Раисиҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл шоми 3-юми декабр дар ин кишвар вазъи низомӣ эълон кард, ки ин дар 45 соли охир бесобиқа аст. Аммо баъд аз 6 соат порлумон барои лағви он раъй дод ва раисиҷумҳур маҷбур шуд, ки бо қарори қонунгузор розӣ шавад.
Дар охири рӯзи 3-юми декабр раҳбари Куриёи Ҷанубӣ дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки вазъияти низомӣ барои ҳифзи кишвар аз “таҳдиди нирӯҳои коммунистии Куриёи Шимолӣ” зарур аст. Бинои порлумон фавран аз ҷониби полис ва низомиён иҳота карда шуд, менависад Meduza. Аммо баъд аз чанд соат парлумон онро бекор кард.
Субҳи 4 декабр куллияи дастгоҳи президент истеъфо дод. Худи президент то соати 10-и вақти махаллӣ ҳанӯз ягон изҳороти нав надода буд. Рақибони президент аз Ҳизби демократ, ки орои аксарият дар порлумонро доранд, гуфтаанд, ки агар Юн Сок Ёол худаш истеъфо надиҳад, онҳо раванди импичментро оғоз хоҳанд кард.