Ба Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ,
Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён
Агар масъулони кунунии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суди вилояти Суғд пеши роҳи худсарона забт намудани қитъаи замини тангкӯча аз ҷониби А. Файзиевро нагиранд, эҳтимоли ҳар лаҳза сар задани муноқиша байни ҳамсояҳо мегардад
Муҳтарам роҳбарони воломақоми кишвар!
Агар масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидаву дониста амали худсарона забт намудани қитъаи замин аз ҷониби шаҳрванд Файзиев Абдурасул Саидбоевич, сокини деҳаи Сумчаки ҷамоати ба номи Д. Холматовро пинҳон намекарданд, зарур намешуморидам, ки тавассути матбуот ба унвонии шумо ин муроҷиатномаро интишор намоям.
Шаҳрванд А. Файзиев ба масоҳати 486,0 м2 роҳи қитъаи замини маҳалларо бидуни қарори дахлдори раиси ноҳия худсарона забт карда, дар он хонаҳо сохта, бо се дарвозаи худ қонеъ нашуда, боз кӯшиши кушодани дарвозаи нав аз ҳисоби тангкӯчаи моро дорад. Чунин амалкарди худсаронаи ӯ, тангкӯчаи моро сарбаста гардонида, дар баромад даромад ба ҳавлиамон монеагӣ мекунад.
Ин мушкил аз куҷо ва кай сар зад?
Мо ҳамроҳи аҳли оилаамон дар тангкӯчаи сарбастаи ба номи Ш. Нурматов, ҳавлии №67, воқеъ дар деҳаи Сумчаки ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б.Ғафуров зиндагӣ мекунем. Ягона роҳи даромаду баромад ба ҳавлиамон ҳамин тангкӯча аст.
Дар партави эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бо аҳли оилаамон тасмим гирифтем, ки дар ободонии деҳаамон, ҳадди ақал дар сабзу зебо намудани тангкӯчаи сарбаста саҳмгузор бошем.
Бо ҳамин мақсад моҳи январи соли 2019 ба раиси ҷамоати деҳотамон (он вақт И. Қаландаров) муроҷиат намудем, ки охирон ташаббусамонро дастгирӣ намуда, шинондани дарахтони ҳамешасабз, гулҳои ороишӣ, ниҳоли токро дар тангкӯча тавсия дод, вале азбаски ба салоҳияти ҷамоат барои ободонӣ вобаста намудани тангкӯча мансуб набудааст, тавсия дод, ки ба ҳукумати ноҳия Б.Ғафуров муроҷиат намоем. Ҳамин тавр, моҳи марти ҳамон сол ба раиси ноҳия муроҷиат намуда пурсида будем, ки барои дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани тангкӯча иҷозат дода шуда, он ба аҳли оилаамон вобаста карда шавад.
Масъулони собиқи ҳукумати ноҳия ба ҷойи он ки татбиқи барномаи Ҳукумати кишварро дар мавриди “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дастгирӣ ва муроҷиати моро баррасӣ намуда, ташаббуси сабзу зебогардонии тангкӯчаи моро дастгирӣ кунанд, баръакс, аз ҳамон рӯз сар карда бо баҳонаҳои зиёд моро ба сарсониҳо дучор намудаанд.
Раиси кумитаи идораи онвақтаи замини ноҳия Ҳасан Раҳмонӣ (ҳоло раиси идораи замини ноҳияи Деваштич) ҷавоб дода буд, ки рӯзи 1-уми июни соли 2019 комиссияи ноҳиявӣ муроҷиатамонро баррасӣ намуда будааст. Сипас, моҳи октябри ҳамон сол Ҳ. Раҳмонӣ дар мактуби ҷавобии дигараш навишта буд, ки гӯё моҳи феврали соли 2015 комиссияи ноҳиявӣ аз нав таъсис ёфта будаасту муроҷиатам аз нав баррасӣ мешудааст. Айнан бо ҳамин мазмун собиқ муовини якуми раиси ноҳия Фаррух Орифӣ низ ҷавоб дода буд.
Моҳи феврали соли 2020 тавассути почта раиси кумитаи замини ноҳия Ҳ. Раҳмонӣ ҷавоб дода буд, ки бо қарори комиссияи ноҳиявӣ аз 21-уми ноябри соли 2019, №11 иҷозат ва вобаста кардани тангкӯча барои ободонӣ рад шудааст, вале аз додани нусхаи қарори комиссияи ноҳиявӣ саркашӣ намуданд.
Баъди якчанд муроҷиатҳои такрориам ба ман муяссар шуд, ки моҳи сентябри соли 2020 нусхаи ҳамон қарори комиссияи ноҳиявиро оид ба рад намудани ободонии тангкӯча дастрас намоям.
Азбаски бо қарори комиссияи ноҳиявӣ розӣ набудам, маҷбур ба Суди ноҳия бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудам.
Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 24-уми декабри соли 2020 Қарори комиссияи ноҳиявӣ, бинобар ғайриқонунӣ рад кардани вобаста намудани тангкӯчаи Ш. Нурматов беэътибор дониста шуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуда буд, ки масъалаи иҷозат ва вобаста намудани тангкӯчаро барои ободонӣ ба оилаи Мӯминовҳо аз нав баррасӣ намояд.
Ҳалномаи судиро аз 24-уми декабри соли 2020 асос намуда, ба Ҳукумати ноҳияи якчанд маротиба муроҷиат намудам, аммо бо сабабҳои ба ман номаълум онҳо бебаррасӣ мононида шуданд.
9-уми августи соли 2022 баъди он ки ба раиси вилояти Суғд муроҷиат намудам, муовини раиси вилоят Анвар Яъкубӣ ҷавоб дод, ки дар асоси пешниҳоди раиси Кумитаи идораи замини ноҳия аз 2-юми январи соли 2020 бо Қарори раиси ноҳия аз 27-уми январи соли 2020, №26 ба шаҳрванд Файзиев Абдурасул қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 1782,0 м2 бо ҳуқуқи якумраи меросӣ вобаста шуда будааст ва муроҷиатам барои иҷозат ва вобаста намудани тангкӯча барои ободу зебо намудани он баррасӣ намешудааст.
Бо кӯмаки ҳуқуқшиносон ба ман муяссар шуд, ки моҳи октябри соли 2020 нусхаи Қарори раиси ноҳияро аз 27.01.2020, №26 дастрас намоям ва барои беэътибор донистани он ба Суди ноҳия бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудам.
Сумчак куҷову шаҳраки Ғафуров куҷо:
Чӣ гуна ғайриқонунӣ ба Файзиев замин дода шудааст
Маълум шуд, ки бо банди 2-и Қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 27.01.2020, №26 ба шаҳрванд А. Файзиев қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 1782,0 м2, аз ҷумла зери сохтмон 496,80 м2 ва ба масоҳати 1285,20 м2 зери майдон аз ҳисоби заминҳои аҳолинишини шаҳраки Ғафуров бо ҳуқуқи истифодаи якумрӣ вобаста карда шудааст.
Аммо амалан чунин масоҳати замин ба А. Файзиев аз марзи ҷамоати Д. Холматов, деҳаи Сумчак вобаста карда шудааст, ки аз чанд ҷиҳат хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Қонунгузор дар ҳолати вобаста намудани қитъаи замин талаботҳои зеринро дорад:
1) Дар асоси қарори раиси ноҳия танҳо ҳамон қитъаи заминҳое, ки аз ҳудуди кадом маҳал бояд ҷудо ё вобаста карда шаванду дар қарор номгӯи маҳал дарҷ шудааст, бояд сурат гиранд, яъне аз ҷамоати шаҳраки Ғафуров.
2) Мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавонад:
а) қитъаи заминро ҷудо намояд, агар он маротиби аввал бошад;
б) қитъаи заминро вобаста намояд, агар он қаблан бо Қарори раиси ноҳия ҷудо шуда бошад, дар ҳамон масоҳате, ки дар қарор нишон дода шуда бошад ва ҳангоми ба шаҳрванди дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул (хонаҳо) танҳо он қисмати замине, ки дар он амволи ғайриманқул ҷойгир аст ва барои истифода зарур мебошад (моддаи 583, Кодекси граждании ҶТ, таҳрири 11.12.1999 ва ҳоло моддаи 609 Кодекси мадании ҶТ, ки аз 01.07.2023 мавриди амал қарор дорад).
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар маркази ноҳия ҷойгир буда, то деҳаи Сумчаки ҷамоати Д. Холматов ҳадди ақал 16 – 18 километр масофа мавҷуд аст.
Бо вуҷуди мухолифатҳои қонунӣ, кормандони кумитаи идораи замини ноҳия ғайриқонунӣ дидаю дониста, раиси ноҳияро фиреб дода, ҳуҷҷатҳои вобаста намудани қитъаи заминро ба А. Файзиев хилофи қонунгузорӣ расмӣ гардониданд.
Дар ҳолест, ки бар хилофи қонунгузории мавҷудаи кишвар қабул шудани қарори раиси ноҳияро мутахассиси ҶДММ “Кадастр ва системаи геоиттилоотӣ” Ҳаётов Абдурасул ба суд хулосаи худро ба тариқи хаттӣ дода, дар суд инчунин нишон дода буд, ки Қарори раиси ноҳия хилофи моддаи 27-и Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи заминсозӣ” ва Қоидаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар бораи ба А. Файзиев қаблан ҷудо шудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 1782,0 м2 ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда вуҷуд надорад ва раиси ноҳия барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 1782,0 м2., ба шаҳрванд А.Файзиев умуман ҳуқуқ надошт.
Баъзе судяҳои Суғд адолати иҷтимоиро таъмин кардан намехоҳанд?
Ҳарчанд бо далелҳои ғайриқонунӣ ба А. Файзиев вобаста шудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба суди ноҳия пешниҳод шуда бошанд ҳам, вале судя Зафархон Муҳаммадзода, ки парвандаро баррасӣ мекард, онҳоро мавриди таҳқиқ ва баҳодиҳӣ қарор надода, хулоса намуд, ки ин қарор дар доираи ваколатҳои раиси ноҳия қабул шуда бошад ва аз деҳаи Сумчаки ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба оилаи Файзиевҳо гӯё қонунӣ будааст.
Ҳангоми баррасӣ шудани парванда ба суд дигар далелҳои боэътимод, ба монанди таҳия шудани қарори раиси ноҳия бе хулосаи дахлдори комиссияи ноҳиявӣ дар бораи интихоб ва вобаста намудани қитъаҳои замин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба ҷойи 10 нафар аъзоёни комиссия танҳо 3 нафар – муовини раиси ноҳия Орифӣ Фаррух, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ҳ. Раҳмонӣ ва сармеъмори ноҳия А. Мирбобоев имзо карданд, яъне комиссияе, ки салоҳият надошту ҳодисаи худсарона забт шудани қитъаи замини давлатиро аз ҷониби А.Файзиев пинҳон кардаанд, пешниҳод шуда буданд.
Инчунин дар суд исбот карда шуд, ки Протоколи муайян кардани ҳудуди қитъаи замини наздиҳавлигии А. Файзиевҳо ғайриқонунӣ тасдиқ карда шудааст ва аз ҷониби ҷамоати деҳоти Д. Холматов тасдиқномаю маълумотномаҳои сохтакорона дар бораи он ки ба падари А.Файзиев қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 1300,0 м2 ва 1782,0 м2 қаблан ҷудо шуда бошад, бе қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки зиёда аз 1200,0 м2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба А.Файзиев вобаста шудааст ва ғайра пешниҳод шуда буданд.
Дар суд исбот шуда буд, ки А. Файзиев ба масоҳати 486,0 м2 роҳи қитъаи замини маҳалларо бидуни қарори дахлдори раиси ноҳия худсарона забт карда, дар он хонаҳо сохта, бо се дарвозаи худ қонеъ нашуда, боз кӯшиши кушодани дарвозаи нав аз ҳисоби тангкӯчаи моро дорад.
Ин ва ҳолатҳои монанд ба онро дар суд собиқ мутахассиси заминсози ҷамоати деҳоти ноҳия Ғафуров Ғуфрон низ нишон дода, ҳатто санади вайронкунии қонуни заминро аз 3-юми апрели соли 2010 ва Нақшаи барзиёдатӣ забт ва сохтмони хонаҳои худсаронаро аз ҳисоби заминҳои тангкӯча ба суд пешниҳод намуда буд.
Вобаста ба ҳамаи ин далелҳо мактуби прокурори вилояти Суғд аз моҳи декабри соли 2021 дар бораи сохтмони дарвозаи нав ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсони масъули бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия барои пинҳон кардани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба суд низ пешниҳод шуда буданд.
Мутаассифона, ягон далелҳои пешниҳодшударо суд мавриди омӯзиш, санҷишу таҳқиқ қарор надода, бармаҳал хулоса намуда буд, ки гӯё ҳангоми қабули қарори раиси ноҳия ба матни он хатогии техникӣ ворид шуда будаасту он ба меъёрҳои қонунгузории ҶТ мувофиқ будааст ва даъворо беасос рад намуд.
Нисбати ҳалномаи суди ноҳия ба коллегияи суди вилоят моҳи апрели соли 2023 шикояти кассатсионӣ оварда будам, бо кашолкории зиёд он дар мӯҳлати семоҳае, ки қонунгузор муқаррар намудааст, баррасӣ нашуд.
Рӯзи 26-уми январи соли 2024 бошад аз иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилоят Т. Ҳафиззода хабар ёфтам, ки гӯё 4-уми октябри соли 2023 шикояти кассатсиониам дар суди вилояи Суғд, бе хабардорӣ ва иштироки бевоситаам баррасӣ шуда будааст.
Танҳо рӯзи 2-юми феврали соли 2024 ба ман муяссар шуд, ки нусхаи Қарори марҳилаи кассатсионии Суди вилояти Суғдро аз суди ноҳияи Б. Ғафуров дастрас намоям.
Азбаски шикояти кассатсиониамро Суди вилояти Суғд бе иштироки ман ҳуқуқи баррасӣ кардан надошту қарорро дар бораи рад шудани он қабул намудааст, ваъда доданд, ки ба марҳилаи назоратии суди вилоят шикояти назоратӣ нависам ва хатогиҳои Суди ноҳияи Б.Ғафуров ва марҳилаи кассатсионии суди вилоятро ҳатман санҷида, аз рӯи адолат қарор қабул мекунанд.
Ба ваъдаи онҳо бовар кардам ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии мадании ҶТ рӯзи 22-юми феврали соли 2024 ба марҳилаи назоратии Суди вилояти Суғд шикоят навиштам.
Рӯзи 17-уми апрели соли равон аз суди вилоят нусхаи таъиноти судии муовини раиси Суди вилояти Суғд Ф. Зарифиро аз 29-уми марти соли 2024 дар бораи рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар марҳилаи назоратӣ гирифтам.
Дар тӯли зиёда аз як моҳ муовини раиси Суди вилояти Суғд, Фахриддин Зарифӣ шикояти назоратиамро гӯё омӯхта бошад, ҳамагӣ дар ҳаҷми 3,5 варақи чопӣ таъиноташро ба тавсиб расонида, хулоса намудааст, ки раиси ноҳияи Б. Ғафуров қитъаи замини наздиҳавлигиро ба А. Файзиев ба масоҳати 1782,0 м2 дар доираи қонунгузорӣ дуруст вобаста намуда бошад.
Ҳол он ки ин масъули Суди вилояти Суғд ба одитарин ҳолати баҳси замин сарфаҳм нарафта ва шаҳраки Ғафуровро аз деҳаи Сумчак фарқ гузошта натавонистааст.
Боиси таассуф аст, ки муовини раиси Суди вилояти Суғд, Фахриддин Зарифӣ ваколати худро оид ба санҷиши шикояти назоратиам танҳо аз рӯйбардор намудани матни ҳалномаи суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 28-уми феврали соли 2023 ва қарори коллегияи суди вилоят аз 29-уми марти соли 2024 дар таъиноташ маҳдуд намудаасту халос.
Пас суоле ба миён меояд, ки магар вазифаи судҳои зинаи болоӣ аз санҷиши санадҳои судҳои марҳилаи поёнӣ иборат нестанд?
Ё чаро бо чунин амалу рафторашон баъзе аз судяҳо обрӯю нуфузи низоми судиро, ки яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешаваду бояд адолати судиро татбиқ намоянд, баръакс паст мезананд?
Муҳтарам роҳбарони мақомотҳои олии кишвар!
Мо мехоҳем шаҳрванд Абдурасул Файзиев ба қоидаву қонунҳои ҷории кишвар эҳтиром гузошта, дарвозаи чаҳорумини ҳавлиашро аз дохили тангкӯчаи ҳавлии мо насозад ва ба даромаду баромади хонаи мо монеа эҷод накунад. Бигзор дар канори се дарвозааш дари чорум ва панҷумашро ҳам созад, аммо на аз ҳисоби ягона тангкӯчаи сарбастаи ҳавлии мо, ки чунин амалкарди худсаронаи ӯ ҳамеша ба рӯзгори ободу осоиштаи мо халал ворид мекунад.
Мо мехоҳем дар Суди вилояти Суғд зери роҳбарии шахсан худи Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат, раиси тозатаъйини Суди вилоят як комиссияи салоҳиятнок таъсис шуда ва зимни баррасии муроҷиати мо, ҳолати корро дурусту воқеъбинона таҳқиқ намуда, қарори аз ҳар ҷиҳат боадолатона содир намоянд.
Мо ба волоияти қонун ва адолати судӣ дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бовар дорем ва дар ин ҷода аз шумо имдод мехоҳем.
Бо эҳтиром
Мансур МӮМИНОВ,
сокини деҳаи Сумчаки ҷамоати деҳоти
Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров