Соҳиб Табаров аз устодони донишгоҳии банда мебошанд. Зимнан, устод истифодаи мафҳумҳои “бандаи ганда”, “бандаи ҳақир” ва “каминаи камтарин”-ро дӯст медоштанд. Даврони донишҷӯйи мо, охири солҳои 50 ва ибтидои 60-уми асри ХХ, дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Университети давлвтии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин чанд устоди номдор кор мекарданд, монанди проф. Шарифҷон Ҳусейнзода, проф. Додоҷон Тоҷиев, проф.Воҳид Асрорӣ ва дотсент Соҳиб Табаров. Дарсҳои онҳо аз муаллимони дигар фарқ мекард. Онҳо ҳар як мутахассисони варзида ва устодони соҳибтаҷрибаи соҳаи худ буданд. Ва мо ба шунидани дарсҳои онҳо алоқамандии хоссе доштем. Ман ёд надорам, ки боре ба дарсҳои онҳо дер монда ва ё наомада бошам.

Устод Соҳиб Табаров аз фанни “Адабиёти муосири тоҷик” дарс мегуфтанд. Дарсҳои устод бо ду чиз дар хотирам мондааст: 1. Бо доштани ба истилоҳ “факту рақамҳо” ва далелу бурҳонҳои зиёд оид ба мавзӯи дарс. Худи устод тасдиқ намудаанд, ки: “Бо даделу ҳуҷҷат исботи мақсадро вазифаи асосии лектор мешуморам” (Нақди умр.-С.94); 2. Анбориши тӯлонии номи адибони тоҷику шӯравию хориҷӣ ва номгӯйи асарҳои онҳо барои муқоиса ва ё тасдиқи равандҳои адабии муштарак. Ин ду вижагӣ, баъдтар дидем, ки дар мақолаву рисолаҳои илмию таълимиашон низ ҷой дорад. Мисоли равшони он монографияи маъруфи ӯ “Пайрави Сулаймонӣ” (1962), “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” (2008), “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)” (2008), “Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат” (2008, 2009) ва ғ. мебошанд.

Устод Соҳиб Табаров ба донишҷӯёни кушо, ҷӯё ва босавод муносибати хубе доштанд ва дар зарурат аз онҳо пуштибонӣ мекарданд. Муҳаққиқи ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи номии тоҷик Ҷумъа Одина Карим Мӯсо навиштааст, ки “муаллиме…бори нахуст вориди синф мешавад… ба ҷойи тадрис донишҷӯёнро аз як сар хезонда “Писарам, шумо аз куҷоед?”…пурсон мешаваду ҳар касеро, ки аз минтақаи ӯ нест, бо шиддат “шин” ва муҳассили ҳамшаҳриашоро “писарам” гӯён навозиш мекунад.

Чун навбат ба Ҷумъа Одина мерасад:

– Ман аз Тоҷикистон!Муаллим шумо ба мо сабақ ёд медиҳед ва ё маҳалбозӣ?

Пас аз шунидани чунин посух муаллим сахт дар ғазаб мешаваду портфели ғафсашро гирифта синфхонаро тарк мекунад.

Пагоҳи дигар фармони хориҷ кардани Ҷумъа Одина аз Донишгоҳ содир мешавад. Чанд муддат мегузарад ва рӯзе тасодуфан дар саҳни Донишгоҳ Ҷумъа Одина бо Соҳиб Табаров вомехӯрад.

Баробари вохӯрдан,- мегӯяд Ҷумъа Одина, – Соҳиб Табаров:

– Дар куҷо мегардӣ, ки чанд вақт боз ман туро мекобам,-гуфту аз дастам гирифта, рост назди раиси ҳамонвақтаи Донишгоҳ бурд ва айнан чунин гуфт:

– Ташаккури зиёд домулло! Бисёр кори савоб кардед. Якта-нимта ҳамин хел босаводонро пеш кунед, сабақ ба ману шумо баринҳо осон мешавад.

Маълум мешавад, ки раиси Донишгоҳ ба ин кинояи Соҳиб Табаров сарфаҳм меравад ва пагоҳи дигар фармонашро бекор мекунад” (Карим Мӯсо. Ҷабри таърих.-Д.,2013.-С.106-107).

Соҳиб Табаров аз мунаққидон ва адабиётшиносони фаъол ва пуркори тоҷик буданд. Тақризу мақолаҳои танқидии он кас дар бораи адабиёти муосири тоҷик ва асарҳои шоирону нависандагони он, бидуни муҳобот, тақрибан ҳар ҳафтаву ҳар моҳ дар рӯзномаву маҷаллаҳои вақт ба чоп мерасиданд. Дар байни мунаққидони вақти тоҷик кам касе ёфт мешуд, ки ба мисли Соҳиб Табаров ҳаёти адабӣ ва фаъолияти адибони ҳамзамонашро пайгирӣ ва мулоҳизаҳои танқидиашро дар гармогармии раванди адабии ҷорӣ баён намояд. Аз назари ӯ осори ҳеч нависандаву шоир ва драмнависи тоҷик, чи собиқадору чи навқалам, дур намемонд. Шодравон проф. Раҳими Мусулмониён, ки аз шогирдон ва ҳамкорони устод Соҳиб Табаров буд, тасдиқ намудааст, ки “аз адибони советии тоҷик касе нест, ки танқиди Соҳиб Табаровро нашунида бошад” (Р.Мусулмониён. Соҳиб Шуҳратиевич Табаров (Очерки мухтасари ҳаёт ва фаъолият) //Нақди умр.-Душанбе,2014.-С.17).

Он вақт ба худ меандешидам, ки чӣ тавр ӯ фурсат пайдо мекунад, ки ба анҷоми ин ҳама корҳо расидагӣ намояд. Солҳо баъд дар ҷойе хондам, ки устод Табаров гуфтаанд, ки дар як шабонарӯз танҳо чаҳор соат хоб мекардаанд ().

Миқдори умумии мақолаву рисолаҳои, ба таъбири проф. Раҳими Мусулмониён “мунаққиди фаъол ва адабиётшионоси пуркору сермаҳсули тоҷик” (Нақди умр.-С.16) Соҳиб Табаровромуҳаққиқон, китобшиносон ва феҳристнигорон зиёда аз 850 номгӯй зикр намудаанд (А. Кӯчаров, А.Маҳмадаминов, М.Солеҳов. Таҳаввули назари мунаққид // Нақди умр.-С.126). Бидуни ҳеч шакку шубҳа, “танқидҳои сахтгирона” ва “маслиҳатҳои “сермурчу қаламфур” (Раҳими Мусулмониён)-и Соҳиб Табаров дар бораи асарҳои манзуму мансур, драмма ва таълифоти мунаққидон ва адабиётшиносони муосири тоҷик, аз он ҷумла дар бораи офаридаҳои Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Мӯмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Холиқ Мирзозода, Масъуд Муллоҷонов, Муҳиддин Хоҷаев, Бозор Собир, Ғоиб Сафарзода, Гулрухсор ва дигарон ба раванд ва тамоюлҳои адабӣ таъсири мусбат доштанд ва боиси таҳаввул ва такомули он шудаанд.

Соҳиб Табаров мисли ҳамаи мунаққидон ва адабиётшиносони замони шӯравӣ дар нақд ва таҳқиқ асосан аз равиши дар он даврон маъмул ва ҳоким равиши нақд ва таҳқиқи иҷтимоигарона (сотсиологизм) истифода мекарданд. Яъне ба адабиёти бадеӣ ҳамчун як шакли шуури ҷамъиятӣ аз нигоҳи бозтоби сиёсат ва мафкураи ҳоким дар он, мутобиқати он ба муқаррароти таълимоти маркисистию ленинӣ, методи реализми сотсиалистӣ ва меъёрҳои маъмули он – ҳизбият, синфият ва халқият баҳо медоданд. Дар чунин равиши арзёбии адабиёти бадеӣ, ки дар қатори мусиқӣ, театр, меъморӣ, пайкаратарошӣ ва ҳунари тасвирӣ яке аз навъҳои ҳунарҳои зебост ва падидаву тамоюлҳои он ғолибан ҷанбаи ҳунарии он ё ноқис мемонд ва ё аз он сарфи назар гардида, бештар ба муҳтавои иҷтимоии он аҳаммият дода мешуд. Дар натиҷа ҳамдигарнофаҳмӣ ва сӯъитафоҳумҳое дар байни адибон ва ӯ сармезанад, чунонки ин чиз дар тақризҳои мунаққид “Асари камқиммат” (1946) ба очерки Сотим Улуғзода “Дар размгоҳ” (1945), нашри китоби “Чор дарвеш” дар таҳияи Ҷалол Икромӣ ва сарсухани устод Айнӣ ва маҷмуаи шеърҳои Бозор Собир “Офтобниҳол” (1982), баҳс дар бораи ҷойгоҳи Садри Зиё дар ҳаёти адабӣ ва ҷамъиятии тоҷик (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Садри Бухоро.-Душанбе, 2005) ва ғ. ба назар мерасанд. Вобаста ба қазияи боло зикри як гуфтаи устод Айниро ба маврид медонам. Он кас дар суханрониашон ба ҳамин муносибат таъкид карда буданд, ки: “Танқид бояд рафиқона, пандомез ва боадабона бошад. Танқиди тундмиҷозона на ба хонанда, на ба муаллиф ёрии калон расонида метавонад” (Ниг. Аъламхон Кӯчарзода. Абармарди роҳи омӯзишу пажуҳиш.-Душанбе, 2024).

Устод Соҳиб Табаров дар дафтари хотироташон “Таассуроти ақлу дил” ҷойе гиламандона навиштаанд, ки “гарчанде ин устоди зудбовару фиребхӯрдаи сахтгиртаринам (манзурашон академик Абдурғанӣ Мирзоев аст-А.С.) дар якҷоягӣ бо З.Ш.Раҷабов, С.А.Раҷабов, Осимӣ, Брагинский, Маъсумӣ ва ҳатто Турсунзода ва дӯстони масквагиашон, яке аз даҳҳо олимони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ ба осиёи рақибонам об рехта ва як шуда, бандаро ду маротиба аз гирифтани дараҷи илмии доктори илмҳои филология маҳрум намуданд” (Ниг.: Муртазо Зайниддинов. Пажӯҳишгари нодиру камназири адабиёт // Нақди умр.-С.68). Табиист, ки дар чунин ранг гирифтани ҳимояҳои доктории устод Соҳиб Табаров “танқидҳои тундмиҷозонаи” он кас бе таъсир нест, аммо гумони ғолиб он аст, ки дар ҳар ду рисолаашон, ки барои дарёфти унвони докторӣ пешниҳод шуда буданд, ҳам “Образи В.И.Ленин дар назми советии тоҷик” (1961) ва ҳам “Пайрав Сулаймонӣ” (1962) баррасиҳои иҷтимоиву сиёсӣ нисбат ба таҳлилҳои илмии интиқодӣ ва адабиётшиносӣ бартарӣ доштанд. Солҳои шастум дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва адабии шӯравӣ ва нақди адабӣ ва адабиётшиносии он, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ дигаруниҳои куллӣ ба вуҷуд омада буданд ва ҷойи баррасиҳои сирф иҷтимоигароёнаи адабиётро таҳлилҳои адабию бадеии он гирифта буданд.

Бо ин ҳама, лозим ба такрор ва таъкид медонам, ки бидуни ҳеч шакку шубҳа, “танқидҳои сахтгирона” ва “маслиҳатҳои “сермурчу қаламфур” (Раҳими Мусулмониён)-и Соҳиб Табаров дар бораи асарҳои манзуму мансур, драмма ва таълифоти мунаққидон ва адабиётшиносони муосири тоҷик ба раванд ва тамоюлҳои адабӣ таъсири мусбат доштанд ва боиси таҳаввул ва такомули он шудаанд.

Устод Соҳиб Табаров дар китоби маъруфашон “Пайрав Сулаймонӣ” аз хусуси лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии Пайрав, аз ҷумла фаъолияти шоир дар Сафорати Бухоро дар Кобул сухан ронда, дар фуроварди мулоҳизаҳояшон ба чунин натиҷае расидаанд, ки “барои он ки тарҷумаи ҳол ва ҳаёти бузургони миллат нимтаърихӣ ва нимафсонавӣ нагарданд, бояд ҳам аз бойгониҳо, сарчашмаҳо ва ҳуҷҷату далелҳо ва ҳам рӯзномаву солномаҳо ва шаҷараи ҳақиқӣ ба росту дурусти онҳо истифода бурд” (Нақди умр.-С.28-29). Ҳаёт ва эҷодиёти мунаққид ва адабиётшиноси пуркор ва сермаҳсули тоҷик Соҳиб Табаров низ зарурат ба чунин таҳқиқи амиқи сирф илмӣ дорад.

Соли 2014 буд, тарафҳои бегоҳ устод Соҳиб Табаров ба ман занг заданд ва дар ҳудуди 40 даққиқа суҳбат карданд: дар бораи умри зудгузар, ёди солҳои гузашта ва вазъи имрӯза ва дар поёни суҳбаташон гуфтанд, ки “Абдунабиҷон, ба хона биё, суҳбат кунем ва барои хотира расм гирем”. Рӯзе аз рӯзҳо дар Конференсияи илмию амалӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ба ифтихори 90-солагиашон сухан кардам ва дар ҷамъи дӯстон ва шогирдонашон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Худойназар Асозода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Боймурод Шарифзода ва дигарон ба зиёрат ва табрики устод ба манзилашон рафтем. Устод дар бар либоси расмии озода доштанд ва дар рӯбарӯйи мо дар курсӣ нишастанд ва суҳбат карданд ва ҳамроҳашон барои хотира акс гирифтем. Устод гоҳе ғанаб мекарданд ва боз бедор мешуданду бо мо суҳбатро давом медоданд. Он лаҳзаҳо бо тамоми ҷузъиёташ то имрӯз пеши назарам ҳастанд.

Ёди устод гиромӣ бод ва рӯҳашон шод!

Абдунабӣ Сатторзода, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь