Саҳми Русия дар рушди илму маорифи Тоҷикистон таърихи васеъ дошта, аз аввалин экспедитсияҳои олимони рус оид ба омӯзиши таърих, фарҳанг, топография ва сарватҳои табиӣ сарчашма мегирад. Ин анъанаҳо имрӯз низ тавассути ҳамкории судманд дар доираи лоиҳаҳои муштараки илмию таълимӣ идома доранд.
Ба фарқ аз кишварҳои ғарбӣ, ки ба истихроҷи захираҳои табиии мо тамаркуз доранд, Русия ба рушди саноати коркард ва татбиқи технологияҳои пешрафта сармоягузорӣ мекунад. Ин кӯшишҳо на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба беҳбуди инфрасохтори иҷтимоии Тоҷикистон низ мусоидат менамояд.
Аввалин олимон
Таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон дар байни муҳаққиқони рус ҳанӯз дар ибтидои асри Х1Х ба вуҷуд омадааст. Аввалин экспедитсияҳо аз ҷониби олимони рус ташкилкардашуда барои амиқтар омӯхтани табиат, таърих, этнография ва анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик нуқтаи мабдаъ гардиданд. Дар ин раванд муҳаққиқони ҳарбӣ, аз ҷумла капитан А. Кузнетсов, полковник В. Зайтсев ва подполковник А. Снесарев нақши муҳим бозиданд. Онҳо ҳангоми адои хизмат дар Помир на танҳо вазифаҳои ҳарбиро иҷро мекарданд, балки экспедитсияҳои илмӣ баргузор намуда, табиат ва зиндагии аҳолии маҳаллиро меомӯхтанд. Асарҳои онҳо то ҳол дар байни аҳли илм арзиши баланд доранд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар омӯзиши Тоҷикистон экспедитсияи Бухоро бо роҳбарии В. Леман ва М. Богословский буд. Ин экспедитсия аввалин миссияи бузурги илмӣ дар сарзамини тоҷикон гардид, ки пас аз худ асарҳои муҳимро дар бораи урфу одат, рӯзгор ва фарҳанги халқҳои Аморати Бухоро боқӣ гузоштааст. Муваффақияти асосии экспедитсия кашфи якчанд конҳои канданиҳои фоиданок гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 400 кон, аз ҷумла захираҳои металлҳои қиматбаҳо, ангишт, руҳ, сурб ва қалъагӣ мавҷуд аст. Кӯҳҳо 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро ишғол карда, аз оҳан, магний, молибден ва волфрам бой мебошанд, захираҳои уран бошад, то 16 фоизи захираҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд.
Ин тадқиқотҳо на танҳо барои ғанӣ гардонидани илм, балки барои таъсиси муассисаҳои илмӣ, ки баъдтар ба ҳайати Академияи илмҳои Тоҷикистон ворид шуданд, замина гузоштанд. Дар қатори дигар олимоне, ки дар рушди илми тоҷик саҳм гузоштанд, академик В. Бартолдро қайд кардан ҷоиз аст. Асарҳои ӯ барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик асос гузоштаанд. Бартолд марҳилаҳои асосии таърихи тоҷиконро аз замони қадим то охири асрҳои миёна барқарор кард. Этнограф М.С. Андреев соли 1947 осорхонаи этнографиро таъсис дода, дар он коллексияи нодири экспонатҳои (нигораҳои) ба халқи тоҷик марбутро ҷамъ овард. Асарҳо ва коллексияҳои ӯ то ҳол манбаи муҳимми дониш оид ба этнографияи минтақа маҳсуб меёбанд.
Дар Тоҷикистон филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологӣ “МИСИС” фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳо таҳсил аз рӯи стандартҳои Русия ба роҳ монда шуда, сатҳи баланди омодакунии донишҷӯён таъмин карда мешавад. 70 фоизи ҳайати омӯзгоронро олимон аз Маскав ва 30 фоизашро мутахассисони пешқадами тоҷик ташкил медиҳанд.
Олимони рус дар рушди забону фарҳанги Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштаанд. Забоншинос А. Старчевский аввалин луғати забони тоҷикиро нашр кард, Л.В. Успенская алифбои кирилиро тартиб дод, ки он ба баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ мусоидат намуд. Мусиқишинос С. Рибаков оҳанг ва сурудҳои халқии тоҷикиро, аз ҷумла порчаҳо аз «Шашмақом», оҳангҳои рақсӣ ва навоҳои дарвешонро сабт кардааст.
Давраи фаъолияти олимони русро дар асрҳои Х1Х-ХХ як марҳилаи муҳим дар омӯзиши Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст. Асарҳои онҳо на танҳо ба тавсеаи дарки илмии минтақа, балки ба табодули фарҳангии Русия ва Тоҷикистон низ мусоидат карданд. Ба шарофати ин тадқиқотҳо барои рушди минбаъдаи илму фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон замина гузошта шуд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.
Кашфиётҳои муосир
Ҳамкориҳои илмии Русия ва Тоҷикистон дар таҳкими равобити ду кишвар аҳамияти калон дорад. Он доираи васеи самтҳоро фаро мегирад – шуруъ аз илмҳои табиӣ то забоншиносӣ ва табодули фарҳангӣ. Лоиҳаҳои муштарак ба таҳкими истиқлолияти технологии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маорифу илм ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
Дар байни кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон барои таҳсили таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои Русия ҳамасола теъдоди зиёдтарини квотаҳо аз ҳисоби буҷаи Русия ҷудо карда мешавад. Дар соли 2023 теъдоди квотаҳо 902 адад ва теъдоди довталабон 6 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар соли таҳсили 2024 – 2025 теъдоди квотаҳо 1000 ададро ташкил дод. Дар маҷмуъ ҳудуди 330 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ки ин ба таҳкими равобити таълимӣ байни кишварҳо мусоидат мекунад.
Ҳамкориҳои илмии Русия ва Тоҷикистон аз имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва технология дар соли 1995 оғоз ёфт. Ин созишнома барои таҳияи даҳҳо лоиҳаҳо, ки ба рушди робитаҳои илмию таълимӣ равона карда шудаанд, асос гардид. Соли 2019 байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва Академияи илмҳои Русия созишномаи нав ба имзо расид, ки ба таҳкими ҳамкориҳо мусоидат кард. Айни ҳол байни муассисаҳои илмии ду кишвар беш аз 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ амал карда, ҳамкориҳоро танзим менамоянд.
Академик А.А. Семёнов муҳаққиқи этнография ва фарҳанги халқи тоҷик буда, зиёда аз 300 асари илмӣ навиштааст. Семёнов аввалин директори Институти таърих, археология ва этнографияи ҶШС Тоҷикистон буд, ки анъана, эътиқод ва расму оинҳои тоҷиконро омӯхта буд.
Олимони рус ва тоҷик рангорангии биологӣ ва табиии Тоҷикистонро меомӯзанд. Ҳоло дар соҳаҳои геология, ботаника, зоология ва иқлимшиносӣ лоиҳаҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Масалан, тадқиқотҳои муштарак дар Помир барои омӯзиши намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва коркарди тадбирҳо барои нигоҳдории онҳо ёрӣ мерасонанд. Илова бар ин, мониторинги фосилавии кӯлҳо ва пиряхҳо гузаронида мешавад, ки барои баҳодиҳӣ ба таъсири тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ муҳим аст.
Олимони русу тоҷик дар самти омӯзиши захираҳои гидрологӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Лоиҳаҳои муштарак вобаста ба тадқиқи фосилавии Замин, таҳлили тағйирёбии иқлим ва рушди технологияҳои мониторинги муҳити зист амалӣ карда мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ омӯзиши таърих, этнография ва мероси фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Русия тавассути марказҳои таълимию методӣ ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, лоиҳаҳои муштараки лингвистикӣ ба рушди забони тоҷикӣ низ мусоидат карда истодаанд.
Донишгоҳҳо ва ташкилотҳои илмии Русия барои донишҷӯён ва олимони ҷавони Тоҷикистон имкони гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос, инчунин, анҷом додани тадқиқотҳоро фароҳам меорад. Кумаки грантӣ низ имкон медиҳад, ки тадқиқотҳои умедбахш дар соҳаҳои тиб, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ғайра гузаронида шаванд.
Ҳамзамон фаъолияти филиалҳои донишгоҳҳои пешсафи Русия дар Душанбе, аз қабили Донишгоҳи давлатии Маскав, “МИСИС” ва Донишкадаи энергетикии Маскав аҳамияти хоса дорад. Дар ин филиалҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия бо иштироки омӯзгорони рус ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ омода карда мешаванд. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон яке аз марказҳои таълимии асосӣ мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯёнро муттаҳид ва беш аз 25 барномаи таълимиро пешкаш менамояд. Донишгоҳ дар омода кардани мутахассисон дар самти иқтисодиёт ва илм нақши муҳим мебозад.
Олга Ладигина, доктори илмҳои филология, директори Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия: «Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба идомаи лоиҳаи мавҷуда дар соли 2025 умеди калон дорад. Ин таҳияи корпуси забони миллии тоҷикӣ мебошад, ки на танҳо бо баъзе тадқиқотҳои лингвистикӣ алоқаманд аст, балки як нишондиҳандаи эҳтиром ба забони тоҷикӣ мебошад. Яъне лоиҳа аҳамияти иҷтимоӣ дорад”.
Чанде қабл дар назди Донишгоҳи славянӣ як Институти илмӣ-тадқиқотӣ ба фаъолият оғоз кард. Директори он Олга Ладигина дар бораи барномаҳои маркази мазкур чунин мегӯяд: «Имсол мо лоиҳаи «Сафар ба илм»-ро амалӣ кардем, ман дар ин бора дар мусоҳибаам гуфта будам. Агар сухан на танҳо дар бораи соҳаи гуманитарӣ, балки дар бораи илмҳои табиӣ равад, пас бояд гуфт, ки дар озмоишгоҳи таҳлили спектралии мо доир ба захираҳои обии Тоҷикистон кормандон тадқиқотҳо мегузаронанд. Роҳбарии озмоишгоҳро Нуруллоева Аниса ба уҳда дорад. Дар озмоишгоҳ, инчунин, дараҷаи ифлосшавӣ ва таркиби оби дарёҳои Душанбе ва Кофарниҳонро таҳқиқ мекунанд ва дар оянда таҳқиқи Сирдарё низ дар нақша аст. Натиҷаҳои таҳқиқот дар нимаи моҳи декабр пешкаш карда мешавад.
Инчунин, дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи федералии Урал дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таълимӣ таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд. Ин лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия имкон медиҳад, ки механизмҳои оптималии мутобиқшавии муҳоҷирони корӣ ба ҷомеаи Русия муайян карда шавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур мехостам арзишҳоеро таҳлил кунам, ки муҳоҷирон ба онҳо риоя мекунанд – ин пеш аз ҳама ҷавонон дар муҳити гуногунмиллат.
Иштирок дар лоиҳаи байналмилалии кишварҳои СҲШ, ки аз ҷониби Хонаи муаллимони округи федералии Урал аз Екатеринбург ташкил карда шудааст, хеле ҷолиб аст. «Шамоли шарқӣ» – ин як олимпиадаи минтақавӣ барои толибилмони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни соли аввал мебошад. Олимпиада аз панҷ бахш иборат аст: иқтисодиёт, география, таърих, фарҳанг ва санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Кормандон ва омӯзгорони донишгоҳи мо дар ин мавзуъҳо матну саволномаҳо омода кардаанд. Ҳамаи кишварҳои узви СҲШ барои аз наздик бо ҳамдигар шинос шудани хонандагону донишҷӯён санҷиш мегузаронанд. Мо тасмим гирифтем, ки дониши донишҷӯёни соли аввалро санҷем, аз ин рӯ, ҳафтаи оянда имтиҳонҳои аввал баргузор мегарданд.
Ҳамаи лоиҳаҳои мо дар доираи самтҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд, ки дар стратегияи рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 зикр гардидаанд. Ҳамкории мо бо Федератсияи Русия бар асоси омӯзиши мавзуъҳои дар ин стратегия зикршуда ба роҳ монда шудааст.
Мо умедворем, ки дар соли 2025 ин лоиҳаҳоро идома медиҳем ва дар якҷоягӣ бо пиряхшиносони рус барномаҳои навро оид ба омӯзиши масъалаҳои обшавии пиряхҳо оғоз мекунем. Донишгоҳи мо як майдони муҳим барои ҳамкории Русия ва Тоҷикистон мебошад. Ба назари ман, Донишгоҳ рисолати худро бомуваффақият амалӣ мегардонад ва дари он ҳамеша барои ҳамкориҳои созанда боз аст. Ҳамаи ин на танҳо барои илм, балки таҳкими дӯстии байни халқҳо низ аҳамияти калон дорад».
Дар доираи ин лоиҳаҳо мутахассисони касбии дорои қобилияти истифодаи технология ва амалияҳои муосир омода карда мешаванд. Ин ба баланд бардоштани сатҳи тадқиқотҳои илмӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани навовариҳо мусоидат мекунад. Ҳамкориҳои илмию таълимии Русия ва Тоҷикистон ба рушди ҳарду кишвар таъсири назаррас мерасонанд. Ин на танҳо робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро таҳким мебахшад, балки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории гуногунии биологӣ мусоидат мекунад.
Матлубаи Қ.