Дарозии лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон (TAPI-ТАПҲ) 1 ҳазору 840 километр хоҳад буд. Ин тарҳ интиқоли гази туркманро ба бозорҳои Покистон ва Ҳинд тавассути Афғонистон дар назар дорад. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи расмии Толибон итттилоъ дод, хабар медиҳад ArianaNews.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, таҷҳизоти зарурии фаннӣ барои иҷрои ин тарҳ ба манотиқи марзии миёни Афғонистон ва Туркманистон интиқол дода шуда ва корҳои амалӣ оғоз шудааст.

«Дар қитъаҳои гуногуни лоиҳа шумораи зиёди мутахассисон кор мекунанд. Марҳилаи аввали он дар давоми ду соли оянда ба анҷом мерасад”, – гуфт Муҷоҳид.

Ба гуфтаи коршиносон, ТАПҲ дар рушди иқтисоди минтақа нақши муҳим хоҳад дошт. Аз чумла, баъди ба охир расидани сохтмон 12 ҳазор кас соҳиби кор мешавад; даромади солонаи Афгонистон 1 миллиард доллар зиёд мешавад.

Дарозии лӯлаи газ 1840 км буда, аз конҳои гази Галкиниш дар Туркманистон тавассути Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон мегузарад. Арзиши тахминии лоиҳа 10 миллиард доллар аст. Дар ҳудудии Туркманистон сохтмони қитъаи 214 километр ба анҷом расидааст. Марҳилаи баъдӣ кашидани лӯла тавассути Афғонистон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь