой дода шуданд.
Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ» ва «Кори табобатӣ» мавҷуд мебошанд. Айни замон дар коллеҷ 10 кафедра фаъолият дорад. Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, илм ва инноватсия, факултетҳо, кабинети илмӣ-методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва аз муҳосибот иборат аст.
Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои заминавӣ, яъне синфхонаҳои шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ-и ноҳия, Стоматология гузаронида мешавад.
Дар коллеҷ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ таъмин карда шуда, фаршҳои замонавӣ ва бо линолиум пӯшида шудаанд. То имрӯз 43 адад компютерҳо дар синфхонаҳои «Компютерӣ» мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. Умуман, 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 132 адад компютер, 50 адад принтер, 42 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидорӣ карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2010, таҳти №АП-1366 “Дар бораи насб кардани бино ва иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти техникии назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ)” дар коллеҷ шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 11 адад расонида шуд.
Заминаи кадрии коллеҷ
Номбурда зикр кард, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 227 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 119 нафар омӯзгорони асосӣ: 54 мард, 65 зан. 65 нафар омӯзгорони соатбайъ: 42 мард, 23 зан. Дараҷанокии омӯзгорон чунин мебошанд: 6 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 2 нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд.
Теъдоди омӯзгорони асосӣ аз рӯйи маълумот чунин мебошад: бо маълумоти олии тиббӣ 32 нафар, бо маълумоти олии ғайритиббӣ 58 нафар, бо маълумоти миёнаи касбӣ 22 нафар, бо маълумоти олии нопурра 7 нафар.
Дар моҳи январи соли 2023 аз курсҳои такмили ихтисос 20 нафар омӯзгорон дар заминаи курсҳои бозомӯзии такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Маълумот дар бораи донишҷӯёни коллеҷ
– Имрӯзҳо дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон шакли таълим рӯзона буда, шумораи муҳассилини коллеҷ 1282 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 252 нафарашон писарон ва 1030 нафарашон духтарон мебошанд, 162 нафар тариқи буҷавӣ ва 1120 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Айни ҳол дар Коллеҷ 98 нафар стипендияи дохилимуассисавӣ мегиранд.
Акбарзода Сабрина Алӣ 201 “Кори табобатӣ” (буҷавӣ), Муҳайёи Исохон 102 “Кори ҳамширагӣ” (синфи 9) гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, – изҳор дошт номбурда.
Таълими амалӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ)-и донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари беморон, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд. Барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо ҳамаи марказҳои саломатии ноҳияи Ёвон, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳо шартномаи дуҷониба ба муддати аз 2 то 5 сол баста шудаанд.
Таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ноҳияи Ёвон ва ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.
Таълими амалӣ (таҷрибаомӯзӣ) аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони собиқаи коридошта, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбидошта амалӣ гардонида мешаванд.
Шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ соли 2023 дар муассисаҳои тандурустӣ то 20 ададро ташкил медиҳад.
Дар бинои асосӣ ва бинои таълимии коллеҷ шумораи кабинетҳои таълимӣ 75 ададро ташкил медиҳанд, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Нақшаи кории кабинетҳо тартиб дода шудааст ва аз тарафи муовини директор оид ба таълими амалӣ тасдиқ карда шудаанд.
Шуъбаи таълими амалӣ нақша дорад боз ҳамкориро бо муассисаҳои тандурустӣ ва дигар корхонаҳо, ки дорои лабораторияҳои ҷиҳозонидашуда мебошанд, боз идома дода шумораи кабинетҳо ва заминаҳои таҷрибаомӯзиро зиёд гардонад.
Нигора САИДБЕКОВА