Деҳаи Хушдилон 35 км дуртар аз маркази ноҳияи Данғара, дар қисмати ҷанубу ғарбии доманакуҳи Чолтов ҷойгир шудааст. Ҳоло дар деҳа 150 хоҷагӣ бо теъдоди зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ зиндагӣ карда истодааст. Дар давраи дар солҳои 1980 сокинони деҳа ҳини заминканӣ зарфҳои сафолӣ ва дигар асбобу олоти қадимаро пайдо мекарданд. Соли 1983 бостоншиноси ҷавон Азизов Музаффар ба деҳа омада, бозёфтҳоро дид ва қадим будани онҳоро таъйид кард. Соли 2006 дар деҳа мактаби нав сохтанд. Ҳини сохтмон осори бостонӣ аз қабили дегҳои сангӣ, зерсутунҳои сангӣ, зарфҳои сафолӣ – хум, кӯза хурмачаҳо, тангаҳои мисӣ ва ғайра ёфт шуданд. Ман ки худ таърихшинос ҳастам ва аҳмияти илмӣ ва фарҳангӣ доштани ин бозёфтҳоро ба хуби дарк мекунам, ҳамаи онҳоро ҷамъ карда, нигоҳ доштам. Ҳамон вақт ба сари ман фикре омад, ки дар асоси ин ва дигар бозёфтҳо дар мактаб гӯшаи бостоншиносиро ташкил кунам. Барои амалӣ кардани ин андеша ман ва дигар муаллимони мактаб дар байни сокинони деҳа корҳои таблиғотӣ бурда, аҳамияти таърихӣ доштани чизҳои қадимаи ёфтшударо фаҳмондем ва хоҳиш кардем ки агар чизи қадима ёфта бошанд, барои ташкил кардани гӯшаи бостоншиносӣ ба маъмурияти мактаб супоранд. Хушбахтона, бисёр сокинони деҳа моро дастгирӣ карданд ва чизҳои қадимаи ёфтаашонро оварда, ба маъмурияти мактаб супориданд.
Баъди ба итмом расидани сохтмони мактаби нав маъмурият як синфхонаро барои гӯшаи бостоншиносӣ ҷудо карданд. Ман бо ёрдами муаллимони дигар ҳамаи чизҳои қадимаи ҷамъ кардаамонро дар ин синфхона ботартиб ҷо баҷо кардем. Соли 2008 бостошиносон бо сардории Т.Г.Филимонова ба деҳа омада, ҳафриётҳои хурди озмоишӣ гузаронданд ва бо бозёфтҳои қадима ошно шуданд. Бостоншиносон ба мо барои муайян кардани сол ва мансубияти таърихии чизҳои қадимаи аз деҳа ёфт шуда, ёрӣ расонданд. Дар асоси ташхиси онҳо мо асбобу олоти қадимаро аз рӯи сол дар осорхонаи мактаб ҷобаҷо кардем.
Дар осорхонаи мактаб табарҳои охири асри санг, боргирҳои сангии асри биринҷ, косачаҳои маросимии мунаққаш, кӯзачаҳо ва зерсутунҳои давраи юнону-бохтарӣ ва кушонӣ, хумҳо ва пайконҳои оҳании асримиёнагӣ, сиккаҳои миссии темурӣ ва осори дигар ба тамошо гузошта шудаанд. Дар зимн бояд ёдовар шавам, ки дар дасти сокинони деҳа уғурҳои калони сангии поядор ва зерсутунҳои хурду калони сангӣ ва баъзе чизҳои дигар низ ҳаст. Аммо осорхонаи мактаб хеле хурд аст ва мо имкон надорем ҳамаи ин чизҳоро дар он гунҷонем.
Ашёҳои дар осорхонаи мактаб ба намоиш гузошта шуда, дар бораи таърихи хеле қадим доштани ин деҳа гувоҳӣ медиҳанд. Маълум мегардад, ки одамон ҳанӯз дар охири асри санг дар инҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳаёт минбаъд дар давраи қадим ва асрҳои миёна низ дар инҷо ҷараён доштааст.
Осорхонаи мактаб ба ғайр аз ҷанбаи илмӣ аҳамияти калони маърифатӣ –омӯзишӣ низ дорад. Муаллимони фанни таърих дар инҷо дарсҳои амалӣ гузаронда, ба талабаҳо дар бораи чизҳои қадимаи ба намоиш гузошта шуда, сохт, таъинот, мансубият ва аҳамияти таърихии онҳо, корбурд ва соли онҳо нақл мекунанд. Талабаҳо ончиро, ки дар китобҳои таърихӣ мехонанд дар инҷо дар амал мебинанд ва якҷаҳон таассурот мегиранд.
Ҷолиби диққат аст, ки бозёфтҳои деҳаи Хушдилон, махсусан уғуракҳои калони поядори сангӣ, косачаҳои мунаққаш ва зерсутунҳои хурди сангии маросимӣ олимонро ба хулосае овард, ки дар ин мавзеъ дар давраи юнону бохтарӣ маъбади оташ ё маъбади юнонӣ вуҷуд доштааст.
Бо дарназардошти аҳамияти калони таърихии ин мавзеъ ва бозёфтҳои он с. 2011 бостоншиноси олмонӣ Л.Гунвор ҳамроҳи бостоншиносони тоҷик дар даруни деҳа дар чанд мавзеъ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронда, асбобу олоти қадимаро пайдо карданд. Аммо мутаассифона, ба онҳо ёфтани маъбади эҳтимолӣ муяссар нашуд. Бостоншиносон навмед нашуданд ва ният доранд, ки ҷустуҷӯи маъбади қадимаи деҳаи Хушдилонро идома диҳанд. Кашфи он агар даст диҳад падидаи муҳиме дар илми таърих ва бостоншиносии тоҷик хоҳад буд.
Хушвахтов МАҲМАШАРИФ,
директори мактаби №52 деҳаи Хушдилони н. Данғара