Нерӯҳои зиддиҳукуматӣ, ки ҳафтаи гузашта ба ҳамлаи густурда алайҳи мавқеъҳои артиши Сурия шуруъ карданд, манотиқи муҳими стратегӣ дар шимоли ин кишвар, бахусус бахши қобили мулоҳизаи дуюмин шаҳри бузурги Ҳалабро таҳти назорат гирифтанд.
Муваффақияти ҷангҷӯён Димишқи расмӣ ва муттаҳидонаш Маскаву Теҳронро ба ҳайрат овард. Дар ҳоле ки саволҳои асосӣ ба Туркия ҳамчун яке аз кафили паст кардани шиддат нигаронида шудаанд, Теҳрон ва Анкара даъво доранд, ки ин тавтеаи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аст.
Изҳороти вазорати дифои Сурия аз миқёси ҳамлаи ғайричашмдошти нерӯҳои зиддиҳукуматӣ, ки 27-уми ноябр шуруъ шуд, шаҳодат медиҳад. «Дар чанд рӯзи охир созмонҳои мусаллаҳи террористии марбут ба «Ҷабҳат-ан-Нусра» бо дастгирии ҳазорон террористи хориҷӣ, силоҳҳои вазнин ва шумораи зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин ба як амалиёти террористӣ шуруъ карданд. Ҳамлаи густарда аз чанд самт дар Ҳалаб ва Идлиб шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи мо дар тӯли беш аз 100 километр барои боздоштани пешравии онҳо шадидан меҷанганд», хабар медиҳад департаменти низомӣ.